Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия медиҳад!!!
Мусаллам аст, ки бо фарорасии фасли сармо эҳтиёт ба гармӣ натанҳо дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, балки дар тамоми иншооти вазорату кумитаҳо ва дигар муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон, хусусан дар соҳаи савдову хизматрасонии маишӣ ва бозорҳову марказҳои савдо зиёд мегардад.
Тибқи натиҷаҳои омўзишу таҳлилҳои мутахассисони соҳа нафароне, ки қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро ба таври ҷиддӣ меомӯзанду онро риоя мекунанд, аз сўхтор ва дигар ҳодисаҳои нохуш эмин мебошанд. Вале бархе аз шаҳрвандон, масъулону мутасадиёни иншооту муассисаҳо дар таъмин ва риояи талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор беътиноию хунукназарӣ зоҳир намуда, бо ин амали номатлубашон манзили зист, оилаву фарзанд, дороии хона, ки қимматтарин гавҳари инсонист ва молу мулки давлативу хусусиро зери хатар гузошта, аксар мавридҳо ба коми оташ медиҳанд.
Маҳз баҳри пешгирии чунин ҳодисањои номатлуб Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 178 аз 28 марти соли 2026 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳури барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 56 аз 12 феврали соли 2010 «Дар бораи тасдиқи тартиби иттилоотонӣ, таблиғи дониш, таълими аҳолӣ ва мутахасисон дар соҳаи бехатарӣ аз сўхтор», инчунин тибқи супориши роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва нақшаи иловагии СХДО ВКД аз ҳисоби кормандони Сарраёсат ва ҷузъу томҳои он гурӯҳҳои кори аз рӯйи амалиёти «Муҳофиза» барои санҷиши манзилҳои истиқоматӣ ва муассисаву иншоотҳои гуногуни давлатӣ, бозору марказҳои савдо таъсис дода шудаанд. Аз тарафи гурӯҳҳои кории номбурда, дар маҳаллаҳои аҳолинишину биноҳои баландошёнаи истиқоматии шаҳрвандон, инчунин корхонаву ташкилот ва муассисаву иншооти давлатӣ дар баробари гузаронидани санҷиши ҳолати бехатарӣ аз сўхтор, њамчунин бо истиқоматкунандагон ва коргарону хизматчиёни касбу кори гуногун суҳбатҳо оид ба риояи ҳатмии меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор гузаронида шуда, ба онҳо амрномаҳои мақомоти назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор бо маҷмўи чорабиниҳои зиддисўхторӣ супорида мешаванд. Мутаасифона, аз хунукназарию саҳлангории баъзе роҳбарону масъулин ва шаҳрвандон ҳамоно ҳодисаҳои нохуши сӯхтор ба қайд гирифта мешаванд, ки он боиси таасуф мебошад.
Сабабҳои асосии ба амал омадани ҳодисаҳои сўхтор ин вайрон намудани қоидаҳои васлкунӣ ва вайрон намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми истифодабарии асбобҳои худсохти барқию газӣ -46,0%, фориғболӣ бо оташ 21,1%, бозии кӯдакон бо оташ 15,5% ва ғайра мебошанд.
Ҳодисаҳои сӯхтори рухдода аз он шаҳодат медиҳанд, ки баъзе аз роҳбарони муассисаву ташкилот, корхонаю иншоотҳо ва шаҳрвандони алоҳида дидаву дониста ба ин масъалаи ҳаётан муҳим аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд ва аз тарафи онҳо дар баъзе мавридҳо ҳатто оддитарин қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор риоя карда намешавад, ки натиҷа чунин беэътиноиҳо бо оқибатҳои нохуш анҷом меёбанд.
Бо мақсади пешгирӣ ва роҳ надодан ба ҳодисаҳои сӯхтор Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавсия медиҳад:
- Таъмини риояи талаботҳои бехатарӣ аз сӯхтор, меъёр, қоида ва стандартҳоро дар корхонаю иншоотҳои вобасташуда таъмин намуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда, чораҳои таъҷилӣ андешида шаванд.
- Дар ҳамаи муассисаю корхонаҳо ва ташкилотҳо бозору марказҳои савдо бо ҳамаи кормандон оид ба пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор машварат гузаронида, корҳои пешгирӣ аз сӯхтор пурзӯр карда шаванд.
- Шабакаҳои барқӣ таҳти назорати қатъӣ гирифта, барои ҷудо кардани ҷараёни барқ бо калидҳо (рубилникҳо)-и махсус таъмин карда шаванд. Калидҳо (рубилникҳо)-и барқӣ аз беруни бино дар ҷойи махсус ё қутиҳои оҳанини қулфдор шинонда шаванд.
- Пайвасти ноқилҳо ва кабелҳои барқӣ баҳри пешгирӣ намудани ҳолати хавфи сар задани сӯхтор бо роҳи кафшеркунӣ, прессонидан ва исканҷакҳои махсус амалӣ карда шаванд.
- Санҷиши муқовимати рӯйпӯши ноқилҳо ва кабелҳои барқӣ гузаронида шуда, аз натиҷаҳои он санади даркорӣ тартиб дода шавад.
- Асбобҳо ва дигар дастгоҳу таҷҳизотҳои барқӣ ба воситаи коршоям ба шабакаи барқӣ пайваст карда шавад.
