Дар мақола фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва саҳми доктори илмҳои фалсафа, файласуф, фарҳангшинос ва мунаққиди санъати кинои тоҷик Саъдулло Раҳимов дар омӯзиш ва таҳлили равандҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Кӯшиш кардам бо такя ба осори илмии устоди азизам Саъдулло Раҳимов, аз ҷумла монографияҳои «Эстетика зороастризма», «Очерки теории и истории таджикского кино», «Актуальные проблемы таджикской культуры» ва «Современное пространство таджикской культуры и искусства», хусусиятҳои методологии таҳқиқоташонро дар заминаи фалсафаи фарҳанг, таърихи тафаккури эстетикӣ, мероси тамаддунии ниёгон ва таҳлили фарҳанги муосир то ҷое муайян намоям. Дар меҳвари ин нигошта масъалаҳои пайванди мероси таърихӣ бо ҳувияти миллӣ, нақши арзишҳои маънавӣ дар рушди ҷомеа, муносибати фалсафа ва санъат, инчунин ҷойгоҳи синамо ҳамчун воситаи инъикос ва маърифати воқеияти иҷтимоӣ, ки устод бештар ин нуктаҳоро таваҷҷӯҳу пажӯҳиш кардаанд, қарор додам.
Дар шароити дигаргуниҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва густариши равандҳои ҷаҳонишавӣ масъалаи омӯзиши бунёдҳои таърихӣ, маънавӣ ва арзишии фарҳанги миллӣ аҳаммияти махсуси назариявию амалӣ касб менамояд. Дар чунин вазъият фарҳанг на танҳо маҷмуи дастовардҳои моддию маънавии ҷомеа, балки низоми мураккаби арзишҳо, меъёрҳо, рамзҳо ва шаклҳои худшиносии иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, таҳқиқи қонуниятҳои ташаккул, инкишоф ва тағйирёбии фарҳанги миллӣ яке аз самтҳои муҳимми илмҳои фалсафӣ ва фарҳангшиносӣ маҳсуб мешавад.
Дар таърихи ташаккули андешаи фалсафӣ-фарҳангии тоҷикон шахсиятҳое ҳастанд, ки бо фаъолияти илмӣ ва таҳқиқотии худ барои шинохти амиқтари мероси маънавӣ, муайян намудани ҷойгоҳи фарҳанги миллӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ ва таҳлили равандҳои фарҳангии замони муосир саҳми назаррас гузоштаанд. Доктори илмҳои фалсафа Саъдулло Хайруллоевич Раҳимов аз ҷумлаи чунин муҳаққиқон мебошад, ки фаъолияти илмии худро ба омӯзиши масъалаҳои фалсафаи фарҳанг, таърихи зебоишиносӣ, андешаҳои фалсафию эстетикии зардуштия, санъати театр ва синамо, инчунин таҳлили вазъи фарҳанги муосири тоҷик бахшидааст.
Аҳаммияти омӯзиши мероси илмии ӯ пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки муҳаққиқ фарҳангро ҳамчун падидаи таърихӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ баррасӣ намуда, робитаи байни таҷрибаи тамаддунии гузашта ва воқеияти фарҳангии имрӯзаро ба таҳқиқ гирифта. Дар осори ӯ фарҳанг танҳо объекти мушоҳидаи таърихӣ нест, балки низоми зиндаи маъноҳо ва арзишҳоест, ки дар ташаккули шуури ҷамъиятӣ, ҳувияти миллӣ ва самтгирии маънавии ҷомеа нақши муайянкунанда дорад.
1. Фалсафаи фарҳанг ҳамчун меҳвари ҷаҳонбинии илмии Саъдулло Раҳимов
Самти асосии фаъолияти илмии Саъдулло Раҳимовро метавон дар заминаи ташаккули равиши фалсафӣ ба таҳқиқи фарҳанг арзёбӣ намуд. Хусусияти фарқкунандаи ин равиш дар он ифода меёбад, ки муҳаққиқ фарҳангро аз доираи тасаввуроти маҳдуди таърихнигорӣ ва тавсифи осори ҳунарӣ берун оварда, онро ҳамчун падидаи дорои сохтори мураккаби фалсафӣ, эстетикӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоӣ мавриди омӯзиш қарор додааст.
Дар ин замина, осори ӯ имкон медиҳад, ки фарҳанг ҳамчун шакли махсуси таҷрибаи таърихии инсон ва воситаи интиқоли арзишҳои маънавӣ аз як насл ба насли дигар фаҳмида шавад. Ба ибораи дигар, фарҳанг дар тафсири Раҳимов на танҳо таҷассуми хотираи таърихӣ, балки омили фаъоли ташаккули тафаккур, ҷаҳонбинӣ ва худшиносии ҷомеа мебошад.
Яке аз муҳимтарин самтҳои таҳқиқоти ӯ омӯзиши бунёдҳои фалсафӣ ва эстетикии тамаддуни қадим, бахусус мероси зардуштия мебошад. Ин масъала дар рисолаи доктории Раҳимов таҳти унвони «Философско-эстетические идеи зороастризма» (2007) мавқеи марказӣ дорад. Муҳаққиқ дар ин асар кӯшиш намудааст, ки ҷанбаҳои фалсафӣ, мифологӣ, ахлоқӣ ва эстетикии ҷаҳонбинии зардуштиро дар робита бо таърихи тамаддуни халқҳои эронитабор таҳлил намояд.
Аҳаммияти илмии таҳқиқоти мазкур дар он аст, ки муаллиф зардуштияро танҳо ҳамчун низоми эътиқодии динӣ баррасӣ накарда, балки онро ҳамчун падидаи мураккаби маънавӣ ва ҷаҳонбинӣ бозгӯӣ мекунад. Ба андешаи ӯ, дар низоми мазкур мафҳумҳои Ҳақиқат ва Дурӯғ, Некӣ ва Бадӣ, Рӯшноӣ ва Торикӣ, Зебоӣ ва Зиштӣ дорои аҳаммияти бунёдии фалсафию эстетикӣ мебошанд.
Раҳимов дар рисолаи доктории худ таъкид мекунад, ки «муборизаи зиддиятҳо” яке аз принсипҳои муҳимми тафаккури фалсафӣ ва бадеии зардуштия ба шумор меравад. Ин андеша дар таҳқиқоти ӯ ҳамчун заминаи шарҳи низоми арзишӣ ва муносибати инсон ба олами ҳастӣ баррасӣ мегардад.
Аз нигоҳи таҳлили фарҳангшиносӣ, ин равиш имкон медиҳад, ки арзишҳои маънавии тамаддуни қадим ҳамчун унсурҳои ташаккулдиҳандаи шуури таърихӣ ва ҷаҳонбинии эстетикии ҷомеа маънидод карда шаванд. Муҳаққиқ ба масъалаи инсон дар низоми ҷаҳонбинии зардуштӣ низ таваҷҷуҳ намуда, хусусиятҳои инсонгароёнаи ин меросро мавриди таҳқиқ қарор додааст.
Ҷанбаи дигари муҳимми таҳқиқоти ӯ дар баррасии муносибати байни инсон, табиат ва муҳити иҷтимоӣ ифода меёбад. Дар ин замина, арзишҳои покӣ, тартибот, ҳамоҳангӣ ва муносибати созанда ба муҳити ҳастӣ ҳамчун ҷузъҳои муҳими ҷаҳонбинии қадим таҳлил мешаванд.
Бояд махсус таъкид намуд, ки Раҳимов дар таҳқиқи мероси қадим ба масъалаи истифодаи илмии он дар шароити муосир низ таваҷҷуҳ зоҳир кардааст. Ба андешаи ӯ, муроҷиат ба фарҳанги гузашта бояд бар пояи омӯзиши воқеъбинона ва таҳлили интиқодӣ сурат гирад. Мероси таърихӣ танҳо дар сурати дарки дурусти мазмун ва арзишҳои он метавонад ба омили рушди маънавии ҷомеаи имрӯз табдил ёбад.
Ҳамин тариқ, таҳқиқоти Саъдулло Раҳимов дар самти фалсафаи фарҳанг ба омӯзиши робитаи байни хотираи таърихӣ, ҷаҳонбинии миллӣ ва низоми арзишҳои маънавӣ нигаронида шудааст.
2. Мероси таърихию фарҳангӣ ва масъалаи ташаккули ҳувияти миллӣ
Яке аз масъалаҳои меҳварии осори Саъдулло Раҳимов муносибати байни мероси фарҳангии гузашта ва раванди ташаккули худшиносии миллист. Устод Раҳимов бар он назар аст, ки ҷомеаи муосир бидуни омӯзиши амиқ ва воқеъбинонаи таърихи маънавии худ наметавонад самтҳои устувори рушди фарҳангиро муайян намояд.
Ин мавқеъ махсусан дар мақолаи илмии ӯ «Проблемы современной таджикской культуры» равшан инъикос ёфтааст. Муаллиф дар ин таҳқиқот зарурати омӯзиши паҳлӯҳои гуногуни мероси маънавии тоҷиконро аз тамаддуни бостонӣ то давраҳои минбаъдаи таърихӣ таъкид намуда, ба масъалаи истифодаи имкониятҳои маънавии гузашта дар бунёди фарҳанги муосир таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.
Раҳимов дар ин хусус менависад: «…ҳаракат ба суи оянда наметавонад бе омузиши чуқури мероси ниёгон сурат гирад”.
Ин андеша яке аз мавқеъҳои консептуалии ҷаҳонбинии илмии муҳаққиқро ифода менамояд. Маънои он дар он аст, ки ояндаи фарҳангӣ ва маънавии ҷомеа аз дараҷаи шинохти воқеъбинонаи таърихи худ вобастагии мустақим дорад.
Аз нигоҳи фалсафаи таърих, мероси фарҳангӣ на танҳо маҷмуи ёдгориҳо ва осори гузашта, балки шакли нигоҳдории таҷрибаи иҷтимоӣ, хотираи коллективӣ ва идомаи арзишҳои тамаддунист. Дар ҳамин замина, омӯзиши мероси ориёӣ, зардуштӣ ва дастовардҳои давраҳои баъдинаи таърихӣ дар осори Раҳимов аҳаммияти хос пайдо мекунад.
Муҳаққиқ таърихи маънавии тоҷиконро ҳамчун раванди бисёрқабата ва пайваста баррасӣ менамояд. Дар ин раванд осори Рӯдакӣ, Ибни Сино, Аттор, Ҷалолиддини Балхӣ, Умари Хайём, Ҳофиз, Бедил ва амсоли инҳо ҳамчун ҷузъҳои муҳимми ташаккули тафаккури фалсафӣ ва эстетикии мардуми тоҷик мавриди таваҷҷуҳ қарор мегиранд.
Ин гуна муносибат аз он шаҳодат медиҳад, ки муаллиф таърихи фарҳангро дар доираи як давраи ҷудогона маҳдуд намекунад, балки пайдарҳамии равандҳои таърихию маънавиро ба инобат мегирад. Аз ин ҷиҳат, мероси фарҳангӣ ҳамчун низоми пайвастаи арзишҳо ва маъноҳо баррасӣ мешавад, ки дар ҳар давраи таърихӣ шаклҳои нави зуҳур пайдо мекунад.
Дар таҳқиқоти мазкур масъалаи ҳувияти миллӣ низ аҳаммияти назариявӣ дорад. Ҳувияти миллӣ дар ин замина ҳамчун натиҷаи ҳамкории хотираи таърихӣ, забон, арзишҳои фарҳангӣ, анъанаҳо ва таҷрибаи иҷтимоии ҷомеа фаҳмида мешавад.
Муҳим он аст, ки Раҳимов дар баррасии мероси гузашта ба зарурати таҳлили интиқодӣ низ ишора мекунад. Яъне на ҳамаи анъанаҳо ва унсурҳои таърихӣ метавонанд дар шароити муосир бидуни бознигарӣ мавриди истифода қарор гиранд. Меъёри асосӣ бояд арзиши маънавӣ, гуманистӣ ва созандаи онҳо бошад.
Аз ин нуқтаи назар, равиши илмии муҳаққиқро метавон ҳамчун кӯшиши пайвастани хотираи таърихӣ бо ниёзҳои маънавии ҷомеаи муосир арзёбӣ намуд.
3. Синамо ҳамчун шакли маърифати фалсафӣ ва инъикоси воқеияти иҷтимоӣ
Ҷойгоҳи махсуси фаъолияти илмии Саъдулло Раҳимовро таҳқиқи масъалаҳои назария ва таърихи синамои тоҷик ташкил медиҳад. Ӯ аз ҷумлаи муҳаққиқонест, ки муносибати фалсафа ва санъати синаморо на танҳо аз нуқтаи назари таърихи ҳунар, балки ҳамчун масъалаи маърифатшиносӣ ва фалсафаи санъат баррасӣ намудааст.
Ин мавқеъ дар мақолаи илмии ӯ бо ҳаммуаллифӣ таҳти унвони «Фалсафа ва кино» низ инъикос ёфтааст. Муаллифон дар он хусусиятҳои шинохти олами ҳастиро тавассути фалсафа ва санъати синамо муқоиса намуда, ба фарқияти механизмҳои маърифатии онҳо таваҷҷуҳ мекунанд.
Дар мақолаи мазкур чунин андеша баён шудааст: агар дар фалсафа шинохти олам тавассути моделҳои мантиқӣ ва ратсионалӣ сурат гирад, пас дар санъат ин раванд бо воситаи образҳои бадеӣ амалӣ мегардад.
Ин андеша барои дарки моҳияти эстетикии синамо аҳаммияти муҳим дорад. Синамо на танҳо воситаи таҷассуми воқеияти зоҳирӣ, балки шакли махсуси тафсир ва маънидоди ҳаёти инсон, муносибатҳои иҷтимоӣ ва арзишҳои маънавӣ мебошад.
Дар ин замина, образи бадеӣ ҳамчун воситаи инъикоси таҷрибаи инсонӣ ва ташаккули муносибати эстетикии тамошобин ба воқеият баромад мекунад. Аз ин рӯ, синамо метавонад на танҳо иттилоъ диҳад, балки ҷаҳонбинии инсонро ташаккул дода, ба дарки равандҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ таъсир расонад.
Ин масъала дар монографияи Саъдулло Раҳимов «Очерки назария ва таърихи кинои тоҷик » низ мавқеи муҳим дорад. Устод Раҳимов дар ин асар марҳилаҳои ташаккул ва инкишофи синамои тоҷикро таҳлил намуда, равандҳои таърихию иҷтимоӣ, хусусиятҳои эҷодӣ ва ҷанбаҳои эстетикии филмҳои миллиро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
Арзиши илмии асар дар он аст, ки таърихи синамои тоҷик танҳо ҳамчун пайдарҳамии рӯйдодҳо, филмҳо ва фаъолияти коргардонҳо пешниҳод намегардад. Баръакс, он ҳамчун ҷузъи таркибии раванди умумии ташаккули фарҳанги миллӣ ва инъикоси тағйироти иҷтимоӣ таҳқиқ мешавад.
Дар ин замина, таҳлили филмҳои «Достони Рустам», «Рустам ва Суҳроб», «Достони Сиёвуш», «Дохунда», «Қисмати шоир», «Марги судхӯр» ва дигар асарҳои синамои тоҷик аҳаммияти махсус пайдо мекунад. Ин филмҳо на танҳо маҳсули фаъолияти эҷодии ҳунармандон, балки шаклҳои бадеии таҷассуми хотираи таърихӣ, ҷаҳонбинии фарҳангӣ ва шинохти арзишҳои маънавии миллӣ ва арзишҳои ахлоқию иҷтимоӣ мебошанд.
Раҳимов тавассути таҳлили чунин осор масъалаи муносибати санъат ва ҷомеа, нақши образҳои таърихӣ дар ташаккули худшиносии миллӣ ва имкониятҳои синамо дар нигоҳдории мероси маънавиро ба миён мегузорад.
Ҳамзамон, фаъолияти ӯ дар соҳаи синамо бо таҳқиқоти назариявӣ маҳдуд намешавад. Роҳбарӣ ба киностудияи «Тоҷикфилм», иштирок дар фаъолияти созмонҳои касбӣ ва саҳмгузорӣ дар ташкил ва баргузории кинофестивали байналмилалии «Дидор» аз робитаи бевоситаи фаъолияти илмӣ бо амалияи фарҳангӣ шаҳодат медиҳад.
Аз ин лиҳоз, Саъдулло Раҳимовро метавон аз ҷумлаи муҳаққиқоне донист, ки дар ташаккули робитаи мутақобилаи илм, санъат ва фаъолияти фарҳангӣ нақши муассир гузоштаанд.
4. Фарҳанги муосири тоҷик: таҳлили интиқодӣ ва масъалаҳои рушди маънавӣ
Яке аз ҷанбаҳои муҳими мероси илмии Саъдулло Раҳимов таҳлили интиқодии вазъи фарҳанги муосири тоҷик мебошад. Ин масъала дар монографияи «Мушкилоти муҳими фарҳанги тоҷик” ва мақолаи « Мушкилоти фарҳанги имрузаи тоҷик” мавқеи марказӣ дорад.
Муҳаққиқ дар ин асарҳо фарҳанги муосирро ҳамчун низоми мураккаби муносибатҳои иҷтимоӣ, арзишҳои маънавӣ, завқи эстетикӣ ва шаклҳои рафтори ҷамъиятӣ баррасӣ менамояд.
Мавқеи илмии устод Раҳимов аз он ҷиҳат муҳим аст, ки таҳлили фарҳанги имрӯзаро танҳо ба масъалаи ҳифзи анъанаҳо маҳдуд намекунад. Баръакс, ӯ кӯшиш менамояд, ки зиддиятҳои дохилӣ, тамоюлҳои тағйирёбӣ ва омилҳои боздорандаи рушди фарҳангиро ошкор намояд.
Дар мақолаи « Мушкилоти фарҳанги имрузаи тоҷик” муҳаққиқ ба масъалаҳои сатҳи маърифатнокии ҷомеа, тағйирёбии завқи эстетикӣ, муносибати мардум ба санъати касбӣ, вазъи театр ва мусиқӣ, рушди тафаккури интиқодӣ ва нақши зиёиён дар ҳаёти ҷамъиятӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.
Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки ӯ ба миён мегузорад, бетарафии як қисми зиёиён аз равандҳои муҳими иҷтимоию фарҳангӣ мебошад. Ба андешаи муҳаққиқ, зиёӣ наметавонад танҳо бо эҷоди асарҳои илмӣ ва фаъолияти маҳдуди касбӣ қаноат кунад, балки бояд дар ташаккули фазои маънавӣ, рушди тафаккури интиқодӣ ва ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеа иштироки фаъол дошта бошад.
Ин мавқеъро метавон дар заминаи назарияи масъулияти иҷтимоии зиёиён шарҳ дод. Зеро зиёӣ ҳамчун субъекти фаъоли ҳаёти маънавии ҷомеа на танҳо интиқолдиҳандаи дониш, балки саҳмгузори ташаккули арзишҳо ва меъёрҳои иҷтимоӣ мебошад.
Раҳимов инчунин ба масъалаи камранг ва маҳдуд гардидани муҳтавои фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Ӯ ин равандро бо коҳиш ёфтани таваҷҷуҳ ба шаклҳои касбӣ ва мураккаби санъат, кам шудани иштироки ҷомеа дар ҳаёти театрӣ ва консертӣ, суст гардидани муҳити баҳсу мунозираҳои илмӣ ва маҳдуд шудани ташаббусҳои эҷодӣ алоқаманд медонад.
Аз нигоҳи фарҳангшиносӣ, ин масъалаҳоро метавон ҳамчун зуҳуроти тағйирёбии сохтори истеъмоли фарҳангӣ ва дигаргуншавии муносибати иҷтимоӣ ба арзишҳои маънавӣ маънидод кард.
Масъалаи дигаре, ки дар осори Раҳимов ҷойгоҳи муҳим дорад, таъсири фарҳангҳои беруна ба фазои маънавии ҷомеа мебошад. Раҳимов ба он ишора мекунад, ки таъсирпазирӣ аз фарҳангҳои дигар дар сурати заиф будани мавқеи эҷодии фарҳанги миллӣ метавонад боиси маҳдуд шудани имкониятҳои худифодакунии фарҳангӣ гардад.
Албатта, ин масъала маънои рад намудани муколамаи байнифарҳангиро надорад. Баръакс, зарурати ташаккули муносибати бошуурона ва интихобӣ ба дастовардҳои фарҳангҳои дигарро ба миён мегузорад. Зеро ҳамгироии фарҳангӣ танҳо дар сурати ҳифзи қобилияти эҷодӣ ва худшиносии миллӣ метавонад ба раванди созанда табдил ёбад.
Аз ин нуқтаи назар, андешаҳои Раҳимов дорои аҳаммияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ буда, барои таҳқиқи равандҳои ҷаҳонишавӣ, тағйирёбии завқи эстетикӣ ва муносибати наслҳои ҷавон ба арзишҳои миллӣ заминаи муайяни назариявӣ фароҳам меоранд.
5. Наврӯз ва арзишҳои эстетикии фарҳанги миллӣ
Дар байни мавзӯҳои таҳқиқкардаи Саъдулло Раҳимов омӯзиши ҷанбаҳои фарҳангӣ ва эстетикии ҷашнҳои миллӣ низ ҷойгоҳи махсус дорад. Аз ҷумла, дар монографияи «Мушкилоти муҳими фарҳанги тоҷик” масъалаи Наврӯз ҳамчун падидаи фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии созанда мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Устод Наврӯзро на танҳо ҳамчун ҷашни тақвимӣ, балки ҳамчун зуҳуроти дорои мазмуни амиқи фалсафӣ, иҷтимоӣ ва эстетикӣ маънидод мекунад. Дар ин замина, ҷанбаҳои болидарӯҳӣ, некбинӣ, созандагӣ ва ҳамоҳангии инсон бо табиат аз хусусиятҳои муҳими маънавии ҷашн арзёбӣ мешаванд.
Аз нигоҳи фарҳангшиносӣ, Наврӯз шакли махсуси таҷассуми хотираи таърихӣ ва ҳувияти фарҳангӣ буда, дар тӯли асрҳо ҳамчун воситаи интиқоли арзишҳо ва анъанаҳои иҷтимоӣ амал кардааст.
Аҳаммияти Наврӯз дар он ифода меёбад, ки он муносибати инсонро ба табиат, замон, ҳаёт ва ҷомеа дар шакли рамзӣ ва маросимӣ таҷассум менамояд. Мафҳумҳои навшавӣ, эҳё, покизагӣ, ҳамоҳангӣ ва созандагӣ дар сохтори маъноии ин ҷашн мавқеи марказӣ доранд.
Аз ин ҷиҳат, таҳқиқи Наврӯз дар осори Раҳимов бо самти умумии фаъолияти илмии ӯ, яъне омӯзиши арзишҳои эстетикӣ ва маънавии фарҳанги миллӣ, робитаи мустақим дорад.
Қобили таваҷҷуҳ аст, ки чунин муносибат ба ҷашнҳои миллӣ имконият медиҳад, ки онҳо на танҳо ҳамчун анъанаҳои таърихӣ, балки ҳамчун институтҳои фарҳангии ҷомеа таҳқиқ карда шаванд. Зеро ҷашнҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ вазифаҳои муҳимми муттаҳидсозӣ, ҳифзи хотираи миллӣ, интиқоли арзишҳо ва таҳкими ҳамбастагии фарҳангиро иҷро менамоянд.
Ҳамин тавр, таҳқиқоти Раҳимов дар ин самт барои дарки амиқтари табиати иҷтимоӣ ва эстетикии ҷашнҳои миллӣ аҳаммияти илмӣ доранд.
6. Монографияи“Фазои муосири фарҳанг ва ҳунари тоҷик” ҳамчун ҷамъбасти андешаҳои фалсафӣ-фарҳангӣ
Яке аз асарҳои муҳимми давраи охири фаъолияти илмии Саъдулло Раҳимов монографияи «”Фазои муосири фарҳанг ва ҳунари тоҷик”» (Душанбе, 2023) мебошад. Ин асар аз ҷиҳати фарогирии доираи масъалаҳо ва гуногунрангии мавзуъҳо идомаи мантиқии таҳқиқоти пешинаи муаллиф ба шумор меравад.
Дар ин асари устод як қатор масъалаҳои муҳими фарҳанги миллӣ, фалсафа, адабиёт, меъморӣ, синамо ва санъати муосир пажӯҳишу баррасӣ гардидаанд.
Дар мундариҷаи китоб бахшҳои «Мушкилоти фарҳанги муосири тоҷик», «Ҷойгоҳ ва вазифаҳои калима дар фарҳанги форсӣ-тоҷикии даврони Кавкаби Бухороӣ», «Фалсафаи шеър», «Меъморӣ, ки шуури моро тағйир медиҳад», «Таъсири мутақобилаи миллӣ, минтақавӣ ва минтақавӣ дар фарҳанг» ва дигар мавзуъҳо ҷой гирифтаанд.
Муҳиммияти ин асар дар он аст, ки муаллиф фарҳанги тоҷикро ҳамчун фазои ягонаи таърихию маънавӣ баррасӣ намуда, робитаи байни соҳаҳои гуногуни фаъолияти фарҳангиро ошкор мекунад.
Масалан, дар таҳқиқи масъалаи таъсири меъморӣ ба шуури инсон Раҳимов ба робитаи байни муҳити сунъии зиндагӣ ва ташаккули дарки эстетикии воқеият таваҷҷуҳ менамояд. Ин масъала аз доираи санъатшиносӣ берун рафта, ба соҳаи антропологияи фарҳангӣ ва фалсафаи муҳити зисти инсон низ иртибот пайдо мекунад.
Дар бахши муносибати миллӣ, минтақавӣ ва фароминтақавӣ бошад, масъалаи робитаи фарҳангҳо ва шаклҳои ҳамкории онҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад. Ин масъала дар шароити ҷаҳонишавӣ аҳаммияти махсус дорад, зеро фарҳанги миллӣ дар алоҳидагӣ ташаккул намеёбад, балки дар робитаи доимӣ бо муҳитҳои дигари фарҳангӣ инкишоф меёбад.
Аз ин ҷиҳат, монографияи мазкурро метавон ҳамчун кӯшиши таҳлили маҷмуии фазои фарҳангии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии муносибатҳои иҷтимоӣ ва густариши равандҳои байнифарҳангӣ арзёбӣ намуд.
Хусусияти дигари асар дар гуногунсамтии методологии он зоҳир мегардад. Муаллиф барои таҳлили падидаҳои фарҳангӣ аз имкониятҳои фалсафаи фарҳанг, эстетика, таърихи санъат ва равишҳои фарҳангшиносӣ истифода мекунад.
Ин хусусият имкон медиҳад, ки масъалаҳои фарҳанг на ҳамчун падидаҳои ҷудогона, балки дар робитаи мутақобилаи иҷтимоӣ, таърихӣ, маънавӣ ва эстетикии онҳо дарк карда шаванд.
7. Аҳаммияти методологӣ ва идомаи мероси илмии муҳаққиқ
Баррасии осори Саъдулло Раҳимов нишон медиҳад, ки фаъолияти илмии ӯ дорои чанд хусусияти муҳимми методологӣ мебошад.
Якум, муносибати таърихию фарҳангӣ ба омӯзиши падидаҳои маънавӣ. Муҳаққиқ кӯшиш менамояд, ки ҳар як падидаи фарҳангиро дар заминаи шароити таърихии ташаккул ва инкишофи он таҳлил намояд.
Дуюм, муносибати байнисоҳавӣ. Дар таҳқиқоти ӯ фалсафа, эстетика, таърихи фарҳанг, санъатшиносӣ, адабиётшиносӣ ва масъалаҳои иҷтимоӣ бо ҳам алоқаманд мегарданд. Ин равиш имкон медиҳад, ки падидаҳои мураккаби фарҳангӣ аз мавқеъҳои гуногуни илмӣ баррасӣ шаванд.
Сеюм, таҳлили интиқодӣ. Муҳаққиқ ба арзёбии воқеъбинонаи вазъи фарҳанг, муайян намудани мушкилот ва ошкор кардани зиддиятҳои дохилии он аҳаммияти махсус медиҳад.
Чорум, робитаи назария ва амалия. Фаъолияти ӯ дар соҳаи синамо, таҳияи асарҳои илмӣ, иштирок дар фестивалҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо муҳаққиқону ҳунармандон аз он шаҳодат медиҳад, ки донишҳои назариявиро дар алоқамандӣ бо таҷрибаи воқеии фарҳангӣ баррасӣ менамуд.
Панҷум, таваҷҷуҳ ба масъалаи инсон ҳамчун субъекти фарҳанг. Дар бисёре аз таҳқиқоти ӯ инсон на танҳо истеъмолкунандаи арзишҳои фарҳангӣ, балки офаранда, интиқолдиҳанда ва тафсиркунандаи онҳо мебошад.
Аз ин лиҳоз, мероси илмии Саъдулло Раҳимовро метавон дар доираи равишҳои муосири фалсафаи фарҳанг ва антропологияи фарҳангӣ низ мавриди омӯзиш қарор дод.
Аҳаммияти таҳқиқоти ӯ танҳо бо масъалаҳои таърихӣ маҳдуд намешавад. Баръакс, онҳо барои дарки масъалаҳои муосир, аз ҷумла тағйирёбии низоми арзишҳо, муносибати наслҳо ба мероси миллӣ, рушди тафаккури эстетикӣ ва мавқеи зиёиён дар ҷомеа заминаи илмӣ фароҳам меоранд.
Бо дарназардошти гуногунсамтии осори ӯ, омӯзиши минбаъдаи мероси илмии Раҳимов дар чанд самти муҳим метавонад идома ёбад: таҳқиқи консепсияи фалсафаи фарҳанг дар осори ӯ; муайян намудани саҳми ӯ дар рушди назарияи синамои тоҷик; омӯзиши андешаҳои эстетикии ӯ дар заминаи мероси зардуштӣ; таҳлили муносибати ӯ ба масъалаҳои ҳувияти миллӣ ва фарҳанги муосир.
Дар натиҷагирӣ аз осору шахсияти эҷодии устод Саъдулло Раҳимов бар ин хулоса мерасем, ки ӯ дар рушди фалсафаи фарҳанг, фарҳангшиносӣ ва санъатшиносии тоҷик саҳми назаррас гузоштааст. Меҳвари асосии фаъолияти илмии ӯро омӯзиши робитаи байни мероси таърихию маънавӣ, тафаккури эстетикӣ, ҳувияти миллӣ ва равандҳои фарҳангии замони муосир ташкил медиҳад.
Таҳқиқоти ӯ дар соҳаи фалсафаи зардуштия барои омӯзиши арзишҳои ҷаҳонбинии қадим ва муайян намудани ҷанбаҳои фалсафию эстетикии мероси тамаддунии тоҷикон аҳаммияти муҳим доранд. Осори марбут ба таърих ва назарияи синамо бошад, барои дарки нақши санъат дар инъикоси воқеияти иҷтимоӣ, ташаккули шуури эстетикӣ ва нигоҳдории хотираи фарҳангӣ заминаи назариявӣ фароҳам меоранд.
Ҳамзамон, таҳқиқоти устод дар самти фарҳанги муосир масъалаҳои мубрами рушди маънавии ҷомеа, масъулияти иҷтимоии зиёиён, тағйирёбии завқи эстетикӣ ва муносибати ҷомеаро ба мероси миллӣ ба миён мегузоранд. Ин ҷанбаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки Раҳимов фарҳангро ҳамчун низоми зинда ва тағйирёбандаи арзишҳо баррасӣ намуда, ба зарурати пайванди хотираи таърихӣ бо талаботи рушди ҷомеаи муосир таваҷҷуҳ доштааст.
Дар маҷмуъ, аҳаммияти мероси илмии Саъдулло Раҳимов дар он ифода меёбад, ки ӯ бо истифода аз равишҳои фалсафӣ, таърихӣ ва эстетикӣ барои амиқтар шинохтани фарҳанги миллӣ, муайян намудани ҷойгоҳи он дар фазои тамаддуни ҷаҳонӣ ва таҳлили масъалаҳои маънавии ҷомеаи муосир саҳм гузоштааст.
Осори ӯ имрӯз низ метавонад ҳамчун сарчашмаи муҳими илмӣ барои таҳқиқоти минбаъда дар соҳаи фалсафаи фарҳанг, фарҳангшиносӣ, эстетика, таърихи санъат ва синамошиносӣ мавриди истифода қарор гирад. Аз ин рӯ, омӯзиши низомноки мероси илмии Раҳимов на танҳо эҳтиром ба хотираи як донишманди соҳибмактаб, балки зарурати идомаи таҳқиқоти илмӣ дар самти шинохти таърихи маънавӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон мебошад.
Зоҳири САЙФУЛЛО


