Бо он бунёди роҳи ҳамсон ба ҷодаи Душанбе – Чаноқ имконпазир аст
Таъмири куллӣ ва ҷории роҳи Душанбе – Чаноқ аз самтҳои асосии фаъолияти «IRS» маҳсуб шуда, ҳамасола бо фаро расидан мавсими гармо шурӯъ мешавад. Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки таъмири роҳ махсусияти худро дорад, ки дар мавсими муайян амалӣ намудани ин кор яке онҳост. Аз тассуроти ронандагону мусофирон, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пахш ва нашр мешаванд метавон ба хулоса омад, ки дар қиёс бо дигар роҳҳои мамлакат ҳолати роҳи Душанбе – Чаноқ хеле беҳтар аст.
Ёдрас шудан бамаврид аст, ки бо назардошти мавқеи ҷуғрофии ҷойгиршавӣ роҳи Душанбе – Чаноқ нигоҳубини 24 – соатаро талаб менамояд. Дар сурати каме бетафовутӣ ба нигоҳдории он мушкилии зиёд рӯи кор меояд. Агар дар фасли тирамоҳу зимистон кормандони «IRS» ба бартараф намудани тармаҳо, мунтазам тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағзиш, ба макони бехавф интиқол додани автомобилҳои дармонда машғул шаванд, дар мавсими гармо таъмиру таҷдиди роҳ, рафъи пайомади бориши борон, омадани сел, лағжиши кӯҳпора, соҳилмустаҳкамкунӣ самти афзалиятноки фаъолиятанд.
Эътироф бояд кард, ки сарфи назар аз фаъолияти пурмаҳсули кормандони филиали Ширкат, бинобар сабабҳои объективӣ ва субъективӣ баъзе қитъаҳои роҳи Душанбе -Чанок хароб шуда, зарурати аз нав бунёд намуданашон ба миён омадааст. Барои қиёс ва хулоса зикр бояд кард, ки таъмиру таҷдиди роҳи Душанбе – Чаноқ соли 2012 оғоз гардида, ҳамон сол 2000 тонна асфалт харҷ шуда буд. Минбаъд ин нишондиҳанда тамоюли афзоишро касб карда, соли 2013 ба 6000 тонна, 2014 – 10000 тонна , 2015 -15000 тонна, 2016 – 13575 тонна, 2017 – 51551 тонна, 2018 – 30864 тонна, 2019 – 49862 тонна, 2020 – 29377 тонна, 2021 – 55366 тонна, 2022 – 39916 тонна, 2023 – 25079 тонна, 2024 – 18408 тонна ва соли 2025 ба 25204 тонна асфалт расид. Дар маҷмуъ, давоми фаъолият барои таъмиру таҷдиди роҳи мазкур қариб 400000 тонна асфалт харҷ шудааст. Ба ибораи дигар, бо асфалте, ки «IRS» давоми 16 соли фаъолият барои нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ харҷ кардааст, бунёди боз як шоҳроҳи нави ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ имконпазир аст. Баҳри тақвияти андеша, ҳамчунин, бамаврид аст ёдовар шавем, ки барои таьмиру таҷдиди роҳи зикршуда мутахассисони ҳирфаӣ ва техникаву механизмҳои замонавӣ ҷалб шудаанд. Инчунин, 10 корхонаи истеҳсоли масолеҳи барои нигоҳдории роҳ пешбинигардидаи марбут ба филиали ширкат дар ин раванд саҳми бориз доранд.
Бо истинод ба роҳи паймуда ва дастовардҳои ноилгардида метавон гуфт, ки 16 соли сипаришуда барои роҳбарият ва кормандони филиали ширкат марҳилаи сабақомӯз, рушду такомул, тавсеаи равобит, болоравии нуфузу обрӯ, ташаккули афкори ҷомеа маҳсуб мешавад. Давоми фаъолият кормандони филиали ширкат бо ташаббускорӣ ва поквиҷдонӣ собит намуданд, ки қодиранд нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқро дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро намоянд.
Муҳимтар аз ҳама, ба шарофати масъулиятшиносии кормандони «IRS» мардум мутмаин гардиданд, ки пули барои истифодаи роҳ пардохтнамудаашон ҷиҳати дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ, беҳтар намудани инфрасохтори (зербинои) нигоҳдории он ва харидории техникаву механизмҳои замонавӣ харҷ мешавад. Маҳз дар ин замина собит шуд, ки ба зиммаи ширкати мазкур вогузор шудани роҳи мавриди назар тадбири оқилона буда, пеш аз ҳама, ба нигоҳдории ин шоҳроҳ, таъмини рафтуомади шаҳрвандон аз ҷануб ба шимоли кишвар, фаровонӣ дар бозорҳои мамлакат ва ғайра рабт дорад. Аз ҷониби коршиносон низ эътироф шуд, ки филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тими пурқувват табдил ёфта, мутахассисонаш дорои малакаи баланди касбӣ ва пойгоҳи техникии он ғанӣ мебошад.
Дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни Наврӯз кормандони филиали ширкат мавсими имсолаи таъмиру таҷдиди роҳи Душанбе – Чаноқро оғоз намуданд. Имсол низ чун солҳои қаблӣ омодагӣ барои дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро шудани ин кор ҷиддӣ буда, корхонаҳои истеҳсоли асфалт ва техникаҳои барои таъмир махсусгардонидашуда барои пешбурди фаъолият пурра омодаанд. Дар мавсими имсола доираи фаъолият хеле васеъ гардида, тибқи нақша дар 3 минтақа – Варзоб, Зарафшон ва Суғд бо харҷи зиёда аз 26342 тонна асфалт таъмири куллии зиёда аз 50 километр роҳ дар назар аст. Шарҳ додан бамаврид аст, ки таъмири куллӣ аз лиҳози моҳияту хароҷот аз бунёди роҳ кам нест. Илова бар ин, садҳо километр роҳ таъмири ҷорӣ гардида, дар масофаи 320 километр хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешавад.
Дар идома овардани баъзе рақаму далелҳоро, ки “қатрае аз баҳр” буда, барои дарки моҳияти мавҷудияти “IRS”, самараи фаъолияти он ва баҳогузории беғаразона мусоидат хоҳанд кард, бамаврид медонем. Шояд баъзеҳо надонанд, ки барои аҳолии шафати роҳ низоми гузариши имтиёзнок ҷорӣ шудааст, ки баробари 50-93%-и нархномаи муқарраргардида мебошад. Зиёда аз 90 фоизи убури автомобилҳо аз плазаҳои толлингӣ ба категорияи якум – мошинҳои сабукрав рост меоянд. Муқаррар шудани нархҳои пасттарин барои ин категория дар доираи сиёсати иҷтимоии корпоративи филиали ширкат далели он аст аст, ки «IRS» гирифтани фоидаи зиёдро мадди назар надорад. Вагарна, бояд баръакс бошад.
Мумкин иддае аз шаҳрвандон иттилоъ надоранд, ки солҳои 2013 – 2016 бо мақсади амалӣ намудани сиёсати иҷтимоии корпоративи худ «IRS» лоиҳаи нигоҳдории қитъаи Нурообод – Нимич дар шоҳроҳи Душанбе – Рашт – сарҳади Қирғизистон (дар масофаи 73 километр)-ро бе мақсади гирифтани фоида татбиқ намуд. Ба ин восита филиали ширкат дар тамдиди муҳлати истифодаи яке аз роҳҳои дигари аҳамияти стратегидошта саҳм гузошт.
Қобили зикр аст, ки давоми 16 сол «IRS» нигоҳдорӣ ва азнавсозии 36 кӯпруки ин масир бо хароҷоти ниҳоят зиёд амалӣ намуд. Масалан, 3 пули калон, ки дарозиии ҳар кадомаш аз 42 то 73 метр аст, пурра азнавсозӣ шудаанд. Хоса ва доимӣ будани таваҷҷуҳ ба таъмини бехтарии ронандагону мусофирон яке аз далелҳои марбут ба масъулиятшиносии роҳбарияти ширкати зикршуда мебошад. Барои мисол, ҳангоми таҷдиди роҳи Душанбе — Чаноқ аз рӯи лоиҳа деворҳои ҳимоявӣ (парпетҳо) вуҷуд надоштанд ва аз ин лиҳоз сохта нашуд. «IRS» бо ташаббуси худ, баҳри таъмини бехатарии шаҳрвандон дар масофаи 16000 метри тӯлонӣ чунин деворҳоро бунёд кард, ки то ин вақт чандин ҳамватанонамонро аз марг наҷот додааст.
Дигар мақсаде, ки филиали ширкат дошт, бароҳат намудани гузариши плазаҳо мебошад. Бо ин мақсад, дар плазаҳои толлингӣ паҳноии роҳ аз 7 метр ба 50 метр зиёд шуда, теъдоди хатҳои гузариш аз 2 ба 8-то расид. Муҳим он аст, ки дар ин раванд технологияи аврупоӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Ёдрас мешавем, ки дар дигар давлатҳо ширкатҳои ба ин кор машғулбуда ба бунёди плазаҳои замонавӣ умуман таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд пеш бурдани фаъолият тӯли 16 соли мавҷудият 134 иншоот, аз ҷумла, пойгоҳ барои экспертҳо, анбор барои нигоҳдории маводи зиддилағзишу дигар масолеҳи барои нигоҳдории роҳ пешбинишуда, сехҳои истеҳсолӣ, озмоишгоҳҳо, иншооти зиддитармавӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд.
Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки «IRS» ҳамчун сармоягузор тамоми кӯшишро ба харҷ дода истодааст, то ҳолати роҳи Душанбе – Чаноқ ҷавобгӯи талабот бошад. Маҳз дар ин замина нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ ба марҳилаи сифатан ворид гардида, назари мардум дар бобати нигоҳдории роҳ такмил ёфт.
Садоқат Ширинбекова