- Дар сипарҳои барқӣ ба истифода бурдани муҳофизаткунакҳои худсоз қатъиян роҳ дода нашавад.
- Дар устохонаҳои чӯбу тахтатарошӣ, анборҳо ва дигар биноҳое, ки дар он масолеҳи бинокорӣ нигоҳ дошта мешавад, чароғҳои барқӣ бо рўйпушҳои шишагин таъмин карда шавад.
- Тақсимкунакҳои қувваи барқ бояд бо рӯйпуши махсус маҳкам карда шаванд.
- Ба бе назорат гузоштани асбобҳои ба шабакаи барқӣ пайваст шуда, инчунин бе тањмонаки ба оташ тобовар истифода бурдани онњо роњ дода нашавад.
- Дар мавриди аз кор баромадани шабакаи барқӣ биною ҳуҷраҳо бо чароғакҳои электрикӣ ё фонусҳо таъмин карда шавад.
- Дар шабакаҳои барқӣ пайваст намудани ҳар гуна қабулкунандаҳои барқӣ танҳо ба эътибор гирифтани сарбории имконпазири шабака мумкин аст. Барои васл, таъмиру хизматрасонӣ ба шабакаҳои барқӣ, танҳо мутахассисони ин соҳа роҳ дода шаванд.
- Барои гарм кардани биною ҳуҷраҳо аз шабакаҳои гармидиҳии марказонидашуда (ТЭЦ) ё дегхонаҳо (котельный) истифода бурда шавад.
- Дар дегхонаҳо нигоҳ доштани захираи якрӯзаи сӯзишворӣ беш аз 0,5 метри куби зиёд манъ аст. Дегхонаҳо таҳти назорати корманди он гузошта шавад.
- Ҳолати техникии печҳо, дудбароҳо ва дегхонаҳо ба талаботи меъёру қоидаҳои бехатарии зидди сӯхтор мувофиқат карда шаванд. Дар пешгоҳи ҳар як печ дар болои фарши чубин оҳантахтаи андозааш 50 х 70 см гузошта шавад.
- Деворҳои зидди сӯхтор аз печу дудбароҳо то конструксияҳои даргиранда 51 см зиёдтар, ҳангоми муҳофизат намудани конструксияҳои зуддаргиранда бо азбесту намади лоймолидашуда ба андозаи 38 см таъмин карда шавад.
- Дудбароҳо ҳар як моҳ на камтар аз як маротиба ва печҳои гармкунӣ дар ду моҳ як маротиба тоза карда шаванд.
- Шабона дар биноҳое, ки чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва ғайра гузаронида мешавад, ба печҳо оташ афрӯхтан қатъиян манъ карда шавад.
- Бо карасин, бензин ва дигар моеъҳои зуддаргиранда ба печҳо оташ даргирондан, бе назорат гузоштани онҳо қатъиян манъ карда шавад.
- Биноҳо мувофиқи қоидаю меъёрҳо бо воситаҳои автоматикии аз оташ воқифкунанда ва асбобҳои аввалиндараҷаи зидди сўхтор таъмин карда шаванд.
- Барои бемамоният даромадани мошинҳои оташхомӯшкунӣ ҳамаи роҳу гузаргоҳҳо ва роҳравҳои назди биноҳо, иншоотҳои обтаъминкунӣ дар ҳолати дуруст нигоҳ дошта шавад.
- Бо карасин, бензин ва дигар моеъҳои зуддаргиранда дар печҳо оташ афрӯхтан, беназорат гузоштани онҳо ва ба кӯдакони хурдсол вобаста кардани ин амал қатъиян манъ аст.
- Барои гарм кардани ҳуҷраҳои биноҳои маъмурӣ ва хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон бо истифодаи асбобҳои газӣ ва гармидиҳандаҳои худсохти барқӣ қатъиян манъ аст.
- Беназорат гузоштани кори асбобҳои газию барќӣ, обгармкунакҳо, ба шахсони бо қоидаҳои истифодабарии ин асбобҳо шинос набуда, вобаста кардани он манъ аст.
- Дар бомҳо ва таҳхонаҳои манзилҳои истиқоматӣ ва иншооту корхонаҳо нигоҳ доштани ашёҳои даргиранда қатъиян манъ аст.
- Танӯру оташдонҳо ва ҳезумхонаву каҳдонҳо аз манзилҳои истиқоматӣ бояд дар масофаи бехавф ҷойгир бошанд.
Ҳамватанони азиз! Бори дигар хотиррасон мешавем, ки хомўш намудани сӯхтор аз тарафи сӯхторнишонон ба тариқи ройгон сурат мегирад. Шумо бо риоя кардани қоидаҳои бехатарии зиддисӯхтор ҳангоми истифодабарии ҳезум, ангишт, асбобҳои газию барќӣ ва муносибати сарфакорона ба он, дар фасли сармои зимистон манзили зист, саломатии фарзандон ва ҳамсояҳоятонро аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохуши сӯхтор ва офатҳои дигар ҳифз карда метавонед.
Ҳамчунин хотирасон мешавем, ки ҳангоми ба амал омадани сӯхтор ва ё зоҳир гардидани нишонаҳои он ҳатман ба Хадамоти оташнишонӣ ба телефони = 01 ва 101 занг задан зарур аст.
Фарҳод Қаҳорзода
муовини аввали СХДО ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
полковники хизмати дохилӣ



