Солҳои охир дар натиҷаи сиёсати созандаи давлат ва Ҳукумати кишвар пешрафти босуботи иқтисодиву иҷтимоии ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияи Ҷайҳун таъмин гардида, муҳимтар аз ҳама, ба ҳадафи ниҳоии худ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум зина ба зина ноил гарида истодаанд. Ноҳияи Ҷайҳун дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо маротиб рушд карда ба яке аз ноҳияҳои пешрафтаи вилояти Хатлон тадбил ёфт. Айни замон бахшида ба исиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кившар дар ноҳия корҳои осзандагиву бунёдкори вусъати тоза дорад. Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун хабарнигори мо бо раиси ноҳияи мазкур Ализод Азизулло, суҳбати ихтисосӣ анҷом дод, ки фишурдаи онро пешкаши хонанда мегардонем.

Хизмат ба халқу ватан мароми мост

Номбурда дар оғози суҳбат иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ таъкид карданд, ки “Амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шавад”. Аз ин рӯ, дар баробари рушди дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат таваҷҷуҳи масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун ба рушди соҳаи саноат ва кишвоарзӣ нигаронида шудааст. Ҳамзамон, мавсуф изҳор дошт, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳтя дар се моҳи аввали соли 2026 якҷо бо ташкилоту муассисаҳои ноҳия ҷиҳати таъмини иҷрои Дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Дастгоҳи иҷроияи Презеденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон корҳои муайянро ба анҷом расонид.

Иҷроиши буҷет

Заҳматҳои шабонарузии блоки иқтисодии ноҳияи Ҷайҳун буд, ки дар ин давра нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия 105,0 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 22,3 млн сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нақша 0,7 млн сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия 27,3 млн сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо карда шудааст. Қисми хароҷоти буҷети ноҳия 94,0 фоиз иҷро гардидааст. Нақшаи солона 51,4 млн сомонӣ муқаррар гардида, аз ҳисоби буҷет 48,5 млн сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.

Рақамикунонӣ

Қайд гардид, ки ба ҳолати 1-уми апрели соли 2026 дар ҳудуди ноҳия 89 фоизи шумораи умумии субъектҳои ҳисоботдиҳандаи шахсони ҳуқуқӣ ва 76 фоизи соҳибкорони инфиродӣ ҳисоботи худро ба таври электронӣ пешниҳод намуда, шумораи постерминалҳо ва QR-рамзҳо дар ин давра ба 134 адад расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 37 адад ё 1,4 маротиба зиёд мебошад.

Инчунин, 12380 корти бонкӣ ба муомилот баровардашуда, 75420 нафар сокинони ноҳия дорандаи корти бонкӣ мебошанд, ки 61,0 фоизи аҳолии калонсолро ташкил намуда, ин нишондиҳанда 19 фоиз аз меъёри муқарраршуда кам мебошад.

Сармоягузорӣ

Ба ҳолати 1-уми апрели соли 2026 дар ноҳияи Ҷайҳун 6329 субъекти хоҷагидор фаъолият менамоянд, ки аз ин 5954 соҳибкорони инфиродӣ ва 375 нафарро шахсони ҳуқуқӣ ташкил медиҳанд.

Дар давраи ҳисоботи аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба маблағи 49,9 млн сомонӣ қарзҳои хурд дода шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 10,4 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ноҳия 14 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 21,5 млн доллари ИМА амалӣ шуда истодааст.

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2026-2030-ум 127 лоиҳаро ба маблағи 475,9 млн сомонӣ дарбар гирифта, ба ҳолати 1-уми апрели соли 2026-ум баҳри тадбиқи лоиҳаҳои барнома корҳо идома доранд.

Кишоварзӣ

Ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон яке аз ноҳияҳое мебошад, ки кишоварзони он ҳама донишу малакаи худро баҳри шуди ин соҳа равона карда,бозорҳои кишваро бо маҳсулоти тару тоаи кишвоарзӣ таъмин намуда, ҳамзамон маҳсулоти худро ба хориҷи кишвар содирот мекуннад.

Раиси ноҳия илова кард, ки давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 73,4 млн сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 5,8 млн сомонӣ зиёд иҷро гардида, афзоиш бошад 8,7 фоизро ташкил медиҳад. Ба 01.04. 2026 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 6,7 ҳазор гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ анҷом дода шуд, ки нисбат ҳамин давраи соли 2025-ум 0,9 ҳазор гектар ё 14,1 фоиз зиёд мебошад. Кишти зироати асосӣ – пахта дар майдони 2,8 ҳазор гектар гузаронида шуда, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 0,1 га фоиз зиёд мебошад.

