16 октябр зодрӯзи арбоби давлативу ҷамъиятӣ – Чинор Имомов аст. Ӯ дар радифи Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, устод Айнӣ ва фарзандони диловарӣ миллат – Абдураҳим Ҳоҷибоев, Абдқодир Муҳиддинов, Нисор Муҳаммад ва дигарон барои таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози асри ХХ талошҳои зиёде ба харҷ додааст...
Бахши аввал
ЗОДГОҲ, АЙЁМИ КӮДАКӢ ВА ТАҲСИЛ
Чинор Имомов, ки номи аслиаш Очилдӣ аст, 16 октябри соли 1898 дар деҳаи Зебони онвақта волости Панҷакенти вилояти Самарқанд ба дунё омадааст. Замоне, ки Очилдӣ ба дунё омад, водии Зарафшон аллакай чанд даҳсола инҷониб, дар ҳайати империяи Русия дохил мешуд. Самарқанд баъди ишғоли русҳо дар соли 1868 ба яке аз марказҳои муҳими маъмурии Туркистон табдил ёфта, соли 1887 маркази вилояти Самарқанд муайян гардид. Роҳи оҳан, идораҳои маъмурӣ, бозорҳои нав ва муассисаҳои русӣ симои иқтисодиву иҷтимоии минтақаро тадриҷан дигар мекарданд. Дар баробари мактабҳои анъанавии мусалмонӣ ва мадрасаҳо дар Самарқанд шабакаи мактабҳои русӣ ва русӣ-маҳаллӣ таъсис меёфтанд.
Тибқи навиштаи муаррихон то соли 1914 муассисаҳои русизабон бештар дар шаҳрҳо ва маҳалҳои руснишин мавҷуд буданд ва шумораи хеле ками фарзандони аҳолии маҳаллӣ имкони дохил шудан ба онҳоро доштанд. Дар баробари ин, маорифпарварон дар Самарқанду Бухоро ва дигар шаҳрҳои Осиёи Миёна кӯшиш мекарданд, ки мактабҳои сохти нав бунёд намоянд.
Дар чунин шароити таҳаввулоти азими сиёсиву иҷитимоӣ ва иқтисодӣ кӯдакии Очилдӣ ҷараён гирифт. Бо вуҷуди он, ки тағйироти чашмрас дар ҳаёти мардум эҳсос мешуд, рӯзгори сокинон ба душворӣ мегузашт. Теъдоди ками аҳолӣ дар корхонаҳои навбунёд ба кор ҷалб шуда бошанд ҳам, аҳолӣ бештар ба деҳқонӣ, ҳунармандӣ ва корҳои вазнин рӯз мегузаронид. Искандари зебонӣ – падари Чинор Имомов асосан подабонӣ мекард ва дар як порча замине, ки аз падараш мерос гирифта буд, барои хонавода зироат кишт менамуд.
Соли 1906 марги падари Очилдӣ зиндагии душвори ин хонаводаро душвортар мекунад. Очилдӣ бо модараш Раъно ва ду хоҳараш – Мисқолой ва Тулғуной бе сарпараст мемонанд. Очилдӣ бо модар ва хоҳаронаш маҷбур ба мардикорӣ мешаванд, вале он солҳо кор камёфт буд, махсусан барои муштипаре, ки бо ду духтар ва бемуттако мондааст.
Падари Очилдӣ дар замони подабониаш бо ҷангалбони рус Василий Волков ошноӣ пайдо карда буд. Вазифаи Волков на фақат ҷангалбонӣ, балки омӯзиши табиати водии Зарафшон буд ва ӯ бо мақсади шиносоӣ вақти бештари худро аспсавор дар кӯҳҳои водӣ мегузаронид. Дар ин сафарҳо Искандари подабон ҳамсуҳбати ӯ буд ва онҳо аҳди дӯстӣ баста буданд.
Пас аз вафоти дӯсти подабонаш, Василий соли 1909 ба Зебон меояд ва аз марги ошнояш огоҳ шуда, зиндагии вазнини хонаводаро дида, писари ягонаи ӯро ба Самарқанд бурданӣ мешавад. Модар ба хотири ояндаи фарзандаш розӣ мешавад, ки ӯро аз худ дур кунад ва ба тарбияи хонаводаи рус бидиҳад.
Дар муҳити хонаводаи Волков Очилдӣ забони русиро меомӯзад, бо тарзи зиндагии шаҳрӣ ва низоми таълими русӣ ошно мегардад ва дар ҳамин хона ба ӯ номи тоҷикии Чинор дода мешавад.
Дар ин маврид, пас аз гузашти солҳо Чинор Имомов воқеаеро ба ҳамасараш Евгения Михайловна нақл кардааст: “Рӯзе Василий Волков аспсавор ба хонааш меояду аз асп мефарояд ва ҷилави аспро ба дасти Очилдӣ медиҳад, ки ба ягон дарахт бандад. Вақте ки Очилдӣ бармегардад, Василий Волков аз ӯ мепурсад, ки «аспро ба кадом дарахт бастӣ?». Очилдӣ ҷавоб медиҳад: «ба дарахти чинор». Василий Волков табассумкунон мегӯяд: «офарин, чинор дарахти аҷоибу сояафкан аст, ту ин дарахтро дуст медоштаӣ ва минбаъд мо туро Очилдӣ не, ин номи туркӣ аст, балки Чинор хоҳем номид…» (“Дар ҳалқи гирдоб”, саҳ. 12). Далели дигари Чинор ном гирифтани Очилдӣ эҳтимол душворӣ кашидани хонаводаи рус дар талаффузи номи ӯ бошад…
Ва аз ҳамон вақт инҷониб, яъне тақрибан аз мобайнҳои соли 1910 cap карда, ӯ ба худ номи Чинорро мегирад ва дар ҳуҷҷатҳои расмӣ низ ному насабаш «Чинор Имомов» сабт мешаванд.
Соли 1911 Волков Чинорро ба мактаби русӣ медиҳад. Ӯ дар мактаб бо баҳои аъло таҳсил карда, таҳсилро дар омӯзишгоҳи чорсолаи шаҳри Самарқанд идома дод. Чинор Имомов соли 1917, дар остонаи фурӯпошии империяи Русия, ин муассисаро хатм кард.
Самарқанди солҳои таҳсили Чинор Имомов маркази муҳими тағйироти фикрӣ буд. Дар оғози асри ХХ ҷадидони маъруф, аз ҷумла Абдуқодир Шакурӣ, Исматулло Раҳматуллозода, Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, дар шаҳр мактабҳои усули нав, рӯзнома ва маҷалла таъсис медоданд. Рӯзномаи «Самарқанд» ва маҷаллаи «Оина» дар муҳити зиёиёни маҳаллӣ масъалаҳои маориф, ислоҳоти ҷомеа, ҳувият ва муносибати Шарқ бо ҷаҳони муосирро ба баҳс мегузоштанд. Ҳаракатҳои гуногуни фикрӣ ва сиёсӣ ба вуҷуд омада буданд ва нерӯҳои мухталиф кӯшиши таъсир гузоштан ба афкори мардуми минтақаро мекарданд.
Ҳоло санади мустақиме дар даст нест, ки Чинор Имомовро дар айёми таҳсил узви маҳфили ҷадидон буд ё не, вале дар бархе манобеъ гуфта шудааст, ки ӯ узви ҷамъияти “Иттифоқ” будааст. Вале ҷавоне, ки дар мактаби русӣ таҳсил мекард ва дар Самарқанд ба камол мерасид аз баҳсҳои ислоҳталабона дур буда наметавонист…
Дар ҳамин солҳо вазъи сиёсӣ низ босуръат тағйир меёфт. Ҷанги якуми ҷаҳон иқтисоди Туркистонро заиф кард, андозу гаронӣ афзуд ва фармони соли 1916 дар бораи ҷалби аҳолии маҳаллӣ ба корҳои ақибгоҳ норозигии васеъ ба вуҷуд овард. Дар минтақа ошӯбҳо сар заданд ва дар атрофи Самарқанд низ деҳаҳои зиёде осеб диданд. Соли 1917 аввал инқилоби февралӣ ва баъд инқилоби октябрӣ сохтори сиёсии империяро комилан дигар кард. Туркистон ба саҳнаи рақобати болшевикон, неруҳои миллӣ, ҷадидон, эсерҳо ва гурӯҳҳои дигари сиёсӣ табдил ёфт.
Бахши дуюм
ДАР ШОҲРОҲИ СИЁСАТ
Оғози фаъолияти ҷамъиятиву сиёсии Чинор Имомов ба яке аз мураккабтарин марҳалаҳои таърихи Осиёи Миёна рост меояд. Соли 1917, вақте ӯ омӯзишгоҳи чорсолаи Самарқандро хатм кард, низоми пешини императорӣ фурӯ рехта, Туркистон ба саҳнаи муборизаи неруҳои гуногуни сиёсӣ табдил ёфта буд. Инқилоби февралӣ, Инқилоби октябрӣ, ҳаракатҳои миллии мусулмонон, таъсиси созмонҳои коргариву деҳқонӣ ва баъдан ҷанги шаҳрвандӣ натанҳо сохтори сиёсии минтақаро дигар карданд, балки барои ҷавонони таҳсилдидаи маҳаллӣ роҳҳои нави фаъолияти ҷамъиятиро боз намуданд. Чинор Имомов низ маҳз дар ҳамин фазои пуртазод вориди сиёсат шуд.
Ӯ дар оғози фаъолияти сиёсӣ муддате ба эсерҳо наздик шуд, аммо зуд, аз ин гуруҳ ҷудо шуда ба сафи болшевикон пайваст. “Тағйири ақида” кардани Чинор Имомов дар шароити онвақтаи Осиёи Миёна сабабҳои худашро дорад. Зеро дар соли 1917 дар шаҳрҳои бузурги минтақа, аз ҷумла Самарқанд, Тошканд, Хуҷанд ва Қӯқанд, дар баробари шӯроҳои коргарону сарбозон созмонҳои махсуси аҳолии мусулмон низ ба вуҷуд омаданд. Яке аз онҳо «Иттиҳоди меҳнаткашони мусулмон» ё «Иттифоқ» буд, ки қишрҳои коргар, ҳунарманд, деҳқон ва бахше аз зиёиёни маҳаллиро муттаҳид мекард. «Иттифоқ»-и Самарқанд ҳанӯз соли 1917 таъсис ёфта, чанд ҳазор нафарро дар бар мегирифт ва тадриҷан таҳти таъсири неруҳои болшевикӣ қарор мегирифт.
Соли 1918 Чинор Имомов котиби созмони «Иттиҳоди меҳнаткашони мусулмон»-и Самарқанд гардид. Ин нахустин вазифаи муҳими ҷамъиятии ӯ буд ва барои фаъолияти баъдиаш аҳамияти калидӣ дошт. Созмонҳои мазкур вазифаи миёнаравиро миёни ҳокимияти нави шӯравӣ ва аҳолии маҳаллӣ иҷро мекарданд. Онҳо натанҳо масъалаҳои сиёсиро таблиғ менамуданд, балки ба ташкили кумакҳои иҷтимоӣ, таъмини озуқа, таъсиси кооперативҳо ва ҷалби аҳолии маҳаллӣ ба шӯроҳо низ машғул буданд. Дар чунин муҳит Имомов таҷрибаи аввалини кор бо омма, ташкили сохторҳои маҳаллӣ ва иртибот бо қишрҳои гуногуни ҷомеаро ба даст овард.
Моҳи декабри соли 1918 ӯ ба Ӯротеппа фиристода шуда, раиси Кумитаи инқилобии уездию шаҳрӣ ва баъдан раиси кумитаи ҳизбии ин минтақа гардид. Ӯротеппаи он солҳо яке аз минтақаҳои ҳассоси сиёсӣ буд. Ҳокимияти шӯравӣ дар бисёре аз маҳалҳои водии Зарафшон ва ноҳияҳои кӯҳистон ҳанӯз устувор нашуда буд. Дар баробари мушкилоти иқтисодӣ, камбуди озуқа ва вайрон шудани роҳҳои тиҷоратӣ, муқовимати мусаллаҳонаи зиддишӯравӣ низ идома дошт. Ҳатто солҳои 1921-1922 дар Ӯротеппа вазъи ҳарбӣ ҳукмфармо буд. Аз ин рӯ, вазифаи Имомов дар Ӯротеппа танҳо кори идорӣ ва идеалогӣ набуд. Ӯ дар марҳалае кор мекард, ки сохторҳои нави идорӣ ҳанӯз ташаккул меёфтанд ва роҳбарони маҳаллӣ маҷбур буданд ҳамзамон масъалаҳои амният, таъмини озуқа, идоракунии деҳот ва ҷалби аҳолиро ба низоми нави сиёсӣ ҳал намоянд.
