Истиқлоли Тоҷикистон 35-сола мешавад. Бе шакку шубҳа дар пойдории истиқлоли миллӣ саҳми Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесобиқа аст. Солҳои 90-уми асри гузашта дар кишвар борҳо амалҳои нохуш рух доданд, ки метавонистанд, шишаи нозуки истиқлолиятро бишкананд ва мавҷудияти давлати тоҷиконро зери хатар гузоранд. Сарвари оқили ҷумҳурӣ тавонист, ки кишварро аз ин бунбаст раҳо намояд. Махсусан, вақте дар кишвар оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга дошту камонмардон худро хӯҷаини вазъият медонистанд, ки ба низом овардани идораи ҳукумат кори осон набуд. Вале Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки бо қумондонҳои камонбадаст забон ёбад ва мақомоти ҳифзи ҳукуқро эмор созад.
Воқеан, вазъи сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ҳангоми сессияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 1992 ба сиёсатмадорони тоҷик хуб маълум буд. Ҳукумат фалаҷ гардида, мақомоти қудратӣ фаъол набуд. Асосан камондорон идоракунии ҷомеаро ба дасти худ гирифта буданд. Дуздиву ғоратгарӣ афзуда, мардуми осоишта дар азоб буданд. Корхонаҳо аз фаъолият бозмонда, шумораи бекорон бамаротиб меафзуданд. Ҳамин буд, ки ҳангоми интихоби раиси Шурои Олӣ, мансабхоҳон аз пешниҳоди номзадии худ ба ин маснад худдорӣ мекарданд, зеро роҳандозии фаъолияти ҳукумат заҳмати зиёдро талаб менамуд. Эмомалӣ Раҳмон аз мушкили пешистода наҳаросида, дар ин ҷода қадами босубот гузошт ва ҳамин тариқ ҳукумат мустаҳкам шуда, мақомоти қудратӣ фаъол гардид.
Бояд гуфт, ки бо шуруъ шудани ҷанги шаҳрвандӣ қариб 300 ҳазор сокини ноҳияҳои ҷангзадаи ҷумҳурӣ ба хотири ҷон ба саломат бурдан ба кишварҳои Афғонистон, Покистон, Ӯзбекистон, Россия ва дигар давлатҳо гуреза шуданд. Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали раиси Маҷлиси Олӣ интихоб шудан ба Ватан баргардондани паноҳандагонро вазифаи ҷонии худ дониста, барои амалӣ кардани ин ҳадаф талош намуд. Ҳамин буд, ки то ба имзо расидани истиқрори сулҳ, яъне то 27-уми июни соли 1997 аксари гурезаҳои тоҷик ба Ватан баргаштанд ва манзилҳои худро соҳибӣ карданд.
Воқеан, аз рӯзҳои аввали сари қудрат омадан Эмомалӣ Раҳмон дар андешаи ба созиш омадан бо мухолифин ва оштии миллӣ буд. Ҳар ду ҷониб хуб медонистанд, ки танҳо сулҳу осоиштагӣ метавонад Тоҷикистонро аз вартаи ҷанг раҳонад ва боиси пешравию шукуфоии Ватан гардад. Ҳамин буд, ки баъди музокироти зиёди ҷонибҳо 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи сулҳи тоҷикон байни намояндаҳои мухлифин ва давлати Тоҷикистон ба имзо расид. Албатта, ин расман ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хотима гузошт.
Солҳои аввали замони соҳибистиқлолӣ вазъи зиндагии аксари мардуми Тоҷикистон хуб набуд. Гуруснагӣ ва камбуди ғаллаву маводи хӯрока ба назар мерасид. Барои коҳиш додани камбизоатӣ ва таъмини мардум бо маҳсулоти кишоварзӣ Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт, ки барои раҳоӣ аз камбизоатӣ ба мардум барои киштукор замин тақсим карда шуд. Соли 1995 бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми ниёзманд 50 ҳазор гектар ва дар соли 1996 боз 25 ҳазор гектар замин тақсим карда шуд. Дар маҷмуъ, ин 75 ҳазор гектар замин то андозае барои коҳиши нодории мардуми камбизоат мусоидат кард.
Ҳамчунин, 8 июни соли 2007 барои коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки воқеан ҳам, онро метавон қонуни мардумӣ номид, зеро лоиҳаи он пешакӣ аз ҷониби мардуми кишвар муҳокимаи васеъ гардид. Телевизионҳои кишвар дар майдонҳои шаҳру ноҳияҳо «микрофони озод» ташкил карда, имконият доданд, ки мардум назари худро гӯянд. Зану мард, пиру барно дар ин муҳокимаҳо фаъолона иштирок карданд. Пешниҳодҳои ҷолиб ҳангоми таҳияи қаринаи охирини қонуни мазкур ба инобат гирифта шуданд.
Мақсад аз қабули қонуни номбурда ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ дар ҷашну маросимҳо буд, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ мерасонданд. Воқеан ҳам, солҳои пеш мардум тӯю маъракаҳои худро бошукӯҳ ба роҳ монда, ба исрофкорӣ, харҷи аз ҳад зиёди пулию молӣ роҳ медоданд, ки ин ба буҷаи оила гарон меафтод ва ҳатто маъракадоронро қарздор ҳам мекард.
Дар ҳамин ҳол тибқи қонуни мазкур ақаллиятҳои миллӣ, ки дар Тоҷикистон сукунат доштанд, дар баргузории анъана ва ҷашну маросимҳои суннатии худ озод буданд.
Амали шудани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» собит намуд, ки мушкили молии аҳолии камбизоат ба андозаи чашмрас осон гардидааст. Ҳамин буд, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҷрибаи моро омӯхта, барои танзими анъанаву маросимҳо чунин як қонун қабул гардид.
Ба қавли Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «…То расму ойин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем».
Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии Тоҷикистон 2 баробар зиёд шуда, аз 5,3 миллион нафари соли 1991 ба 10,2 миллион нафар дар соли 2023 расид. 20 июни соли 2024 бо тақозои рушди ҷомеа аз нав Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки амалӣ гардидани он барои мардум ва ҷомеа имконоти нави коҳиши хароҷоти нолозимро меорад.
Воқеан, саҳми Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эмори Истиқлоли кишвари тоҷикон зиёд аст. Сохтмони нақбу роҳҳо, сохтмони НБО-и Роғун ва бунёдкориҳои дигар аз ин далолат медиҳанд.
Ҷовид МУҚИМ, журналист



