Ба таваҷҷуҳи Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Корхонае, ки масъули тозагии шаҳри Бохтар аст, худ бо мушкилоти ҷиддии молиявӣ, фарсудашавии техника ва сари вақт бароварда нашудани партовҳо рӯ ба рӯ шудааст.

Қарзҳо ва таъхири музди меҳнат
Тибқи маълумоти роҳбарияти КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Бохтар, қарзи корхона аз андоз 2 миллиону 178 ҳазор сомонӣ ва аз неруи барқ 27 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, қарзи музди меҳнати кормандон аз моҳи сентябр ба 98 ҳазору 911 сомонӣ расидааст.
Аз 21 техника 14 адад корношоям
Бино ба маълумоти пешниҳодшуда, аз 21 адад техникаи дар тавозуни корхона қарордошта 14 адад мошини партовкаш корношоям аст. Ин ҳолат метавонад ба ҷамъоварӣ ва интиқоли саривақтии партовҳо таъсири манфӣ расонад.
Мушкили партов ва ҳолати нигаронкунанда
Корхона ба 21 нуқтаи ҷамъоварии партов хизмат расонида, бо беш аз 7 ҳазор аҳолӣ ва 283 мағозаву корхонаҳои тиҷоратӣ шартнома дорад. Аммо, тибқи мушоҳидаҳо, дар баъзе нуқтаҳо партовҳо сари вақт тоза карда намешаванд ва ҳатто ҳолатҳои оташ гирифтани онҳо ба назар мерасанд.
Ҳолати ҳудуди худи корхона низ нигаронкунанда арзёбӣ мешавад: партовҳо ва техникаҳои вайрон зарурати ба тартиб овардани муҳити кориро ба миён меоранд.
Кумитаи масъул чӣ тадбир меандешад?
Роҳбарияти корхона, тибқи маълумоти пешниҳодшуда, барои рафъи мушкилоти мавҷуда ба Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардааст.
Акнун суол ин аст: муроҷиатҳо то куҷо баррасӣ шудаанд? Барои пардохти музди меҳнат, барқарорсозии техникаҳои корношоям ва беҳтар намудани вазъи тозагии шаҳр чӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд?
Зеро корхонае, ки масъули тозагии шаҳр аст, набояд худ дар иҳотаи партовҳо ва мушкилоти ҳалталаб бимонад.
Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь