Дар вилояти Маскави Русия пас аз амалиёти «Нелегал-2026» қарор аст беш аз 6,5 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз кишвар ихроҷ карда шаванд. Ҳамзамон, вуруди беш аз 18 ҳазор муҳоҷир ба Русия манъ шудааст.
Тибқи иттилои мақомоти Русия, марҳилаи дуюми амалиёти «Нелегал-2026» аз 1 то 10 октябр баргузор гардида, дар ҷараёни он беш аз 16 ҳазор ҳолати вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират ошкор шудааст.
Инчунин, аз моҳи ноябри соли 2026 дар Русия қоидаҳои нави сахттар барои ихроҷи муҳоҷирон ба иҷро медароянд.
Ин амалиёт дар ҳолест, ки ҳазорон шаҳрвандони Тоҷикистон барои пайдо кардани ҷойи кор ва таъмини зиндагии оилаҳои худ ба Русия мераванд. Дар баробари ин, бархе муҳоҷирон аз санҷишҳои пайдарпай ва муносибати ноодилонаи мақомоти Русия шикоят мекунанд.
❓ Ба фикри шумо, қоидаҳои нави муҳоҷират ба зиндагии муҳоҷирони тоҷик чӣ таъсир мерасонанд?
Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь