11 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо устондори вилояти Муборак Ал-Кабир ва иҷрокунандаи вазифаи устондори Ҳаваллӣ Шайх Сабоҳ Бадр Ас-Сабоҳ мулоқот намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайтро баррасӣ карда, доир ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун табодули назар намуданд.
Ҳамчунин, масъалаи ба роҳ мондани робитаҳои мустақим миёни минтақаҳои ду кишвар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки барои афзоиши гардиши молу маҳсулот ва ҷалби бештари сайёҳони кувайтӣ ба Тоҷикистон имкониятҳои зиёд мавҷуданд.
Блоки рекламавӣ