Корҳои сохтмонӣ

Гуфта шуд, ки дар 3- моҳаи аввали соли 2026 ҳаҷми сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ 20,1 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 10,0 млн сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми маблағгузориҳои умумӣ 20,1 млн сомонӣ, аз он ҷумла аз ҳисоби сармояи хусусӣ 20,1 млн сомониро ташкил додааст. Корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 21,0 млн сомонӣ иҷро шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 11,5 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Таъмири роҳҳо

Ба гуфти раиси ноҳия масофаи умумии роҳҳои ноҳия 255,8 километрро ташкил медиҳанд, ки аз он роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ 65,8 километр ва аҳаммияти маҳаллӣ 181,6 километр мебошанд. Барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 100,0 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби Вазорати нақлиёт 58,2 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Аз ин ҳисоб 1,2 километр роҳ, аз ҷумла, таъмири роҳи сангфарш 150,0 метри мураббаъ, таъмири роҳи асфалтпуш 172,0 метри мураббаъ, таъмири 2 адад пул ба дарозии 18,0 метр, кашидани хатҳои уфуқи 1,7 км ва гузоштани аломатҳои роҳ 19 адад.

Аз ҳисоби соҳибкорон дар ин давра 2,2 км роҳҳо ба маблағи 38,2 ҳазор сомони шағалпуш карда шудааст. Соли гузашта дар ноҳия беш аз 17 км роҳҳо пурра таъмири асоси шуданд.

Ҳаҷми боркашонӣ ба 415,2 ҳазор тонна (102,4 фоиз), гардиши боркашонӣ ба 439, миллион тонна/км ( 125,9 фоиз), мусофиркашонӣ ба 457,0 ҳазор нафар (108,8 фоиз), гардиши мусофиркашонӣ ба 38,6 миллион нафар/км (105,5 фоиз) баробар гардид, ки нисбат ба се моҳи соли 2025 ҳаҷми боркашонӣ 9,7 ҳазор тонна зиёд ва мусофиркашонӣ 37,0 ҳазор мусофир зиёд мебошад.

Шумораи истифодабарандагони алоқаи мобилӣ ва шабакаи «Интернет» 130 нафар буда, дар ҳудуди ноҳияи 368 нуқтаи хизматрасонии телефонӣ фаъолият менамоянд.

Тандурустӣ

Барои саривақт ба табобату муолиҷа фаро гирфитани беморон МИҲД-и ноҳия барои рушди соҳаи тандрустӣ чораҳои зарури андешида истодпаст. Дар соҳаи тандурустии ноҳия 157 духтур, аз ин шумора 29 нафар бо категорияи олӣ ва 736 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд. Беморхонаи марказӣ, беморхонаҳои рақамӣ ва бунгоҳу марказҳои саломатии ноҳия бо тамоми шароти таъмин буда, шабонаруз дар хизмати аҳоли мебошанд.

Фарҳанг

Дар ноҳия 35-адад муассисаи соҳаи фарҳанг, аз ҷумла 6 хонаи фарҳанг, 2 клуб, 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагона, 22 китобхонаи деҳотӣ, 1-боғи фарҳангу фароғатӣ, ва 1 мактаби санъати бачагона ба аҳолӣ хизмат расонида истодаанд.

Дар 24 – китобхона 121049 нусха китоб мавҷуд буда, аз ин шумора 3211 нусха китоб бо забони давлатӣ, 72944 бо забонҳои русӣ ва 15954 ҳазор нусха бо дигар забонҳо мебошанд.

Ҷавонон

Иттилоъ дода шуд, ки шумораи ҷавонони ноҳия 64940 нафар ташкил намуда, аз ин 25976 нафар духтарон мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ 12 чорабинии варзишию фарҳангӣ ва 25 мулоқоту вохӯриҳо гузаронида шудааст.  Дар ноҳия 2 варзишгоҳ, 13 майдони футболи хурди сунъӣ, 54 майдончаҳои варзишӣ ва 17 толорҳои варзиш фаъолият доранд.  Дар ноҳия 34 иншооти соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла 2- меҳмонхонаи замонавӣ, 17 ёдгориҳои таърихӣ, 15 ошхона ва тарабхона фаъолият дошта, дар ин муддат ба ноҳия 856 сайёҳ ворид гардида, аз ин 781 сайёҳӣ дохилӣ  ва 75 нафар сайёҳӣ хориҷӣ мебошанд.

Иншооти ҷашнӣ

Баҳри сазовар истиқбол гирфиани ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ кишвар МИҲД-и ноҳия шабонаруз талош карда истодаанд, то ин санаи таърихиро бо дастовардҳои назарас иқтибол гиранд. Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳия бахшида ба ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатӣ таъмиру бунёди 504 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 384 иншоот ба маблағи 126,6 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шуда, дар боқимонда иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.

Ободонӣ

Маҳз аз баракати сулҳу суботи комил, ваҳдату сарҷамъии миллат ва талошу заҳмати пайгиронаи мардуми ноҳия, таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳисоботӣ нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия афзуда, раванди татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва иҷрои стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ноҳия густариши тоза пайдо намуд ва дар ин замина рушди устувори аксар соҳаҳо таъмин гардид. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун минбаъд низ ҷиҳати таҳкими дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва вусъат бахшидани фаъолият дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Ва ҳама он дастуру супоришҳоеро, ки аз тарфи роҳбарияти Ҳукумати кишвар дода мешавад, сари вақт иҷро намуда, ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлонро ба як ноҳияи зебои кишвар табдил диҳанд ва ҷашни пурифтихори 35-солагии Истиқлолияти давалтии кишваро бо дастовардҳои зиёд истиқбол гиранд.

Раҳманалӣ ДОДАРХӮҶАЕВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь