Тибқи натиҷаҳои назарсанҷии муштараки Reuters/Ipsos, 71 дарсади шаҳрвандони ИМА ҷонибдори иқдоми Конгресс барои хотима додан ба ҷанг бо Эрон мебошанд.
Натиҷаҳои назарсанҷӣ нишон медиҳанд, ки ин талабот миёни ҷонибдорони ҳар ду ҳизби асосии Амрико низ вуҷуд дорад. Аз ҷумла, 93 дарсади ҷонибдорони Ҳизби демократ ва 51 дарсади ҷонибдорони Ҳизби ҷумҳурихоҳ аз дахолати Конгресс барои қатъи даргирӣ пуштибонӣ кардаанд.
Ҳамзамон, аксарияти пурсидашудагон аз Конгресс даъват кардаанд, ки барои бекор намудани боҷҳои гумрукии ҷорӣкардаи президенти ИМА Доналд Трамп низ чора андешад.
Нигарониҳо аз афзоиши нархи маҳсулот ва гаронии зиндагӣ аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи Амрико арзёбӣ мешаванд. Ба гуфтаи манбаъ, назарсанҷӣ дар давоми чор рӯз гузаронида шуда, рӯзи душанбе ба анҷом расидааст.
Натиҷаҳои пурсиш аз афзоиши талаботи шаҳрвандони Амрико ба коҳиши хароҷоти рӯзмарра ва ҳалли мушкилоти иқтисодӣ шаҳодат медиҳанд.
Блоки рекламавӣ