Солҳои 1920-1922 марҳалаи навбатии фаъолияти ӯ ба Ҷиззах ва Самарқанд вобаста аст. Зеро Чинорро дар ин давра роҳбари кумитаҳои ҳизбии уездию шаҳрии Ҷиззах ва Самарқанд таъйин карданд. Самарқанд дар он солҳо натанҳо маркази маъмурӣ, балки яке аз марказҳои муҳими фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсии минтақа буд. Масъалаҳои миллӣ дар ин шаҳр хеле ҳассос буданд, зеро аҳолии тоҷикзабон дар шаҳр ва гирду атроф нуфузи назаррас дошт, вале дар сохторҳои маъмурӣ ва матбуоти шӯравӣ забони тоҷикӣ мавқеи мутаносиб бо ин нуфуз надошт.
Дар ҳамин замина солҳои 1922-1923 дар фаъолияти Имомов як тамоюли муҳим – таваҷҷуҳ ба масъалаҳои миллӣ, забон ва маорифи тоҷикӣ мушоҳида мешавад. Ӯ ҳамроҳи Шириншоҳ Шоҳтемур аз зарурати таъсиси мактабҳои тоҷикӣ, омода кардани китобҳои дарсӣ ба забони модарӣ ва таъсиси нашрияи махсуси тоҷикӣ ҷонибдорӣ мекард. Ин ду арбоби давлатӣ дар солҳои 1922–1923 пайваста масъалаи набудани матбуоти тоҷикӣ дар Туркистонро ба мақомоти ҳизбӣ матраҳ менамуданд. Зеро ин масъала дар он давра аҳамияти сиёсӣ дошт, зеро дар минтақа ба забонҳои ӯзбекӣ, қазоқӣ, туркманӣ ва дигар забонҳо нашрияҳо мавҷуд буданд, вале тоҷикон аз ин неъмат бебаҳра буданд. Моҳи майи соли 1923 дар назди сохторҳои Ҳизби коммунисти Туркистон сексияи тоҷикӣ таъсис ёфт, ки ба масъалаҳои маориф, кадрҳои миллӣ ва нашри матбуот ба забони тоҷикӣ машғул мешуд. Аъзои ин сексия Чинор Имомов, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нисор Муҳаммад, Сайидризо Ализода, Аббос Алиев, Абулқосим Лоҳутӣ ва дигар зиёиёну фаъолони тоҷик буданд. Вазифаи ин сохтор аз таблиғи сиёсати миллӣ то тайёр кардани кадрҳои маҳаллӣ ва ба роҳ мондани матбуоти тоҷикӣ буд.
Моҳи октябри соли 1923 мақоми сиёсии Чинор Имомов боз ҳам боло рафт. Ӯ ҷонишини якуми раиси Комиссияи марказии назорат ва ҳамзамон комиссари халқии Инспексияи коргару деҳқони Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон таъйин шуд. Ин яке аз мансабҳои муҳим дар сохтори ҷумҳурӣ буд, зеро Комиссияи марказии назорат ва Инспексияи коргару деҳқон фаъолияти дастгоҳҳои давлатӣ, иҷрои қарорҳо ва интизоми идориро назорат мекарданд.
Ҳамзамон, маҳз дар ҳамин сол масъалаи матбуоти тоҷикӣ низ роҳи ҳали худро ёфт. Моҳи декабри соли 1923 Чинор Имомов ва Шириншоҳ Шоҳтемур ба Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Туркистон муроҷиат карда, набудани рӯзномаи тоҷикӣ дар минтақаро масъала гузоштанд. Ин иқдом заминаи таъсиси рӯзномаи «Овози тоҷик» дар соли 1924 гардид.
