Чанд сухан доир ба Отахон Латифӣ

Ӯ ҳанӯз дар Тоҷикистон ва дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ ном набароварда буд. Шуҳрату овозаи ӯ баъдан, пас аз чоп шудани силсилаи мақолаҳояш дар рӯзномаи номдори «Комсомолская правда» дар соли 1967, ки аз рӯзгори мардуми Бадахшон қисса мекард, густурда гардид. Ва ҳамин мақолаҳо сабаб шуданд, ки ӯро барои кор ба ин рӯзнома даъват карданд ва ҳамчун рӯзноманигори махсуси «Комсомольская правда» дар чор ҷумҳурии Осиёи Миёна ва Қазоқистон ба фаъолият оғоз намуд.

Ман то ин солҳо нав Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, ба рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ба кор омада будам. Ҳарчанд айёми донишҷӯӣ дар нашрияи донишгоҳ, ки «Ба қуллаҳои дониш» ном дошт ва имрӯз ҳам бо ҳамин ном чоп мешавад, фаъолият мекардаму каму беш таҷрибаи корӣ доштам, бо вуҷуди ин, дар рӯзномаи дӯстдоштаи ҷавонони тоҷик кор кардан осон набуд. Он вақт Отахон дар рӯзномаи «Комсомолетс Таджикистана» кор мекард. Чӣ сабаб шуду ӯро аз вазифааш озод карданд ва чанде бекор монд. Яъне хираду истеъдоди ӯро он ҷо ё писанд накарданд ё ҳасад бурданд. Муҳаррири мо, шодравон Абдулло Зокир (Замир), ӯро ба кор ба рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» қабул намуд. Отахон ба русӣ менавишт, мо ба тоҷикӣ тарҷума мекардем. Ҳамин ҳамкорӣ барои ман, ҳамчун рӯзноманигори ҷавон, мактаби бузурги омӯзиш буд, яъне дар таъсири мақолаҳои иншокардаи ӯ. Ҳар вақт ки Отахон ба сафарҳои хидматӣ мебаромад, ҳавасам меомад. Вай ҳамеша мисли коргар либос мепӯшид, мӯза дошту шиму камзули корӣ. Мегуфт:

-Бо шиму туфлиҳои олуфтагӣ чӣ хел ба миёни саҳро медароеду бо колхозчӣ суҳбат мекунед?

Аммо касе аз мо ба ин шеваи ӯ тақлид карда натавонистем, аммо дар пайравии ӯ навиштани мақолаҳои пурмасъаларо кам-кам меомӯхтем. Отахон ҳамеша маро «дар-дарский» мегуфт. Зеро падараш, амаки Абдулатиф, аз деҳаи Дар-Дари мо буданд ва бо таъбире, ману вай ҳамшаҳрӣ будем. Ман бисёр лаҳзаҳои ҳамкориро дар ёд дорам. Ин ҷо метавонам қиссаи ба Комбинати бофандагии шаҳри Душанбе ҷалб кардани зану духтарони деҳаҳои атрофи пойтахтро нақл бикунам. Он даврон аз Русия вагон-вагон духтар меоварданд, то дар Комбинати номдори мо кор кунанд. Латифӣ мегуфт: «Чаро занҳои худамон кор намекунанд дар он ҷо ва чаро занҳои маҳаллии худи моро он ҷо ба кор қабул намекунанд?»

Дар ин иқдоми воқеан миллӣ ману Нур Табаров ва Бахтиёр Муртазо ҳамдасти Латифӣ будем. Силсилаи мақолаҳои мо дар ҳалли ин муаммо нақши арзанда мебозид.

Боре мудири мактаби деҳаи Чорбоғ ба идораи рӯзнома бо шикоят омад: «Шумо коре кардед, ки ягон духтар баъди хатми синфи 8 ба мактаб намеояд ва ҳамаашон роҳи Комбинати нассоҷиро пеш мегиранд!» Яъне ин маънӣ дошт, ки Комбинати нассоҷӣ пур аз коргарбонуҳои тоҷик шудаанд. Ҳамин тавр буд Латифӣ, ки ташаббусҳояш оммавӣ мешуданд ва дасти ҳамаи моро мегирифт ва мехост мададгори ҳамаи эҷодкорон бошад.

Масалан, бузургтарин аксбардори мо Муҳиддин Олимпур қадамҳои аввалини худро дар ин роҳ мегузошт. Аммо «соле, ки накуст, аз баҳораш пайдост». Боре Отахон ба ман гуфт: «Асарҳои Муҳиддин зебоиро тараннум мекунанд. Мо то ҳол чунин суратгир надоштем. Бояд намоиши асарҳои ӯро ташкил дод». Бо кумаки Латифӣ дар толори кинотеатри Ҷомӣ таҳти унвони «Чилдухтарони тоҷик» намоиши пуровозаи суратҳои Олимпур баргузор гардид ва номи ин ҳунарманд дар саросари ҷумҳурӣ танин андохт.

