Пардохти андоз омили пойдории давлат ва рушди он, таъмини зиндагии осоиштаи ҳар як шаҳрванд дар ҷомеа мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Сиёсати андоз ҳамчун яке аз омили муҳими рушди иҷтимоиву иқтисодӣ буда, бояд барои рушди устувори иқтисодии кишвар бо роҳи фароҳам овардани фазои муносиби соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, ҳавасмандгардонӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ, пеш аз ҳама соҳибкории истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, таҳкими иқтидори саноативу содиротии кишвар, ҷори намудани технологияҳои рақамӣ равона шуда, барои зиёд гардидани манбаъҳои нави андозбандӣ ва даромадҳои буҷети давлатӣ мусоидат намояд.
Роҳбарият ва кормнадони Нозироти андоз дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, МИҲД-и вилоят ва Раёсати андози вилоятро роҳнамои кори худ қарор дода, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия кӯшиш намудаанд, ки вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо доир ба иҷро намудани нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вусъат бахшидан ба рушди соҳибкории хурду миёна, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда семоҳаи аввали соли ҷориро бо натиҷаҳои назарас ҷамъбаст кардаанд.
Бинои нав тӯҳфаи арзанда барои мо
Вализода Убайдулло сардори Нозироти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гуфт, ки дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар бинои нави Нозироти андози ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки бе воситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд. Ӯ афзуд, ки барои кормандони Нозироти андози ноҳия баъди ифтитоҳи бинои нав шароити хуби корӣ муҳайё гардид, ки ин беҳтарин туҳфа барои мо кормандон аст.
Андоз бақои давлат аст
Дар идомаи сӯҳбат ӯ қайд кард, ки мо ҳама донишу малакаи худро барои саривақт иҷро кардани ҳама намуди андозҳо, вусъат бахшида ба рушди соҳибкории хурду миёна, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон равона карда, тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда, давоми 3 моҳи соли 2026-ро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст кардем.
Иҷроиши ҳама намуди андоз
Натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии блоки иқтисодии ноҳия ва роҳбарияту кормандони Нозироти андози ноҳияи Абдуаҳмони Ҷомӣ буд, ки давоми 3 моҳи соли ҷорӣ нақшаи андозҳо ва андози иҷтимоии ғарибуҷетии ноҳия 107 дарсад таъмин гардид. Нақша 21314778 сомонӣ буд, ки иҷроиши он дар ин давра 22850102 сомонӣ таъмин гардид, ки ин аз нақша 1535324 сомонӣ зиёд мебошад,- қайд намуд Вализода.
Бақияи қарзи андозро кам хоҳем кард
Ӯ гуфт, ки Роҳбари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии худ бо фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара дар бораи кам кардани бақияпулии андоз ва иҷрои саривақтии андозҳо супориш доданд, мо кормандони Нозироти андози барои кам кардани бақияпулии қарзи андоз ҳамаҷониба корбари карда бақияпулиро дар ноҳия кам намуда, нақшаи андозро барзиёд таъмин хоҳем кард.
Гуфта шуд, ки дар ноҳия субъектҳои хоҷагидори 5197 нафаро ташкил дода, шахсони воқеи бошад 33043 нафаро дар бар мегирад.
Номбурда илова кард, ки дар семоҳаи аввали соли равон барои маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо 69 адад қарорҳо ба маблағи 2133,4 сомонӣ қабул шуда, 1321,9 сомонӣ пардохт гардидааст, ки ин 62 фисадро қарорҳои қабулшударо ташкил медиҳад.
Ҳамзамон дар ин давра дар маҷмӯъ ба 1035 нафар огоҳинома ба маблағи 3432,4 ҳазор сомонӣ дода шудаст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 221 адад ДНХ ба қайд гирифта шудааст, аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ 56 адад ва аз ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ 165 адад мебошад,-илова кард мавсуф ва гуфт, ки барои осон кардани андозсупорандагон дар нозироти андози ноҳия терминали хизматрасонӣ ба кори худ шурӯъ кард.
Дастуру супоришҳоро саривақт иҷро мекунем
Роҳбарияти Нозироти андози ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва калективи он минбаъд низ ҷиҳати беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва сатҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, бештар намудани корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва дар ҳамин замина бо мақсади таъмини сифатноки иҷрои нақшаҳои пешбинишуда, тамоми имкониятҳоро истифода намуда, дар пешбурди сиёсати андоз ва иҷтимоии давлат саҳми босазои хешро гузоранд. Ҳамзамон талош доранд, ки ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол гиранд.
Рӯзи кормандони андоз муборак бошад!
Вализода Убайдулло сардори Нозироти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар фароварди сӯҳбат, гуфт, ки 4 май – Рӯзи кормандони мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи Шуморо ҳамкасбони азиз бо иди касбӣ самимона табрик мегӯям!
Ба шумо саломатии бардавом, нерӯи тоза ва барори кор таманно дорам. Кори пурмасъулияти мову шумо барои пешрафти иқтисоди кишвар ниҳоят муҳим аст. Бигзор ҳамеша дар фаъолияти кориамон муваффақияту дастовардҳои нав ҳукмфармо бошад!
Раҳмоналӣ Додархӯҷаев



