Дабири кулли Шурои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳсин Ризоӣ ҳушдор додааст, ки дар сурати ҳамлаи низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Эрон, Теҳрон пойгоҳҳои низомии Амрикоро дар Ғарби Осиё ва Аврупо ҳадаф қарор хоҳад дод.

Ба иттилои расонаҳои эронӣ, Ризоӣ дар шабакаи иҷтимоии «Х» изҳор доштааст, ки дар сурати оғози ҳамла, тамоми пойгоҳҳои амрикоие, ки дар амалиёти зидди Эрон иштирок мекунанд, мавриди зарба қарор мегиранд.

Ӯ таъкид кардааст, ки дар чунин вазъият барои неруҳои ҳамлагар ва пойгоҳҳои низомии онҳо ягон макони амн боқӣ нахоҳад монд.

Ин изҳорот дар пасманзари афзоиши ҳаракатҳои низомии Амрико ва ҳадсу гумонҳо дар бораи эҳтимоли ҳамлаи нав ба Эрон садо медиҳад. Ҳамзамон, бархе расонаҳои эронӣ аз афзоиши тавоноии мушакии кишвар ва имкони расидани мушакҳои он ба ҳадафҳои дуртар аз 2000 километр хабар медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои хориҷии ИМА Марко Рубио қаблан изҳор дошта буд, ки Вашингтон дар ҳоли ҳозир зарурати ҳамлаи дубора ба Эронро намебинад.

Дар баробари ин, Русия ва Чин аз ҳар ду ҷониб даъват кардаанд, ки ихтилофот ва танишҳои мавҷударо тавассути музокирот ҳал намоянд.

Коршиносон бар он назаранд, ки идомаи изҳороти таҳдидомез метавонад вазъи амниятиро дар минтақа боз ҳам печидатар созад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь