Дар шаҳри Бохтар ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашти низомӣ бо иштироки беш аз 5 ҳазор нафар баргузор гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иштирок намуда, ба рафти сафороии ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Дар гузашти низомӣ афсарону сарбозони ҷузъу томҳои низомӣ, намояндагони сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва захираҳои кадрии вилоят иштирок карданд. Онҳо бо интизоми баланди хизматӣ, омодагии касбӣ ва садоқат ба Ватан аз назди минбар гузаштанд.
Гузашти низомӣ яке аз чорабиниҳои муҳими ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ҷараёни он сатҳи омодагии хизматии ҳайати шахсӣ, интизоми низомӣ ва тавонмандии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот ба намоиш гузошта шуд.
Иштирокчиёни чорабинӣ Истиқлолияти давлатиро дастоварди бузурги таърихӣ арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Гузашти низомӣ дар фазои баланди тантанавӣ баргузор гардида, ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шукуҳу шаҳомати хос бахшид.



