Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ният дорад то охири соли 2026 интиқоли таҷҳизоти низомӣ, аз ҷумла силоҳро ба Тоҷикистон оғоз кунад. Дар ин бора дабири кулли созмон Таалатбек Масодиқов рӯзи 21 октябр хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, марҳилаи аввали барнома ба анҷом расида, ҷониби Тоҷикистон таъминкунандагонро интихоб ва маблағи фармоишҳоро мувофиқа кардааст. Интизор меравад, таҷҳизот аз Русия, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон интиқол дода шавад.
Ҳанӯз маълум нест, ки ин таҷҳизот аз чӣ иборат буда, чӣ миқдор силоҳ ва техника ба Тоҷикистон оварда мешавад. Барнома то охири соли 2029 идома хоҳад ёфт.
Масодиқов таъкид кардааст, ки ин иқдом ба ҳеҷ ваҷҳ алайҳи Афғонистон ё мардуми ин кишвар равона нашудааст. Аммо сухангӯи ҳукумати «Толибон» Забеҳулло Муҷоҳид қаблан изҳор дошта буд, ки Афғонистон барои кишварҳои ҳамсоя таҳдид надорад ва нигарониҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ беасосанд.
Тоҷикистон бо Афғонистон тақрибан 1400 километр марзи муштарак дорад. Мақомоти Тоҷикистон аз вазъи амниятӣ дар ин минтақа, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва ҳамлаҳои мусаллаҳона, изҳори нигаронӣ мекунанд.
Блоки рекламавӣ



