Соли 2027 Тоҷикистон раёсати Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро (СААД) аз Русия ба уҳда мегирад. Дар ин бора зимни ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии созмон, ки 11 ноябр дар шаҳри Москва баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.

Тавре дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ зарурати таҳкими ҳамкории кишварҳои узви созмонро дар заминаи таъмини амнияти минтақавӣ ва мубориза бо терроризм таъкид кардааст.
Ба гуфтаи Президенти Тоҷикистон, дар давраи раёсати кишвар талошҳо барои таҳкими амнияти минтақавӣ таҳти шиори «Амнияти дастҷамъӣ: таҳкими марзҳо, суботи минтақавӣ, масъулияти муштарак» равона карда мешаванд.
Ҳамчунин, ба муносибати 25-солагии таъсиси СААД ва 35-солагии имзои Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ баргузории чорабиниҳои махсус дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки ба ҳайати СААД Русия, Беларус, Тоҷикистон, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон шомил мебошанд.
Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь