Рӯзи 16 ноябр дар кинотеатри “Ватан” нахустнамоиши филми муштараки таърихии Тоҷикистону Ӯзбекистон “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки маънои рамзӣ дорад. Ташаббускорони сабти филм роҳбарони ду кишвар буда, гурӯҳи синамогарони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар давоми панҷ сол ранҷ кашиданд ва сарбаландона ин корро ба поён расониданд.
Дар филми таърихии “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” дӯстӣ, пайвандҳои устодию шогирдӣ (адабӣ, ирфонӣ ва инсонӣ), ҳамкориҳои сиёсию дипломатӣ ва муносибат ба рӯйдодҳои сиёсию иҷтимоӣ аз сӯйи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоиро мебинед. Рӯйдодҳои филм солҳои 1469–1492-ро дар бар мегиранд, ки дар шаҳрҳои Ҳироту Астаробод гузаштаанд. Филм аз сӯйи коргардонҳо Файзулло Файзов (Тоҷикистон) ва Дилмурод Масаидов (Ӯзбекистон) омода шудааст. Нақши Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиро ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбон Собир ва нақши Мир Алишери Навоиро ҳунарпешаи шоистаи Ӯзбекистон Илҳом Бердиев бозӣ мекунанд.
Ҷамъомадагон дар давоми қариб дуюним соат филмро тамошо кардем. Баъзе андешаҳо ҳангоми дидан ва дигараш пас аз ҳазми он пайдо шуданд. Азбаски коршиноси синамо нестам ва чунин даъво ҳам надорам, унсурҳои ҳунарӣ ва дигар арзёбиҳои вижаи тахассусиро барои синамошиносон вомегузорам. Инак, ҳафт бардошти худро бо Шумо шарик месозам:
Падидаи нав дар ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон. Синамо тавонмандиҳои бузурги маъносозӣ ва эҷоди ривоятҳои лозимро дар бораи гузашта, имрӯзу ояндаро дорад. Филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”-ро метавон як падидаи нав дар муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон донист, чун дар баробари давлатмардон, синамогарон, ҳунарпешаҳо ва кормандони дигари ин соҳа, боз доираи густардаи мардумро ба ҳам овард.
Ду кишвар чандин коргоҳ ва лоиҳаҳои якҷояро роҳандозӣ кардаанд, ки бахше аз онҳо самар меоранд, дигарон дар ҳоли арзёбию имконсанҷӣ мебошанд. Дар ин росто, ба навор гирифтани филми муштарак маънои фаротар аз татбиқи як лоиҳаи иқтисодӣ ё тиҷоратию ҳамлунақлиро дорад. Чун барои ҷомеаи кишварҳо, минтақа ва ҷаҳон иродаи мавҷуди сиёсиро барои ҳамсоягии нек ва шарикию ҳампаймонӣ ба намоиш мегузорад.
Шояд баъзеҳо гумон кунанд, ки наздикиҳои бисёре миёни ҷомеаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон мавҷуданд ва ҳоло ниёзи бештар ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои роҳбурдӣ ба назар мерасанд. Аз нигоҳи ростинагароӣ шояд ин андеша дуруст бошад, чун Тоҷикистону Ӯзбекистон дар баробари фурсатҳои муштарак, боз бо чолишҳои ҳаммонанд рӯ ба рӯ ҳастанд.
Нигоҳ ба мавзуъ аз рӯйи тамсили боғ, боғбон ва дарахт маънои жарфро падидор мекунад. Аз кори боғбон медонем, ки агар ӯ ба дарахт об надиҳад, хоки назди решаашро побел накунад, саривақт шохаҳои нолозимро набурад ва аз ҳашароти зараррасон ҳифозат накунад – як рӯз дарахт аз самар мемонад ё хушк мешавад. Аз рӯйи ин тамсил филм маънои кори боғбон дар боғу нигоҳубини дарахтонро мемонад. Дар густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон чунин лоиҳаҳо нақши созанда доранд, зеро андешаи меҳварии филм фурсатҳои лозимро барои пойдории муносибатҳои байнидавлатӣ ва робитаҳо миёни ҷомеаҳоро дар дарозмуддат эҷод мекунад. Худо кунад, ки чунин бошад ва пойдор бимонад.
Ривоятсозиҳои якҷояи таърихию фарҳангӣ. Ҷомеаи ҷаҳони имрӯз бо пешрафти фановариҳои муосир бо ҷанги давомдори ривоятҳо, маъноҳо, сохтусозҳои иҷтимоию сиёсӣ рӯ ба рӯ аст. Ҳадафи ин набардҳо асаргузорӣ дар шаклдиҳии тасвири оянда мебошад. Қудратҳои ташаббускор ин гуна “ҷангҳо”-ро барои сохтусози ҷаҳонбинии мардумони кишварҳои мавриди ҳадаф роҳандозӣ мекунанд, то нигоҳ ба гузашта, имрӯз ва оянда фарогири манфиатҳои роҳбурдии онҳо бошад. Як роҳкорашон корбурди густардаи ҳикмати румии “пароканда гардону фармонравоӣ кун (Divide Et Impera)” аст, ки сабаби ба миён омадани баҳсу баррасиҳои нолозими давомдор мешавад.
Як нигоҳ ба фазои шабакаҳои иҷтимоии матнӣ, тасвирӣ ва видеоӣ кофист, то бубинед чи гуна имрӯзҳо муҳтавои гуногуни ҷудосоз барои ҷомеаҳои ҳарду кишвар дар мавзуҳои таърихию фарҳангӣ бештар аз сӯйи сарчашмаҳои номаълум (бештар, аз сӯйи бозигарони берун аз минтақа) эҷод ва пешниҳод мегарданд.
Рӯйи кор омадани филм посухи якҷоя ба чунин роҳкорҳо аст ва тавонмандиҳои мавҷуди ду кишварро дар эҷоди ривоятҳои таърихию фарҳангӣ ба намоиш мегузорад. Ба ибораи дигар, имрӯз ниёзе барои шиносоии таърих, фарҳанг ва кӣ будану чӣ кору пайкор доштани мардумони ҳарду кишвар аз сӯйи бозигарони берунӣ дида намешавад. Чун агар қудратҳои берунӣ ин корро карданд, ҳатман хостаҳо, бартариҳо ва манфиатҳои худро дар муҳтаво ҷой медиҳанд, ки ба ҳамсоягии неки ду кишвар посухгӯ нест. Худо кунад, ки шумори чунин лоиҳаҳои якҷояи ду кишвар биафзояд.
Тавоноиҳои хирадманд дар ҷомеасозӣ. Ҳар касе дар мактаб бо шахсият ва осори Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ шинос гардида буд, ҳамеша дар бораи бузургии ин ориф ва донишманд меандешад. Бо гузашти замон ва бо пайдо шудани тавоноии дарки навиштаҳои эшон боз ошиқу мадюни ҳикматҳои воло мегардад. Аз нахустин то охирон намои филм дастандаркорон тавонистаанд шахсият, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиро ба таври олӣ бозгӯ кунанд. Барҳақ, ҳар касе филмро дид, мафтуни рафтору гуфтору пиндори Ҷомӣ мегардад. Ба эҳтимоли қавӣ, пас аз тамошои ин филм ҳаводори осори ин бузургвор дар кишвар боз ҳам меафзояд. Дастандаркорон як бори дигар, заргарона ин хирадмандро ба доираи густардаи мардум аз нав шинос карданд.
Паёми рӯшоди филм нишон додани ҷойгоҳи як хирадманд ва ориф дар ҷомеасозӣ аст. Азхудгузарӣ ва иродаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ барои пешгирии ҷанг ва меҳвар қарор додани манфиату осоиши мардум – меъёри баланди як инсони комил мебошад. Ба унвони як бинанда бори дигар ба ҳунари волои устод Қурбон Собир офарин мегӯям, чун тавонистанд бо тамоми нозукиаш рафтор ва ҷаҳони ботинии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиро дар филм нишон бидиҳанд.
Ҷомии филм як инсон ва хирадманде аст, ки ҳамеша дар ҳамаи ҷомеаҳо ба онҳо ниёз дида мешавад. Дар ҷомеасозӣ ва самт додани хати пешрафти он ин гуна инсонҳо ба чароғе монанд ҳастанд, ки дар тирашаб роҳи мардумро равшан мекунанд ва ё ба киштироне монанд ҳастанд, ки дар уқёнуси пуртуғён киштию мусофирони онро ба манзили мурод мерасонанд.
Тавоноиҳои хирадманд дар кишвардорӣ. Дар адабиёти форсӣ силсилаи навиштаҳоро дар бораи вазири хирадманд ва ёвари дурандеш ба таври фавқуллода бисёр овардаанд. Дар филм аз Мир Алишери Навоӣ образи як шахстияти донишманд ва ҳушёр эҷод мегардад, ки барҳақ бузургӣ ва хидмати ин давлатмардро назди мардум ва кишвар шиносоӣ мекунад.
Ҳунарпеша Илҳом Бердиев нақши Мир Алишери Навоиро ба таври воло офаридааст. Рафтору гуфтору кирдори ин давлатмарди хирадманд дар гирифтани ташаббус барои пешгирии ҷанг ва ба саҳна овардани устодаш падидор мегардад. Нотарсии Мир Алишери Навоӣ барои иҷрои вазифаи фиристода ва рафтанаш ба назди фармонравои кишвари душман шоистаи таҳсин аст. Навоии филм давлатмарди дурбин ва дорои ҷаҳонбинии роҳбурдӣ аст, ки сарфи назар аз мувофиқ набудани замону макон ва пурхатар будани роҳ – барои шукуфоии осоиши кишвар ва осудагии мардум вазифаашро иҷро мекунад.
Намоиши ҷаҳонбинии инсонгароӣ. Дар филм муҳити фикрӣ, рафтору муносибати мардуми он замон, ба вижа ҷойгоҳи орифон дар симои Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ба хуби шиносоӣ мешавад. Ҷомӣ ва Навоӣ ба унвони орифу донишманди давр аз хеле пешфарзу маҳдудияти имрӯзи эътиқодию фикрӣ орианд. Дар рафтору гуфтор ҳамеша инсонгароӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии мардумонро новобаста аз бошандаи кадом сарзамин ё пайрави кадом дин будан риоя мекунанд.
Як намунаи чунин муносибати Ҷомӣ ва Навоӣ дар саҳнаи кашфи кистии Абдуллоҳ, ки аслан аз Фулоронс (Florence) ва насронӣ будааст, рӯшан намудор мегардад. Пас аз маълум шудани он ки Абдуллоҳ насронию дар гардан салиб дорад, Паҳлавон барои ин фиребаш сарашро аз танаш ҷудо карданӣ мешавад. Абдуллоҳро дузону мешинонанд ва дар ин ҳолат илтиҷо мекунад, ки аз хунаш гузаранд. Бо шунидану огаҳӣ аз саргузашташ, Ҷомӣ ва Навоӣ аз ҷояш мехезонанд ва ба ҳамроҳон таъкид мекунанд, ки ҳаркӣ ҳам набошад, пеш аз ҳама ӯ инсон аст.
Филм саропо аз намоиши тавонмандиҳои ирфон иборат аст, ҳатто лаҳзаи ҷон ба ҷонофарин супоридани Ҷомӣ ва васияташ ба Навоӣ инро ба намоиш мегузорад. Аз ин рӯ, филм вижагии баланди пешгирии ифротгарою тундгароии хашинро дорад ва ҷаҳонбинии зотии динии ҷуғрофиёи моро ба худамон ба таври ҳирфаӣ шиносоӣ мекунад.
Нидо ба бозандешии ҷангу сулҳ ва арҷгузоӣ ба осоиш. Дар филм муҳити дарбори Ҳусайни Бойқаро дар Ҳирот ва Узун Ҳасан дар Астаробод нишон дода шудааст. Ҳарду султон ба якдигар боварӣ надоранд ва дар дуроҳии оғози ҷанг ё бастани сулҳ меистанд. Дастандаркорони филм падидоии “Доми Фукудид”-ро тасвир карда, дар лаби ҷар будани ҳарду кишварро бо сабаби пофишории дарбориёни ҷангталаб намоиш медиҳанд.
Дар дарбори Ҳусайни Бойқаро нақши садои сулҳхоҳро Мир Алишери Навоӣ ва дар дарбори Узун Ҳасан ин нақшро писари фарҳангдӯсташ иҷро мекунанд. Ҳусайни Бойқаро ҳамчун ҷониби ҷабрдида барои ҳифзи обрӯи кишвараш бояд ҷангро оғоз мекард, чун фиристодаашро писари дигари фитнагари Узун Ҳасан барои тезонидани оғози ҷанг, бе огоҳии падараш сар мезанад. Дар як паллаи тарозу амалдорони ҷангхоҳ ва дар паллаи дигар Мир Алишери Навоӣ меистоданд. Навоӣ ба хонаи Ҷомӣ меояд ва аз устодаш хоҳиш мекунад, ки ба дарбор биравад. Ҷомӣ солҳои дароз аз дарбор дурӣ меҷуст, барои гирифтани пеши роҳи ҷанг ба маҷлиси султон рафт. Бо омадани Ҷомӣ паллаи тарозуии Навоӣ сангинтар мешавад ва роҳ ба гуфтушуниду сулҳ ҳамвор мегардад.
Гумоштаҳои Узун Ҳасан хабар меоранд, ки Ҷомӣ ва Навоӣ – фиристодаҳои Ҳусайни Бойқаро ба сӯйи шаҳри Астаробод роҳсипор шуданд. Бо шунидани ин хабар паллаи тарозуии писари сулҳхоҳи Узун Ҳасан низ сангинтар мешавад. Хулоса, кор ба ин мерасад, ки ҳарду кишвар паймони сулҳ мебанданд. Бо як сухани орому маънодори Ҷомӣ ба хотири сулҳ ва ҳамсоягии нек Узун Ҳасан Астарободро ба давлати Хуросон ба ихтиёри Ҳусайни Бойқаро вомегузорад.
Дар филм даъват ба бозандешии ҷангу сулҳ аз рафтори қаҳрамонҳои гуногун нишон дода шудааст ва ҳамчунин, ривоятсозиҳои ҳирфаӣ барои арҷгузорӣ аз осоиш низ ба назар мерасад. Агар ба филм аз зовияи пажуҳишҳои сулҳу осоиш бингарем, кейсҳои бисёрро пайдо кардан мумкин аст, ки шояд овардани онҳо дар ин навишта зарур набошад.
Паёми филм барои ояндаи минтақа. Ҷуғрофиё сарнавишт аст. Ҳамсояҳо ҳам имрӯзу ҳам фардо сарнавишти то ҷойе ҳамсон доранд. Агар ин дидгоҳро асл қарор бидиҳем, филм чанд паёмро барои ояндаи Осиёи Марказӣ заргарона ишора мекунад.
Паёми нахустини филм ин аст, ки “Бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро” (ҳикмати Хоҷа Ҳофиз). Агар миёни кишварҳои минтақа рафтору муносибат аз рӯйи асли “мурувват” сурат бигирад, пас “қуҳро талқон мекунанд” ва ба ҳар қуллае мерасанд. Агар кишварҳои минтақа дар рафтору муносибат бо рақибон “мадоро” ва ё барноии роҳбурдиро асл қарор бидиҳанд, пас эҳтимоли расидани осеб камтар ва шароит барои ба даст овардани фурсатҳои нави пешрафт бештар мегардад.
Паёми дуюми филм ин аст, ки “Мард бояд, ки ҳаросон нашавад” (ҳикмати Шайх Аттор). Агар кишварҳои минтақа ба ҳамдигар бовар кунанд, бо ҳам забон ёбанд ва ба хотири суди имрӯз ояндаи худро ба осеб рӯ ба рӯ насозанд, пас “Мушкиле нест, ки осон нашавад”. Ин роҳбурд дар таҷрибаи солҳои охири кишварҳои минтақа фаровон ба назар мерасад ва масъалаҳои пештар ҳассосу мушкилу печидаро ба осонӣ аз миён бардоштанд.
Паёми сеюми филм ин аст, ки “Худо он миллатеро сарварӣ дод, Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт” (ҳикмати Иқболи Лоҳурӣ). Доштани нигоҳи ҳаммонанд ба гузашта, шинохти тавоноиҳо ва чолишҳои имрӯз пойдевор барои шаклгирии тасвири ояндаи якҷоя аст. Яъне бо риояи ду асли аввал ояндаи кишвар ва ҷомеаҳои худро бо дасти худ менависанд.
Ба унвони охирсухан се нуктаро меорам:
Якум, як қолабшикании ҷолибе дар филм ба назар мерасад, ки он ҳам бошад бо Абдуллоҳи Фулоронсӣ пайванд дорад. Пештар ба ҷомеаҳои кишварҳои минтақа “аврупомеҳварӣ” талқин мешуд ва дар китобҳои дарсӣ низ фаровон ба назар мерасид (мисол: “таърих аз калимаи юнонӣ гирифта шуда, маънояш…” ва ғайра). Дар филм чаппаи ин падида намоиш дода мешавад. Тавре маълум аст, эҳёи Аврупо аз шаҳри Фулоронс оғоз мегардад. Дӯсти Абдуллоҳ аз рикоби Ҷомӣ ва Навоӣ дар бозор барои ӯ ба сад танга китоби “Алқонун”-и Синоро мехараду армуғон медиҳад. Ин ишораи маънодор ба сарчашмаи Даври эҳёи Аврупо аст, ки дастандаркорони филм овардаанд (дар филм падидаҳои дигари ба ин монанд ҳам ҳастанд, ки зикрашон ба вақти дигар вомегузорам).
Дуюм, толори кинотеатр аз тамошобин пур буд ва барои дастандаркорони филм ҷойи нишаст намонд. Бештари кормандони “Тоҷикфилм” дар зинаҳои роҳрав менишастанд. Ба унвони истиора метавон гуфт, ки ин муносибати дастандаркорони филм ба меҳмонон бо рафтори хоксоронаи Мавлоно Ҷомӣ ҳамхонӣ дошт. Ба пушт нигоҳ кардам, ки дар зинаи роҳрав коргардони филм Файзулло Файзов менишаст ва офаридаи худро тамошо мекард. Гумон дорам, ки ҳамин ҳолат ҳеҷ гоҳ аз ёдашон намеравад ва ҳамчун як рӯйдоди хотирмон боқӣ мемонад.
Сеюм, сабти ин филм бо ҳамин муҳтаво дар шароити имрӯз ба муҷиза монанд аст. Ҳар касе дар омодасозии ин филм даст дошт, кори савоберо кард ва муҳимтар аз ҳама дар шаклгирии ривояти нави ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон саҳм гирифт.
Барои ин кор аз ҳамаи дастандаркорон сипосгузорам ва ҳаводорони синаморо бо рӯйи кор омадани чунин як филми пурмазмуну диданӣ табрик мекунам.
Шералӣ Ризоён,
сиёсатшинос