Баъдан бо пешгуфтори Латифӣ чанде аз ин асарҳо дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ба табъ расиданд. Воқеаи дигаре, ки ёдовар шуданӣ ҳастам, чанд сол баъд, яъне пас аз обрӯву эътибори умумииттифоқӣ пайдо кардани Латифӣ рух дода буд.

Рӯзе зимистони пурбарф ҳукм меронд. Роҳҳои яхпӯш ба ҳаракати мошинҳо халал мерасонданд. Саҳарии барвақт Латифӣ ба ман занг зад ва пешниҳод намуд, ки ба сохтмони Заводи алюминии тоҷик, ба Регар (ҳозира Турсунзода) ҳамроҳ биравем. Ман бо дудилагӣ гуфтам: «Ҳаво мусоид нест». Вай бо итоб гуфт: «Журналисте, ки аз боду ҳаво метарсад, журналист нест!» Ба роҳ баромадем. Роҳҳои яхпӯш ва пурбарф дар пардаи туман базӯр менамуданд. Бо азобе ба Регар расидем. Ҳаво сард буд, аммо сохтмонгоҳ аз ғайрату ҳиммати бунёдкорон чун дег меҷӯшид. Баъди шиносоӣ бо рафти сохтмон ва суҳбатҳо бо коргарони зинаҳои гуногун ба назди директори заводи бунёдшаванда С. Маҳкамбоев даромадем. Директор марди доно, кордон ва аз ҳама масоили сохтмон ва ояндаи он воқиф буд.

Латифӣ пурсид: «Фардо ин корхонаи бузург ба кор медарояд. Кӣ дар он ҷо фаъолият мекунад?» Маҳкамбоев бо тамасхур гуфт: «Аз Русия коргар меорем!» Баъди каме таваққуф бо алам афзуд: «Чунон дар ин бора зиёд гуфтаам, ки забонам мӯ баровардааст. Сохтмон ба анҷом мерасаду то ҳол омӯзишгоҳи ҳунарие кушода наметавонем, ки ақаллан мутахассисони зинаҳои поёниро ба камол расонад». Суҳбати Латифӣ бо Маҳкамбоев то он дараҷае сурат мегирифт, ки гӯё ду муҳандиси бузурги соҳаи алюминий бо ҳам баҳс мекунанд. Ман аз дониш, ақлу фаросати даррок ва масъулияти миллии Отахони Латифӣ бори дигар қоил ва мамнун мешудам. Дар бораи Заводи алюминӣ мақолаҳои пуровозаи Латифиро то ҳанӯз дар ёд дорам.

Ман ҳам дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» бо номи «Бо оби кашонда боғ сабзонда намешавад» мақола навишта будам.

Отахон ватандӯст буд, ватандӯсти донишманд ва ҷасур буд. Ва дар ҳама ҷо ва дар ҳама ҳолат барои Ватан мезист, талош мекард, барои Ватан месӯхт ва дар ҳама ҳолат наҷоти Ватан ва миллат авваламри зиндагии ӯ буд. …Солҳое, ки вай дар Эрон умр ба сар мебурд, дар сафаре — ҳамсафари вай — янгаи азизи мо ҳамроҳи мо ба Теҳрон рафтанд. Чанд рӯз он ҷо будем. Аммо Латифиро надидам.

Дар рӯзи охир, вақте ки дар назди меҳмонхонаи «Лола» барои бозгашт ба автобус менишастем, аз куҷое Латифиву янга пайдо шуданд. Янга худро дошта натавониста, якбора ба гиристан сар кард. Латифӣ пушт гардонд. Саросема аз ҷайбаш рӯймолча берун кард. Эҳсос кардам, ки чашмони ӯ ҳам нам гирифтаанд. Фаҳмидам: бо дарду ғами Тоҷикистони он замон ҷангзада зистану аз он дур будан бисёр ҷонкоҳ аст!…

Вай барои Ватан мезист, барои Ватан механдид ва барои Ватан гириста метавонист. Вай дар роҳи наҷоти Ватан ҳар чӣ дошт, пеш мегузошт, лозим шавад, ҷонашро ба гарав мемонд. Чунин мекард, ки Ватан ором шаваду ҳамдигарфаҳмии байни мо, тоҷикон, рушд кунад, нумӯъ ёбад. Афсӯс, ки амсоли вай инсонҳо каманд рӯи дунё ва хоса баъди шаҳид шуданаш ин бештар эҳсос мешуд…

Аз китоби «Последняя весна Отахона Латифи», нашриёти «Контраст»

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь