Насли калонсол таъкид мекунанд ва воқеияти рӯзгори мо ҳам нишон медиҳад, ки миёни насли ҷавони мо шаробхӯр бисёр кам аст. Мисол миёни ҳамсинфон ва ё ҳамкурсони ман дар умум, ҳамагӣ 4 ё 5 нафар менӯшанду халос. Хуршеди Атовулло аз муваффақиятҳои эҷодии шогирдони сершумораш шодӣ кунад ҳам, аз он ки аз миёни онҳо як ҳамқадаҳ тарбия карда натавонист, хуни дил мехӯрад… Овозаҳо ҳаст, ки аз пайи собиқ ҳамсоғаронаш дар фикри сафари Ҳаҷ афтодааст… Вале ҳикояти ман аз устод Хуршед ва тасмимашон нест, инро дар омади гап гуфтам, зеро амсоли эшон бархе устодони дигари рӯзноманигорӣ, илм ва адабиёти мо ҳам аз “рӯй тофтан”-и ҷавонон аз ишқи духтари раз нигаронӣ мекунанд.
Мисли ҳамин, олими тавонои мо, доктори илми Х, профессор, Рамазониён (ном тағйир дода шудааст), ки дар Институти У фаъолият мекунад, ба наздикӣ 80-сола шуд. Ҳамкорон, дӯстон ва шогирдон интизор буданд, ки ба ин муносибат зиёфате хосе ороста мешавад, вале ҳамчун комунисти содиқ, шаҳрванди таслими қонун ва пайрави сиёсати партияву ҳукумат “қонуни танзим ҷашн гирифтани зодрӯзро манъ кардааст” гуфта, Рамазонзода аз таҷлили санаи мубораки умраш даст кашид. Ҳатто рӯзе, ки бахшида ба мавлудаш Иттифоқи касабаи Институт як телевизор хариду директор ба ӯ ҷома пӯшонид ва ҳамкорон пул ҷамъ карда дар лифофа ҳадя карданд, Рамазонзода онҳоро ҳатто ба “Оши амма”, ки дар рӯ ба рӯйи Институт қарор дошт ва палови сисомонааш серхаридор буд, низ даъват накард…
Ходимони раёсат ва шӯъбаҳои дигар умедашонро аз зиёфати Рамазонзода канда бошанд ҳам, ҳамкорон аз шӯъбаи худаш, ҳанӯз умедвор буданд. Рӯзи дигар, профессор Сайфиддинзода, ки як сол қабл 80-солагиашро бо дабдаба ҷашн гирифта буд ва дар зиёфати ӯ Рамазонзода аз бари боло менишаст, тоқаташ ба сар омаду гуфт:
– Ин хел намешавад, наход одам ҳамин қадар беҳиммат шавад, ки зодрӯзашро хапу дам ҷашн гирад. Имрӯз якҷоя ба тарабхона меравем, маблағи дастурхонро тақсим мекунем ё ман медиҳам…
Рамазонзода илоҷи дигар надошт, ҷуз ин ки дӯстонро ба зиёфат ҷеғ занад. Бинобар ин гуфт:
– Не, домулло гап дар пул не, қонуни танзим…
– Қонуни танзим ба зихнаҳо дастак шуд…
– Устод, ин тавр нагӯед… – ва ноилоҷ пешниҳод кард, – набошад имрӯз ман, шумо….. – номи се нафари дигарро илова кард, – нисфирӯзӣ ба тарабхонаи “Баҳор” меравем.
Иттифоқан, аспиранти Рамазонзода, аз ноҳия ҳамон рӯз назди устодаш омада буд. Вай дар яке аз колеҷи омӯзгории ноҳия фаъолият дошт ва таҳти роҳбарии Рамазонзода рисолаи номзадӣ менавишт. Устод маҷбур шуд, ки нӯгизабонӣ номи вайро ҳам ба рӯйхати меҳмононаш ворид кунад.
– Устод, ман чӣ хизмат кунам? – аз ҷой хеста даст пеши бар гирифта шогирд.
Рамазонзода гуфт:
– Ту рафта, то нисфирӯзӣ ду “Арча” гирифта биё, тамом!
– Хуб шудааст устод, – гуфт шогирду аз дар баромад.
Саот ба 12 наздик мешуд, вале аз шогирд хату хабар нашуд. Тоқати Сайфиддинзода тоқ шуда, ба Рамазонзода гуфт:
– Вай шогирдат бедарак шуд, беҳтараш аз худи тарабхона арақ мегирем, рафтем.
Рамазонда бошад, “Арақҳои он ҷо қалбакӣ, беҳтарин арақ “Арча” аст, ҳозир шогирд меорад” гуфта, ҳамкоронро то саоти 12:30 нигоҳ дошт. Чун шогирд наомад, умедашро канду меҳмононро ҳамроҳ гирифта ба тарабхона рафт…
Хӯрданд, нӯшиданд, аз хадамоти илмии профессор Рамазонзода дар рушди илм нӯшбод гуфтанд ва зиёфати шоҳонаро бо як чойник чойи кабуди талх ҷамъбаст карда, соатҳои 15:30 ба Институт баргаштанд.
Чан ба Институт расиданд, ду ниҳоли арчаи ҷавон, ки дар ду тарафи дари шӯъба меистод, панҷ олими ширкайфро бештар ба ҳайрат гузошт.
– Чӣ гап бошад?
– Инҳоро кӣ оварда бошад?
– Чаро арчаро ин ҷо монда бошанд?
Ғур-ғур мекарданд онҳо ва қоматашонро росту чеҳраашонро бештар ҷиддӣ мекарданд, ки касе аз нӯшиданашон хабардор нашавад.
Чун дари шӯъбаро кушоданд, аспиранти аз ноҳия омада, аз ҷой хеста, гунаҳгорона гуфт:
– Устоди азиз, бубахшед, аввал ба бозори Меҳргон рафтам, арча набудааст, инҳоро рафта аз Саховат овардам, ки шумо рафтаед, – ва ба арчаҳое, ки дар берун буд ишора кард.
Маълум шуд, ки шогирд намедонистааст, ки “Арча” номи шароб аст ва хаёл кардааст, ки ба устодаш ниҳоли арча лозим бошад.
Сайфиддинзода ва ҳамроҳон худашонро дошта натавониста, инони хандаро сар доданд. Рамазонзода якбора асабӣ шуд ва чӣ гуфтанашро надонист. Шогирд ҳайрон буд. Хост, ки аз вазъият берун шавад. Пурсид:
– Устод, ин арчаҳоро ба куҷо барам?
– Ба сари қабри ман, – ба зарда гуфт, Рамазонзода…
Ҳоло ду ниҳоли арча дар саҳни Институти У ҳамчун нишон аз мавлуди профессор Рамазонзода ба воя мерасанд ва ин аспирантро, ки ба наздикӣ рисолаашро дифоъ мекунад, ҳама Арчабой мегӯянд…
Рамазонзода ҳам аз арча қимоб асту ҳам аз “Арча” ва омодагӣ ба сафари умра дорад…
Одили Нозир



