Тоҷикистон дар радабандии интихобии олимпии ҷудо барои Бозиҳои олимпии Лос-Анҷелес-2028 бо 11 варзишгар — 9 мард ва 2 зан намояндагӣ мекунад. Дар ҳоли ҳозир ду ҷудокори тоҷик дар минтақаи дарёфти роҳхати мустақими олимпӣ қарор доранд.
Тибқи маълумоти радабандии Федератсияи байналмилалии ҷудо, Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг бо 410 имтиёз мақоми 17-умро ишғол намуда, миёни намояндагони Тоҷикистон нишондиҳандаи беҳтаринро дорад. Эмомалӣ Нуралӣ бошад, дар вазни то 66 кг бо 260 имтиёз дар зинаи 24-ум қарор гирифтааст. Ҳар ду варзишгар аз довталабони асосии роҳхати мустақими олимпӣ ба ҳисоб мераванд.
Дар байни мардони ҷудокори тоҷик Абубакр Боқиев дар вазни то 81 кг бо 130 имтиёз мақоми 48-умро соҳиб буда, барои дарёфти квотаи қитъавӣ мубориза мебарад.
Ҳамчунин, дар радабандии олимпӣ Лоиқ Қудбудинов (60 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (100 кг), Искандар Маҳмадхоҷазода (66 кг), Парвиз Абдураҳмонов (100 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (81 кг), Абӯбакр Шеров (81 кг), Мадина Қурбонзода (52 кг) ва Аҳлия Муъминова (48 кг) низ ҷой гирифтаанд.
Давраи интихобии олимпии ҷудо 15 июни соли 2026 оғоз гардида, то 12 июни соли 2028 идома меёбад. Дар ин муддат варзишгарон аз ҳисоби иштирок ва натиҷаҳои мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла чемпионатҳои ҷаҳон, «World Masters», «Grand Slam» ва «Grand Prix» имтиёз ба даст меоранд.
Тибқи низоми интихобӣ, дар ҳар вазн 17 роҳхати мустақим пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон, ҳар кишвар ҳуқуқ дорад дар ҳар вазн танҳо як варзишгарро пешниҳод намояд. Илова бар ин, барои намояндагони қитъаҳо квотаҳои махсус низ ҷудо карда мешаванд.
Бо вуҷуди мавқеи умедбахши ду ҷудокори тоҷик, ҳанӯз иштироки онҳо дар Олимпиада кафолат дода нашудааст. Зеро то анҷоми давраи интихобӣ натиҷаҳои варзишгарон метавонанд тағйир ёбанд.
Радабандии ниҳоии олимпӣ 15 июни соли 2028 нашр мешавад. Маҳз пас аз он маълум хоҳад шуд, ки Тоҷикистон дар мусобиқаи бузурги варзишии ҷаҳон бо чанд ҷудокор намояндагӣ мекунад.



