Ҳар гоҳе ки хаста мешавам ва аз зиндагӣ дилмонда мегардам, ба гулгашти назди Мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент меравам ва соате дар он ҷо то асабҳоям ором шудан гаштугузор мекунам. Дирӯз аз фишор ва табъи гирифта сахт ранҷ мебурдам, роҳи шаҳри Панҷакентро пеш гирифтам, чунки то имрӯз, бо вуҷуди 55 соли заҳмат дар ҳеҷ гӯшаи Тоҷикистон соҳиби хона ва шароити зиндагонии хуб шуда натавонистам, чунки бо маош қаноат намудам ва ҳатто утоқаке надорам, ки дар он китобҳоямро ҷо ба ҷо кунам.

Баъди соате дар ин гулгашт гардиш кардан ва оромиш пайдо намудан ба хараке нишастам ва пеши назарам манзараҳои чанд сол пеши ин макон ҳувайдо гардид.

Охирҳои соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзодаро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Панҷакент таъин намуданд, ки касе ба ин ном шинос набуд, вале дар ҳафтаи аввали кории ӯ аз деворҳои бинои Мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ҳамаи овезаҳое, ки дар онҳо садҳо хатоҳои имлоию услубӣ мушоҳида мегардид, нопадид шуд.

Мардуме, ки понздаҳ сол аз илму фарҳанг бенасиб монда буданд, бо вуҷуди поён наёфтани коронавирус шоҳиди он шуданд, ки бистуми майи соли 2021 дар пояи тандеси шоири нотакрор Лоиқ Шералӣ бо иштироки садҳо ҳаводорони ашъори шоир 80-солагии ин фарзанди барӯманди миллат таҷлил гардид. Мардуми шаҳри Панҷакент маҳз туфайли ин ҷашн охирин бор ба дидори шодравон Давлатманд Холов расиданд.

Кори дигаре, ки раиси ҷавон оғоз кард, тармими бинои Мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва ба гулгашт мубаддал намудани саҳни бинои он буд. Чун бо фармони раис дарахтони каҷу килеб, дарҳои бастаи мақомот маҳв карда шуданд, табари бадгӯён ва тӯҳматчиён даста ёфт.

Деворҳои биноро бо санги мармар ҷома пӯшонда буданд, ки оҳиста-оҳиста ин биноро дар чашми бинанда чун қабристон ҳувайдо мекард. Бояд, ки санги мармар аз бино дур карда мешуд. Нависонавис ва мактубҳои беимзо аз мақомоте ба мақомоти дигар ирсол мегардид .

Дар гурӯҳҳои фейсбукии ғаразомез раиси ҷавон танқид мешуд ва касе, ки ӯро ҷонибдорӣ мекард, боиси таҳқири чанд саги газанда мешуд, ки ҳамаи онҳо бо номҳои мустаори занона дар фейсбук фикру андешаи худро баён мекарданд.

Бино ба куллӣ намуди нав гирифт. Нишон, Парчам ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ саҳни биноро оро медодагӣ шуд. Гулгаштҳо бо гулҳои рангин ва дарахтони ороишӣ диққати ҳар бинандаро ҷалб мекарданд. Ҳамаи ҷуфти навхонадорон дар назди фаввора, гулу дарахтон ва пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ акс мебардоштагӣ шуданд.

Панҷакенте, ки дар давоми понздаҳ сол  танҳо соҳиби як ҳавзи шиноварӣ шудаву ин ҳавз ҳамагӣ як рӯз кор кардаву боиси марги ҷавоне гардида буд, дигар сохтмонеро дар ёд надошт, ба майдони ҳарбу зарб мубаддал гашт.

Имрӯз дар ин шаҳри таърихӣ даҳҳо биноҳои осмонбӯс сохта ба истифода дода шуданду даҳҳо бинои дигар дар арафаи анҷомёбист ва шаҳри Панҷакент ба шаҳри зебо ва замонавӣ табдил ёфт. Шаҳр дар сӯзанидӯзӣ соҳиби унвони «Шаҳри ҳунармандӣ» гардид, мақбараи Хоҷа Муҳаммад Башоро ва Тали Хамтӯда дар деҳаи Мазори Шариф, канали Фарметан дар Ҷамоати деҳоти Косатарош, Қалъаи Санҷаршоҳ дар деҳаи Суҷина, Панҷакенти Кӯҳна ва Саразм  ба Феҳристи Мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил гардиданд.

Бори дигар дар ин харак фикр кардам, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки ба бахти миллати мо Худованд эшонро фиристодааст, ниҳоят одамшиносанд ва маҳз ин хуршеди дурахшон, яъне Абдухолиқ Холиқзодаро ба Панҷакент фиристоданд, то зарра-зарра ба сари ин шаҳр нур пошаду онро ба шаҳри замонавӣ мубаддал намояд.

Аз Худованд илтиҷо мекунам, ки ӯ бо мо бошаду дар соли 2027 ман дар деҳаи Косатарош, ё шаҳраки Суғдиён, ё шаҳри Панҷакент соҳиби як утоқаки хурди зист ва китобхона шавам, то барои насли оянда китобҳои ба заҳмат ҷамъовардаамро ба мерос гузорам.

          Исмоил Зарифӣ,

 омӯзгори 71-сола, бо собиқаи кории 55-сола

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь