«Шераки Ориён аз беҳтарин намунаҳои насри адабиёти замони нави тоҷикро ба миён овардааст», — чунин арзёбӣ кардаанд пажӯҳишгарони дохиливу хориҷӣ аз эҷодиёти нависанда ва кинодраматурги тоҷик Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода).
Осори ин адиби соҳибистеъдод бо мазмуну муҳтавои баланд ва арзишҳои умумибашарии худ таваҷҷуҳи хонандагони кишварҳои гуногунро ба худ ҷалб намудааст. Нигоштаҳои ӯ ба 43 забони ҷаҳон тарҷума ва нашр гардидаанд. Аз ҷумла, осори нависанда ба забонҳои русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, ҷопонӣ, чинӣ, ҳиндӣ, урду, полякӣ, қазоқӣ, украинӣ, беларусӣ, ӯзбекӣ, чехӣ, олмонӣ, арманӣ, гурҷӣ, испанӣ, арабӣ ва дигар забонҳо дастрас гардидааст.
То имрӯз ҳудуди 120 китоби ӯ ба забони тоҷикӣ ба нашр расида, китобҳояш ба забонҳои гуногуни ҷаҳон низ рӯи чоп омадаанд. Аз ҷумла, 11 китоб ба забони русӣ, чор китоб ба забони англисӣ ва се китоб ба забони ӯзбекӣ нашр шудаанд.
Шераки Ориён дар баробари фаъолияти адабӣ дар соҳаи синамо низ саҳми назаррас дорад. Ӯ муаллифи беш аз 40 филми бадеӣ, фалсафӣ, санадӣ ва тасвирӣ буда, эҷодиёташ ба ҳашт ҷоизаи байналмилалӣ сазовор гардидааст.
Арзиши илмӣ ва маърифатии осори ӯ низ назаррас аст. Навиштаҳои адиб ба китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти олии Русия, аз ҷумла китоби «Этика ва эстетикаи ҳаёти оилавӣ», ки ҳафт маротиба нашр шудааст, роҳ ёфтаанд. Ҳамчунин, асари ӯ «Анатомияи садоқату муҳаббати инсонӣ» дар китобҳои таълимии кишварҳои аврупоӣ ва навиштааш «Эҷод чист? Эҷодгар кист?» дар барномаҳои таълимии факултаҳои эҷодии як қатор донишкадаҳои ҷаҳон истифода мешаванд.
Истеъдод ва маҳорати қаламкашии Шераки Ориён бо ҷоизаи махсуси «Қалами тиллоӣ» қадрдонӣ гардидааст. Ҳамчунин, барои саҳми арзанда дар муаррифӣ ва густариши адабиёту фарҳанги тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ӯ бо ордени «Шараф»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь