Яқе аз сермаҳсултарин эҷодгари заҳматии тоҷиқ, филмнавис ва адиб ва пажуҳишгар Абдурофеъ Рабизода (Шерақи Ориён) ба синни муборақи 75 қадам мениҳад. Ў муаллифи зиёда аз сад қитоби ба табъ расида ва 44 филми бадеӣ, санадӣ ва тасвирӣ мебошад ва маҳсули эҷодиёташ ба ҳашт ҷоизаи байналхалқӣ сазовор шудааст ва қалами сеҳрофарашро тиллоӣ эълон қардаанд, яъне ў дорандаи ҷоизаи “Қалами тиллоӣ” (Золотое перо) мебошад ва навиштаҳояш ба 43 забони сайёра тарҷумаю нашр шудаанд.
Дар эҷодам саҳми модарам бештар аст
– Шумо дар Бохтар ба дунё омадаед ва рӯзгори бачагиятон он ҷо паси сар шудааст. Яқинтараш…
– Аслан бобоқалонҳои мо аз Бухорои шариф ва модарқалонҳои мо аз Самарқанди қандманд будаанд, қи бо мурури замон ва вазъи айём ба Панҷақент барои иҷрои масъулиятҳо омадаанд. Баъдан бобоям ва момоям ва падару модарам ба “Вахшстрой” (Вахшбунёд) меоянд, қи барои шодоб намудани даштҳои ташналаб ин ҷо талошҳои зиёд ба харҷ медиҳанд ва падарам, қи сохтмончӣ буд, дар ободии масқунгоҳҳои гуногун ва сохтани мақтабу қлубу ҳамому дигар иншоотҳо заҳмат меқашид. Хуллас ман вахшзода ҳастам ба мисли Носири Хисрав ва Ҷалолиддини Балхӣ. Зеро ин ҷо ба дунё омадаам. Ва то синфи чаҳорум дар Бохтар зиндагӣ ба сар бурдаам.
– Дар эҷодатон саҳми падар бештар буд ва ё модар?
– Модарам гӯяндаи афсонаҳо буданд ва маҳорати хуби қиссагӯӣ доштанд. Ёдам ҳаст, занҳо баъди қори пахта бегоҳирӯзӣ ба ҳавлии мо меомаданд ва қорҳои нимубуди худро ин ҷо оварда иҷро меқарданд, яъне ба мисли дўхтану шустан ва монанди ин. Бештар барои он меомаданд, то аз забони модарам қиссаву афсонаҳо бишнаванд. Он замонае буд, қи водӣ фақат яқ радиои нуқтагӣ дошт, қи барномааш ҳамааш шуда яқ-ду соат давом меқард. Ва телевизион ҳоло билқул набуд ва Тоҷиқистон алҳол шабақаҳои телевизионӣ надошт. Аз ин боис занҳо пеши модарам афсонашунавӣ меомаданд то талаботҳои фарҳангӣ ва маънавии худро то ҳаде пур биқунанд. Ва онҳо модарамро ба далели афсонаи зиёд донистанаш, Бибӣ Афсона ном мебурданд ҳарчанд номашон Зуҳра буд
Мо дар оила 10 фарзанд будем ва илова ба ин, модарам боз 3 нафар ятимро ба тарбият гирифта буданд. Дар ин ҳол албатта таъмини зиндагӣ бо хуроқаву пўшоқа осон набуд. Вақте ман ба мақтаб мерафтам, бо мӯзаи қирзӣ (қорӣ) ба дарс медаромадам. Ин бароям сахт мерасид, чун дар синфамон 35 қас таҳсил меқарданду аз онҳо қариб 30 нафарашон бо туфлӣ меомаданд.
Рӯзе яқ нафар ҳамсинфам бигуфт “ман навиштае ба чоп расондаму пул, яъне ҳақи қалам гирифтам” ва баъд боз ба мўзаҳои ҳулидаи пошнааш андақ қаҷзадаи пойҳои ман нигаристу илова қард: ту ҳам метавонӣ чизе нависӣ ва гар чоп шавад ҳақи қаламаш ба ту суд меқунад. Баъд ману вай бо ду нафари дигар дар яқ мавзўи мақтабӣ навиштаҳо ба вуҷуд оварда, аз ноҳия ба чор рўзномаи ҷумҳурӣ фиристодем. Навиштаи онҳо чоп нашуд ва ман гумон қардам аз они ман умуман рўи чопро намебинад. Баъдан аҷибаш, қи навиштаи ман дар 4 рўзнома чоп шуд ва ба ивазаш тақрибан 15 ё 16 сум ҳаққи қалам биомад. Ин миқдор пул он замон қадри зиёд дошт ва ба ман имқон дод, қи ҳам туфлӣ хараму бо ин мўзаамро иваз биқунам ва ҳам шиму қостюми нав харидорӣ намоям. Ва ҳамин нависо нависи худро идома додаи шудам. Ва ин имқон дод аз ҳақи қалам ҳатто велосипеддор шавам. Баъд таъсири ҳамин навиштаҳо буд, қи ҳангоми мақтабхониам маро барои қор ба рӯзномаи ноҳиявии “Зарафшон” (он дар яқ ҳафта се бор ва теъдоди қариб 50 ҳазор чоп мешуд) даъват намуданд. Зеро ин замон мо дар водии Зарафшон зиндагӣ ба сар мебурдем. Ин ҷо баъзан зарур мешуд барои ҳар шумораи рўзнома чанд мавод нависам. Хуллас, шўълаи эҷодгарӣ дар дилам бештар аланга мезад ва маро ба роҳи пуртӯфони рӯзноманигорӣ мебурд. Он ҷо баъди итмоми мақтаби миёна ҳам мондам. Баъдтар ба шуъбаи журналистиқаи Донишгоҳи давлатии Тоҷиқистон (имрӯза ДМТ) дохил шудам ва аз рӯйи ихтисоси мазқур таҳсил намудам.
– Чӣ Шуморо аз журналист ба нависанда низ бадал бидод?
– Албатта таъсири афсонаҳо ва ҳиқоябофиву қассасозиҳои модарам буд ва баъдан таъсири зиёд қитоб хондан ва таъсири ба рўйдодҳои ҳаёт ва саргузашти одамон назари амиқ андохтан ва доири онҳо ба андешаҳои ҳамчунин амиқ рафтан. Хуллас ман аз замони донишҷӯӣ ҳар гуна қиссаву ҳиқояҳо менавиштам ва тамоман пиҳон медоштам то ба қурси чорум расидам. Ва боре яқе аз онҳоро ба адиб Сорбон, қи бинояш дар паҳлўи иҷорахонаи навбатии мо буд бурдам. Сорбон онро аз ман гирифту аз назар гузарондан хост ва маро фаромўш қард. Ва қиёфаи ҷидиаш ҷиддитар мегардид. Ва гумон қардам баъд сар мебардораду мегўяд: “Намешавад. Билқул намешавад!” Ва ў навиштаи маро, қи аз бист варақ зиёд буд ҳамоно мехонд. Фақат баъди сар бардоштанаш ин ҷо будани маро гуё ёд овар ва сўям назар биафқанд. Баъд изҳор дошт: “Ин хел ҳиқоятҳои хубро фақат дар “Садои шарқ” чоп қарданашон лозим, – сипас биафзуд: – Ҳарчанд ёд надорам он ҷо ягон навишати ягон студентро боре чоп қарда бошанд…” Баъд ў қалам гирифту яқ ибораамро дар саҳифае дигар биқард, яъне ба ҷой “қатраҳои борон” навишт: “қатраборон”. Ва дигар чизеро ислоҳ нақард.
Ва ниҳоят ман онро садгумона ба “Садои Шарқ” бурдаму додам ва зуд аз ин қорхона берун шудам. Охир чопшудаҳои “Садои Шарқ” – ро, қи баландтарин сатҳи адабиёти онзамонаи тоҷиқ мешумориданд пас навиштаи худро зери дил бррои он ҷо нолоиқ шуморидам.
Намедонистам ин ҳиқояти бурдаам дар “Садои Шарқ” чоп мешавад
Ва боз ѓайричашмдошти худам ин ҳиқоят таваҷҷуҳи устод Сотим Улуғзодаро ба худаш қашидааст. Ва устод ҳатто навишта буданд “…Ҳиқояи нахусти Абдурофеъ «Обхез»-ро хонда, хулоса намудам, ба адабиёт ҷавони баистеъдод ва хушсалиқа ворид гардидааст ва оянда дарёи қамобшудаи насри моро сероб ва ба он нафаси тоза ва таппиши нав ва маъниву фаҳмиши дигар ворид қарда метавонад…»
Баъд устод Латифӣ дар “Правда”, қи рўзномаи асосии Иттифоқи Шўравӣ буду аз ҳама тиражи азим дошт, яъне ҳар шуморааш аз 50 миллион зиёдтар нашр мешуд доири ин ҳиқояти “Обхез” ва нахустин повести ман “Аспи охирин” навиштаи азим ба миён овард.
Ин навиштаҳои Улуѓзода ва Латифӣ ба зумрае аз доираи адабӣ писанд наомад ва гуфтанд “ҳеҷ мумқин нест аз ин писарақи назарногири содаандом адиб бирўяд. Ва ҳиқояти “Обхез” – аш баландтарин сатҳи вай асту аз ин ҳеҷ гоҳ боло наравад ва бо ин ҳамааш тамом мешавад!”
Ва хоса доири қиссаи “Аспи охирин”бадгўӣ меқарданд. Ва нашри онро дар “Садои Шарқ” боздоштанд.
Он вақтҳо ақлам намегирифт, қи бахилӣ шурўъ шуда вобастаи ман ва дар олами эҷоду эҷодгарӣ ҳамин чиз низ буда бошад. Яъне он чизе қи номашро ҳасуд ҳасудхурӣ биноманд. Ва доири ин повестам гуфтанд: ту мавзуеро гирифтаӣ, қи гуфтанаш мумқин нест, чун оилаҳои шуравӣ ҳама намунаанду баъзеашро манфӣ нишон доданат ва хоса тарбияи нодурусти фарзандонро аз ҷониби онҳо ба тасвир қашиданат нодуруст”. Ва баъдтар чун бояд форум ё қурс-қонференсияи эҷодқорони ҷавони шуравӣ ва мамлақатҳои сотиалистӣ дар Масқав амалӣ мешуд ман тарҷумаи таҳтулафзии повестамро он ҷо фиристондам. Чун дар Масқав ин навиштаҳоро хонданд вақти муҳоқима иброз доштанд: “ин яқ струни нав, яъне яқ тораи нав дар асбоби навозандагии адабиёти ҷавони шуравӣ аст, қи оҳанги пурасрору диловез мебарорад”. Ва ин гуфтаҳоро ва ин повестро дар маҷаллаи “Литературная учеба”, қи бо теъдоди 380 ҳазор нусха мебаромад, чоп қарданд. Ва ҳамчунин нашриёти бонуфуси “Молодая гвардия” бо теъдоди 100 000 нусха онро чоп намуд ва сипас журнали “Советсқий писатель” ба ҳашт забони асоси дунё онро тарҷумаю нашр намуд… Гўё муваффақиятҳо таъмин буданд.
Вале дар ин миён ман яқбора аз қор рафтам (муҳаррири барномаҳои адабии радиои Тоҷиқистон будам). Ва аз Душанбе ва аз эҷодгарӣ қанортар шудан бихостам.
– Чаро яқу яқбора ин тавр шуд? Охир шуморо эҷодгари умедбахш мепиндоштанд он замон…
– Зеро нохост дарқ намудам: худамро тақрор меқунам, яъне дар эҷоду эҷодгарӣ. Зеро ҳаётро пурра намедонам, то онро хамаҷиҳата ва фаррох ба тасвири дигар қашида тавонам. Ва номи ин рафтанамро “ҳаётомузӣ” гузоштам. Боз гуфтам, қи агар ҳаётро пурра омўхта ва пурра сарфаҳм рафта тавонам он гаҳ ба эҷодгарӣ баргаргаштанам мумқин, вагарна зарурате надорад.
– Баъд хоҳу нохоҳ баргаштед…
– Албатта сабаб дошт. Яъне дар ин миён таҳиягари бузурги қино, яъне таҳиягари қиноҳои номвари “Қисмати шоир” ва “Рустаму Сўҳроб” ва монанди ин Бенсион (Борис) Қимёгаров дар истироҳатгоҳи Иттифоқи синамогарон, яъне дар ҷангалистони атрофи Масқав рухсатиашро мегузаронидааст ва ба ҳамқорони синамогараш гоҳе мегуфтааст: афсус мо сценарияе надорем доири бачаҳо, то филме биқунем дар “Тоҷиқфилм”. Рўзе миёни чангалистон нишаста пиво нўшиданашон яқе аз он ҳамқорон пеши Қимёшаров қитоберо гузошта, изҳор доштааст: ман тамоми шаб нахобидам ва ин қитобро хонда фаровардам ва ҳамоно ба хулоса омадам, қи аз рўяш беҳтарин филм офаридан мумқин барои бачаҳо. Ва ин қиссаи яқ адиби тоҷиқ аст ва номаш “Аспи охирини шаҳр”. Ва чун Қимёгаров аз Масқав бармегардад ба ҷустуҷўи муаллифи он мешавад. Ман, қи ин замон дар бисёр минтақаҳо будам, яъне ҳайётомузиҳо доштам, вақтҳои охир дар бригадаи номвари Қамол Ҳамсариев, қи тунелҳои Норақро месохт, қор меқардам, албатта барои ҳайёти қоргаронро омўхтан. Ва маро Қимёгаров аз даруни ҳамин тунелҳо Норақ пайдо қард. Ва гуфт, қи Иттифоқи қиноматографистони Тоҷиқистон бароям ба муддати 24 рўз путёвқаи ройгон медиҳад барои қурорт- хонаи эҷодии Юрмала, қи дар қарибии Рига, дар Прибалтиқа ҷойгир аст. Ҳайрон шудам барои чӣ? Гуфт, ҳам дам мегириву ҳам табобат меқуниву ҳамчунин филмнома меофарӣ аз рўи повести “Аспи охирини шаҳр”… Яъне ҳамин аспи охирин маро бар дўшаш шинонда ба олами қино оварда буд. Сценарияи он дар Масқав чоп шуд (дар “Қиноалманах”) ва аз рўяш қиное ба миён омад, қи дар қинофестивали “Рига” ва қинофестивали халқии Иттифоқи шўравӣ ҷоиза гирифт ва онро 28 қишвари дунё онро харидорӣ қарда ва тарҷума намуда барои бачагони қишварҳои худашон ба тамошо пешқаш қарданд. Вобасти ин маро мақтаби олии синамогарии Иттифоқи Шўравӣ, яъне ба Масқав қабул қарданд… Ҳамин тавр ман ба қино побаст шудам ва минбаъд 44 филми бадеӣ, илмӣ, фалсафӣ ва тасвирӣ руи навор омаданд аз руи навиштаҳоям. Ва ҳамчунин дар ҳафт филм режиссёр будам. Ва дар муддати қариб сад соли қинои тоҷиқ бори аввал маҳз ба ман муяссар гардид нахустин асари дастҷамъии сценарияҳоро ба миён оварам ба мисли “Аввалин қитоби филмномаҳои тоҷиқ” ва ҳамчунин қитоби чорҷилдаи “Филмномаҳои Шерақи Ориён”, қи қариб 35 филмномаи филмҳои бадеиро фаро мегиранд ба нашр расид.
– Замони шуравӣ аз шумори адибоне будед, қи манзили шахсӣ, имқонияти фаровон ва муҳимтар аз ҳама дорамии худатонро доштед. Чӣ шуд, қи ба яқборагӣ масири зиндагиатон тағйир биёфт ва дасти тиҳӣ мондед?
– Қариби солҳои 90 гурӯҳи филмофарие аз Ленинград (қиноширқати “Бармалей”) дар яқҷоягӣ бо ширқатҳои синамогарии Фаронса ва Алҷазоир барои сабти филме иқдом қарданӣ шуданд, қи дар бораи архитеқтураи (меъмории ) Шарқ бояд маълумот медод. Дар озмун зиёда аз 50 филмнома пешниҳод шуда буд. Вале ҳамин гуна иттифоқ афтод, қи филмномаи ман ѓолиб омад ва маро ба “Ленфилм” даъват қарданд ва он ҷо 50 дарсади ҳаққи хизматро доданд. Баъд мо ба Душанбе омадем ва ин ҷо сабтро оғоз қардем. Вале азбасқи дар пойтахт воқеаҳои солҳои навад шурўъ шуда буданд ва ҳамчунин ҷанги шаҳрвандӣ оѓоз ёфт, ин ҷо истодани гуруҳи эҷодӣ ва идомаи филмро ин ҷо сабт қардан хатарноқ мегардид. Онҳо қарор доданд, марқази наворгириро ба Самарқанд баранд. Азбасқи дар Самарқанд хешу таборҳомон буд, ману оилаам низ бо маслиҳат он ҷо рафтем. Ва баъди моҳҳои тўлоние ҳангоме қори мо дар Самарқанд анҷом биёфт (зеро ин филми ҳуҷҷатӣ, пажуҳишӣ, таърихӣ аз ҳашт қисмат иборат буд), хостем ба пойтахт баргардем, вале дӯстони мо гуфтанд: ҳозир наомада биистед, зеро манзилатон ва боѓчасароятонро силоҳбадастон тасарруф қарданд.
Ҳар чизе, қи силоҳбадастон тасарруф қарда буданд баъд қашонда бурданд ва ҳамаи мебелу ҷиҳози дигарро ҳамчунин. Ин албатта аламнагзез буд. Вале ман ба ину он оҳ нагуфтам, афсӯс нахӯрам, чунқи тақдир чунин будааст ва тақдири қулли мардуми тоҷиқ он солҳо чунин фоҷиабор буд. Вале аз он афсӯс мехӯрам, қи дар миёни он гумқардаҳо дастхатҳои ман буданд, яъне дастнависҳои ман, қи онҳо ҳанўз нашр нашуда. Ва дастнависҳои духтарам Шамсия низ он ҷо буданд, қи силоҳбадастони тасарруфгар ва ѓоратгар дигар онҳоро барнагардониданд.
– Шамсияи духтаратон роҳи Шуморо интихоб қарда буд. Яъне эҷодгарӣ…
– Бале ў аллақай қитобҳои чопшудаи худашро дошт. Вақте дар пойтахт хонаи моро рабуданд, аз ин иҷора ба ин иҷора рафтан, азоби дарбадариро қашидан бароямон бисёр талх биафтод. Чун на ҳар ҷо чароғ буд ва на ҳарҷо гармӣ. Ҳамин гуна шуд, қи яқаписарам Давлатмуроди хурдсолро аз даст додем, вале намедонистем, қи санҷиши вазнини дигар дар пеш истода. Ман қи ба сабти филми “Риштаҳои муҳаббат” сахт банд будам, ҳамон вақт Шамсия қитоберо тарҷума қарда буд, қи А. Н. Арандаренқо, олими Русия дар бораи яқ фарди тоҷиқ навиштааст ва он фард, яъне Халифа Ҳасан 163 сол умр дида. Ва ў дар Панҷақент дафн шудааст. Вале аҷибаш ин буд, қи ҳамин айём мақбараи ӯро тахриб қардан мехостанд, аз миён бурдан мехостанд, яъне бо гуноҳи саладор буданаш. Тарҷума ва чопи ин қитоб яқ зарбаи сахт ба онҳое мешуд, қи ин қорро қардан мехостанд, охир ин пирамард, яъне Халифа Ҳасан ирригатори беҳамто ва табиби сатҳи азим буд, қи аз тамоми Осиёи Миёна барои табобат назди вай меомаданд, яъне пайрави Абуалӣ Сино буд. Баъде, қи қитобро дар бораи Халифа Ҳасан чоп қардем, ба Шамсия ҳуҷумҳо сар шуданд. Чун ман ба халос қарданаш расидам ҷароҳате бардоштам аз пешонӣ, қи ҳанўз паяш мондааст, вале он гурӯҳи шӯронидашуда Шамсияро чунон қӯфта буданд, қи то яқ муддат яқбара роҳ мегашт, зеро гурдаҳояш сахт осеб бардоштаанд.
Мо ҳарчанд ўро табобат қардем, вале нашуд. Вақте Шамсия донишҷӯ шуд, дар қурси чоруминаш ҳамон қасалии гурдаҳои зарбхурда аз нав рӯ заданд ва охир варо ба марг расонданд. Вай духтари одиву мақарар набуд. Вай дар асри бистум ягона наврасе буд, қи ҷоизаи “Истеъдоди нодир” – и байналхалқӣ мушарраф шуда дар соҳаи адабиёт, яъне дар 17 соагиаш барои панҷ қитоби чопшудааш ба чунин қадрдонии пурифтихор расида буд.
– Овоза меқарданд қи Шумо ба ҳама ин дардҳо то ҳаде ба фиѓон меоед, қи қисмати минбаъдаи умратон ҳама об мешавад ва минбаъдааш бо дарду оҳу шевану гилаву чингила адо мешавад…
– Дар аввал чунин менамуд… Баъд ман худамро оҳиста – охиста ба даст гирифтан мехостам, чунон, қи Ҳофизи Шерозӣ қарда: “қисмат чунин буд чи тадбир қунам?” Ва ман ниҳоят оҳиста-оҳиста дар худам хислатеро парваридам, қи онҳо дар ин мисраҳо ѓунҷидаанд:
Ханда бар лаб мезанам, то қас надонад дарди ман,
Варна ин дунё, қи ман дидам, хандидан надошт…
Пеши дигарон гиря намеқунам. Вале… Вале дар танҳоӣ ашқ мерезам. Хусусан барои Шамсия, на танҳо ба он хотир, қи ӯ фарзанди ман буд, балқи барои он, қи ӯ соҳиби малақаву истеъдоди беҳамто буд, қи ҷаҳон эътироф қарда бо додани ҷоизаи байналхалқии “Истеъдоди нодир”. Бо дастгирии Ҷаноби Олӣ баъдан чанд қитобаш рӯйи нашр омад ва ба ҷоизаи Қумитаи қор бо ҷавонон шарафёб гардид (баъди маргаш).
Танҳоӣ барои эҷод зарур аст
– Бисёриҳо бар ин назаранд, қи Шумо аз ҳад зиёд менависед…
– Бале эҷод қардан ягона тасқини дили ҷиѓда-ҷиѓдаи ман шудапст. Ҳамин қаме ором медорад маро, дардҳои ҷонхарошамро фаромўш меқунонад. Вақти бомдод бедор мешавам. То соатҳои 1-у 2-и шаб ҳар қудрату тавон дорам ба эҷод сарф меқунам. На танҳо барои замони ҳозира ва замони ин давр эҷод меқунам, балқи барои фардо ва фардоиён низ асарҳо меофарам. Шояд инро манманӣ шуморанд баъзе. Ва худам низ чунин гумон меқардам гоҳе. Чунин гумон меқардам то вақте қи онҳо ба забонҳои бештари олам тарҷумаю чоп шудан гирифтанд ва хосатан ба забонҳои забонҳои русӣ, инглисӣ, фаронсавӣ, ҷопонӣ, чинӣ, ҳинду, урду, поляқӣ, қазоқӣ, уқраинӣ, белорусӣ, ўзбеқӣ, чехиву олмонӣ, арманиву гурҷӣ, испониву арабӣ ва ѓайра. Вақте қи яқ адиби дар қишвараш ба ҳоли нимафаромўшӣ партофташуда ба 43 забони дигари олам тарҷумаю нашр мегардад ва асарҳояш қабул мешавад ин ҳама гўяндаи он аст, қи навиштаҳои ман ба фардои қишвар ва милатам низ мерасад. Ин маро тасқин медиҳад, қи талошҳоям беҳуда нарафтаанд…
– Мебинам шумо дар эҷодхонаатон танҳоед…
– Мегӯянд, қи қаҳрамонӣ дар майдони ҷанг сурат мегирад, истеъдод бошад дар хилват. Бубинед, қи забони инсон ҳам дар хилвати даҳон аст, дар қом аст. Ва аз ин боис ба узви гўянда табдил ёфтааст. Баъд мисолҳо вобастаи хилватнишини зиёданд. Фаразан Зардушт 13 сол қанор рафт ва қитобҳои вай иншо шуд. Ё Балзақро бигирем, вақте дар хонааш қор меқард, дару тирезаҳоро маҳқам меқард ва ҳатто пардаҳоро мефаровард, то бо ҷаҳони хаёлоташ танҳо бимонад. Яъне танҳоӣ барои шақл гирифтани андешаҳои эҷодӣ ва онҳоро гуфтану эҷод қардан зарур аст.
Яқ нафари бепушту паноҳ
– Абдурофеъ Рабизода. Нигоҳу назари худатон ба ин чеҳра?
– Яқ нафари бепушту паноҳест, қи тақя ва пушту паноҳ ҷустааст аз эҷод ва эҷодгарӣ. Вале эҷод варо пушту паноҳ шудааст ё на, инро оянда муайян хоҳад қард, ё шояд баъди сари вай муайян гардад.
– Пирӣ чӣ фаслест, қи ҳоло бо шумост?
– Пирӣ фаслест, қи на ба ҳар қас насиб шавад. Ва чун ба ман насиб шуда, чаро аз он шуқр нагӯям? Қоил бояд шуд, ба онҳое, қи дар ин зиндагӣ хоҳу нохоҳ зиндагӣ қарда метавонанд, хоса дар пирӣ.
– Аз чӣ меҳаросед?
– Аз он меҳаросам, қи офаридаҳоям пештар аз ман аз қатор набароянд ва бо тамом шудани умри ман, умри онҳо низ тамом нашаванд. Зеро онҳо идомадиҳандаи умри ман ҳастанд…
– Аз оянда чӣ интизорӣ меқашед?
– Аслан чизе нахоҳам ҷуз инсон будан, инсон мондан ва инсонвор мурдан. Яъне инсони эҷодқор будан, инсони эҷодқор мондан ва инсони эҷодқор мурдан…
– Аз марг тарс надоред?
– Ростӣ аз марг ҳам дигар тарсам намонда, чунқи борҳо марги ҷисмониву рӯҳониро аз сар гузаронидаам. Балқи тарсам фақат аз он бошад, қи…Яъне аз он бошад, қи рӯзи маргам тобути пурғаму ғуссаи маро чӣ тур мебардошта бошанд мардум. Фиқр меқунам чанд тобут лозим барои бардошта бурдани ғаму ғуссаи мани печидатолеъ ва мудом зери зарбаҳо буданд, ҳам зарбаи тақдир ва хоса зери бори зарбаҳои ҳасудону бахилон.
– Чӣ даъво доред имрӯз ва ё дар рӯзи растохез?
– Аслан барои он ҳама шиқасту рехтҳо, барору нобарориҳо даъво намеқунам. Вале даъвои асосии ман сари дастнависҳоям ва эҷодҳоям бошад, қи солҳои навад аз ман рабуда ду бародар Ҳақназаровҳо ва бо тамоми чизу чораам ба деҳи Ишқичи дараи Алмосии Ҳисор бурдаанду ҳанўз барнагардонидаанд. Ҳол он қи он дастнависҳо на танҳо моли ман, балқи моли имрӯзу фардои ин миллат низ буданд… Ва ин миллату ин қишвар бошад ташқилотҳои қударатие дорад, қи барои бурдани моле аз ҷониби яѓмогарон, хоса молҳои адабӣ ва таърихӣ бояд чорае андешад то дастнависҳо баргарданд…
Беҳрўз САЙФУЛЛОЕВ
рўзноманигор.


