Дар муассисаҳои соҳаи маорифи ноҳияи Панҷ барои гузаронидани фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 захираи зарурии маводи сӯхт омода карда шудааст.
Тавре мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷ Диловар Икромиддинзода иттилоъ дод, барои таъмини гармии муассисаҳои таълимӣ 391 тонна ангишт, 775 метри мукааб ҳезум ва миқдори кофии сӯзишвории дизелӣ харидорӣ ва захира гардидааст.
Ҳамзамон, шишабандии муассисаҳои таълимӣ пурра ба анҷом расида, дар шаш муассиса низоми гармидиҳии буғӣ фаъолият мекунад. Барои таъмини раванди таълиму тарбия дар шароити қатъ шудани неруи барқ 27 муассисаи таълимӣ бо генераторҳои барқдиҳанда таъмин буда, дар баъзе муассисаҳои дигар аккумуляторҳо мавҷуданд.
Айни замон дар ноҳияи Панҷ 53 муассисаи таълимӣ ва 7 муассисаи томактабӣ фаъолият дошта, дар онҳо 32 ҳазору 807 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Омодагии саривақтии муассисаҳои соҳаи маориф ба фасли сармо барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ва дар синфхонаҳои гарм идома ёфтани дарсҳо мусоидат мекунад.
Раҳмоналӣ Додархӯҷаев
Блоки рекламавӣ



