Имсол аз таъсиси унвони фахрии «Шоири халқии Тоҷикистон» 65 сол пур шуд. Дар ин муддат 44 адиб ба ин унвон сарфароз гардидаанд. Таърихи он аз қадршиносии устодони адабиёт оғоз шуда, то насли имрӯзаи шоирон идома меёбад.

25 октябри соли 2026 аз таъсиси унвони «Шоири халқии Тоҷикистон» 65 сол сипарӣ гардид. Нахустин дорандаи ин унвон устод Мирзо Турсунзода буд, ки соли 1961 ба он сарфароз шуд.
Соли 1962 Мирсаид Миршакар низ ба ин унвон мушарраф гардид. Баъдан, соли 1974 Боқӣ Раҳимзода ва соли 1988 Гулчеҳра Сулаймонӣ ба сафи шоирони халқӣ пайвастанд. Ҳамин тавр, дар 27 соли нахустин ҳамагӣ чор нафар соҳиби ин унвон шуданд.
Пас аз соли 1991 шумораи дорандагони унвон афзоиш ёфт. То имрӯз 44 адиб ба унвони «Шоири халқии Тоҷикистон» сарфароз гардидаанд. Ҳамзамон, унвони «Нависандаи халқии Тоҷикистон», ки соли 1976 таъсис ёфт, низ ба 27 нафар дода шудааст.
Қадршиносии устодон — дарси садоқат ба адабиёт
Яке аз воқеаҳои хотирмон дар таърихи ин унвон ба шоири маҳбуб Лоиқ Шералӣ рабт дорад. Соли 1991, ҳангоми баррасии масъалаи ба ӯ додани унвони «Шоири халқии Тоҷикистон», Лоиқ хост, ки пеш аз ӯ устодону ҳамқаламонаш — Муъмин Қаноат, Ашӯр Сафар ва Қутбӣ Киром — қадрдонӣ шаванд.
Дар натиҷа, роҳбари вақти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов унвонро ба ҳар чор шоир тақдим кард. Ин иқдоми Лоиқ намунаи эҳтиром ба устодон, қадршиносии ҳамқаламон ва хоксории эҷодкор дар баробари хизматҳои дигарон дониста мешавад.
Пас аз 35 соли ин рӯйдод, соли 2026, Файзи Ашӯр — писари Ашӯр Сафар — низ ба унвони «Шоири халқии Тоҷикистон» сарфароз гардид.
Занон дар таърихи унвони шоири халқӣ
Гулчеҳра Сулаймонӣ нахустин зане буд, ки соли 1988 ба унвони «Шоири халқии Тоҷикистон» мушарраф гардид. Баъдан, Гулрухсор соли 1999, Фарзона соли 2001, Зулфия Атоӣ соли 2009, Ҳадиса Қурбонова соли 2010 ва Латофат Кенҷаева соли 2025 соҳиби ин унвон шуданд.
Дар миёни дорандагони унвони «Нависандаи халқии Тоҷикистон» низ занон камшуморанд. Аз 27 нафаре, ки то имрӯз ба ин мақом расидаанд, Марямбону Фарғонӣ нахустин ва то кунун ягона зан маҳсуб мешавад. Ӯ соли 2026 ба ин унвон сарфароз гардид.
Унвони баланд — масъулияти бештар
Афзоиши шумораи адибони халқӣ ҳамзамон масъалаи сифати осори адабиро ба миён мегузорад. Унвони фахрӣ нишони қадршиносии хизматҳои эҷодӣ аст, аммо арзиши ҳар асар бо ҳунари бадеӣ, муҳтавои амиқ ва таъсири он ба хонанда муайян мешавад.
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар Анҷумани XVI ин ниҳод дар соли 2025 аз камбудиҳои як қисми осори насрии солҳои охир интиқод карда буд. Аз ҷумла, ӯ ба номукаммалии сужа, камтаҷрибагии эҷодӣ, таҳрифи таърих ва зиёдаравӣ дар офариниши чеҳраҳои адабӣ ишора намуд.
Таърихи 65-солаи унвони «Шоири халқии Тоҷикистон» танҳо бозгӯи афзоиши шумораи дорандагони он нест. Ин таърих ҳамчунин аз эҳтиром ба устодон, идомаи анъанаҳои адабӣ ва масъулияти бузурги эҷодкор дар назди ҷомеа шаҳодат медиҳад. Зеро унвони баланд на танҳо қадршиносии роҳи тайшуда, балки масъулияти ҳифзи арзишҳои адабӣ ва эҷоди осори мондагор барои наслҳои оянда низ мебошад.
Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь