Дар нашриёти “Ирфон”, китоби нави нависанда ва рӯзноманигор Хуршед Атовулло бо номи Блогер” ба дасти чоп расид.
Дар асари тозанашр Хуршед Атовулло ( Ниёзов) дӯстдорони асарҳои пурмоҷарои детективӣ бо қаҳрамонони номошнои ӯ -журналист Ҷамшед Ҳабиб, полковник Амонов ва генерал Шоҳин Азимов аз китобҳои “Марги журналист”, “Хунро бо хун мешӯянд” рӯ ба рӯ мешаванд. Ҳар яке аз онҳо барои барқарорсозии адолату ҳақиқат талош мекунанд. Адолат ва ҳақиқате, ки ҳар яке бо чашми худ мебинанду эҳсос мекунанд.
Пешгуфтор ба қалами профессор Иброҳим Усмонов тааллуқ дорад. Устоди чандин насли журналистони тоҷик чунин навиштаанд:
“… Хуршед дар шуруи ҳар кадоме аз ин достонҳош таъкид мекунад, ки онҳо воқеият нестанд ва агар ному насаби онҳо ба касе монанд бошад, ин тасодуф аст.Ба ин васила ба хислати адабиёти бадеӣ доштани навиштаҳояш ишора мекунад, воқеан ҳам онҳо ҳикояҳои муосир ҳастанд.Воқеан ҳам дар онҳо аз амалиёти некхоҳонаи кормандони мақомоти қудратӣ ва гаҳе ҳам дар муқобили иддае аз ҳамкасбони нохалафи худ қарор гирифтани онҳо, бо як обу ранги хос, бо тасвири сюжетҳои муассир ифода меёбанд.Асарҳои дар ин маҷмуа гирдомада, адабиёт барои ҷавонон аст, мақсади таъсиррасонии бевосита надорад, яъне публисистика нест ва ҳам нафосати матн, ки ҳолатҳои равшани баёни эстетикӣ дорад, онро барои хондану сабақ, гирифтан ҳидоят менамояд. Ин навъ асарҳо, ман гумон мекунам, дар дили хонандагони муосири мо роҳ ёфта метавонанд, ба онҳо роҳи дурусти зиндагиро нишон медиҳанд ва ба ин васила адиб масъулияти иҷтимоии худро иҷро мекунад.
Хуршед аз навиштани воқеаҳои тезу тунд намеҳаросад, чунки дуруғ намегӯяд, чунки некӣ мехоҳад ва аз ин сабаб дар ин роҳи душвор барои вай сафари бобарор мехоҳам.Дилам хуш мешавад, ки Хуршеди журналистка ба фазои адабиёт низ роҳ ёфтааст”.

«Блогер» аз чоп баромад
Блоки рекламавӣ