Бахши сеюм
БУНЁДИ ТОҶИКИСТОН
Тақсимоти милливу марзии Осиёи Марказӣ дар оғози асри ХХ на фақат барои Чинор Имомов, балки барои элитаи нави сиёсии тоҷик марҳалаи сарнавиштсоз буд. Соли 1924 болшевикҳо ба тақсимоти миллӣ-ҳудудии Осиёи Миёна шурӯъ карданд. Дар назари аввал ин сиёсат бояд воҳидҳои маъмуриро бо таркиби миллии аҳолӣ мутобиқ месохт, аммо дар амал масъала аз омилҳои демографӣ хеле фарохтар буд, роҳҳо, об, марказҳои маъмурӣ, яъне шаҳрҳо, шабакаҳои тиҷоратӣ, бозорҳо, манфиатҳои элитаҳои маҳаллӣ ва таносуби қувваҳо дар дохили сохторҳои ҳизбӣ низ ба муайян шудани сарҳадҳо таъсир мерасонданд. Баъдан, Маскав барои Осиёи Марказӣ нақшаҳое дошт, ки то имрӯз муҳаққиқон асрори онро накушодаанд. Ҳамин аст, ки масъалаи тақсимоти милливу ҳудудӣ ба чолишҳои зиёд рӯ ба рӯ шуд ва ин раванд баъдан унвони “табартақсим”-ро гирифт. Дар ин бора муҳаққиқони муаррих зиёд навиштаанд, бинобар ин, мо дар ин нигошта зиёд дар ин маврид намегӯем. Фақат ҳамин қадар кифоя аст, ки ин тақсимоти ноодилона, барои миллати тоҷик бисёр гарон уфтод, ки хисороти онро ҳеҷ гоҳ пӯшонида намешавад…
Чинор Имомов дар ин раванд яке аз фигураҳои асосӣ ва таъсиргузор буд ва нақши ӯ дар ташкил шудани Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Ӯзбекистон кам нест.
Пас аз таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Чинор Имомов ба қатори роҳбарони сохтори нави сиёсӣ ворид шуд. Ӯ ҳамчун узви Комиссияи марказии тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ ва баъдан котиби масъули Бюрои ташкилии ҳизбӣ дар Тоҷикистон буд.
26 ноябри соли 1924 Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон ҳамчун ҳукумати муваққатӣ таъсис ёфт ва Чинор Имомов дар ҳайати роҳбарии он қарор гирифт. 6 декабри ҳамон сол Бюрои Осиёимиёнагии КМ ҲК(б) Русия Бюрои ташкилии ҲК(б)-и Ӯзбекистонро дар Тоҷикистон ташкил кард ва Имомов дар ин сохтор низ мавқеи калидӣ дошт.
Пас аз он ки пойтахти Тоҷикистон ба Душанбе кучид, Чинор Имомов намояндаи доимии Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон буд. Ин вазифа аз ҷиҳати сиёсӣ хеле муҳим буд, зеро Тоҷикистон ҳанӯз дар ҳайати Ӯзбекистон қарор дошт ва масъалаҳои буҷет, маблағгузорӣ, кадр, таъминоти идорӣ ва бисёр қарорҳои иқтисодӣ аз Тошканд вобаста буданд. Ӯ аз соли 1924 то соли 1927 дар ин вазифа фаъолият кард.
Вале таҷрибаи солҳои 1925-1926 нишон дод, ки вобастагӣ аз Тошканд тадриҷан ба яке аз мушкилоти асосии давлатдории тоҷикон табдил ёфт. Аз як тараф мушкили гирифтани маблағ аз Ӯзбекистон барои бунёди Тоҷикистон бисёр душвор буд, аз ҷониби дигар масоили фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дучори чолишҳо гардида буд.
Ин ихтилоф махсусан дар масъалаи буҷет ошкор шуд. Санади муҳим дар ин маврид номаи махфии Б. Толпиго аз 28 октябри соли 1926 ба КМ ВКП(б) мебошад. Дар он омадааст, ки Нусратулло Махсум, Абдулқодир Муҳиддинов, Додобоев ва Чинор Имомов ба Маскав рафта, бо Вячеслав Молотов, Ян Рудзутак ва Григорий Соколников мулоқот кардаанд. Онҳо аз он шикоят доштаанд, ки роҳбарияти Ӯзбекистон буҷет ва қарзҳои Тоҷикистонро коҳиш медиҳад, кумакҳои ваъдашударо пурра намерасонад ва манфиатҳои ҷумҳуриро ба қадри кофӣ ба назар намегирад.
Масъалаи маориф низ дучори буҳрон гардида буд. Комиссариати маорифи халқи Тоҷикистон 14 декабри соли 1924 таъсис ёфта, аз 11 феврали соли 1925 дар Душанбе фаъолиятро оғоз кард. Дар шароите ки сатҳи саводнокӣ бисёр паст буд ва мактабҳои тоҷикӣ ҳанӯз хеле кам буданд, сохтани шабакаи маориф маънои сохтани яке аз сутунҳои асосии давлати навро дошт. Номаҳо ва муроҷиатҳои роҳбарони Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки маблағгузории мактабҳо, тайёр кардани омӯзгорон ва таъмин бо китобу барномаҳои дарсӣ аз масъалаҳои доимии баҳс бо Тошканд буданд. Имомов ва Нусратулло Махсум аз кам будани маблағ барои мубориза бо бесаводӣ ва сохтмони мактабҳо шикоят доштанд.
Дар айни замон ҷумҳурӣ бо мушкилоти сахти иқтисодӣ рӯ ба рӯ буд. Роҳҳои ба талабот ҷавбгӯ қариб ки вуҷуд надоштанд, робитаи Душанбе бо вилоятҳо душвор, бозори дохилӣ пароканда ва саноат тақрибан рушд наёфта буд. Аз ҳамин сабаб, масъалаи иртиботи минтақаҳои алоҳидаи тоҷикнишин бо марказ ва масъалаи пайвастани ҳудудҳои дигар ба Тоҷикистон ба рӯзномаи сиёсӣ боқӣ мемонд. Барои роҳбарони ҷумҳурӣ равшан мешуд, ки бе заминаи кофии иқтисодӣ ва шаҳрҳои муҳим автономия наметавонад ба давлати воқеан устувор табдил ёбад.
Чинор Имомов дар ин марҳала дар байни он гурӯҳи роҳбароне буд, ки ба Маскав барои васеътар шудани имкониятҳои Тоҷикистон муроҷиат мекарданд.
Дигаргунии сохтори давлатӣ дар солҳои баъдӣ низ ба ҳамин раванд пайваст буд. Соли 1929 Тоҷикистон аз мақоми ҷумҳурии мухтор дар ҳайати Ӯзбекистон берун омада, ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон — ҷумҳурии иттифоқӣ табдил ёфт, ки дар ин кор дар баробари Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур нақши Чинор Имомов ва дигарон низ ҳаст.
Баъд аз бозгашт аз таҳсил дар Донишгоҳи коммунистии Ленинград (1928–1930) Имомов ба вазифаҳои калидии давлатӣ гузашт: солҳои 1930–1931 комиссари халқии маориф, 1931–1933 комиссари халқии тандурустӣ ва 1933–1935 комиссари халқии адлияи Тоҷикистон буд.
Бахши чорум
АЗ КОРНОМА ТО ФОҶЕА
Соли 1930 дар зиндагӣ ва фаъолияти Чинор Имомов марҳалаи нав оғоз шуд. Ӯ баъди анҷоми таҳсил дар Донишгоҳи коммунистии Ленинград ба Тоҷикистон баргашт ва ба сафи роҳбарияти ҷумҳурие пайваст, ки акнун аз мақоми ҷумҳурии мухтор берун омада, ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил ёфта буд. Ӯ пас аз баргаштан зуд ба вазифаҳои роҳбарикунанда баргузида шуд: Комиссари халқии маориф дар солҳои 1930-1931, Комиссари халқии тандурустӣ дар солҳои 1931-1933, Комиссари халқии адлия дар солҳои 1933-1935, котиби масъули Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон ва баъдан мудири корҳои Шӯрои Комиссарони Халқ.
Фаъолияти Имомов дар Комиссариати халқии маориф идомаи мантиқии талошҳои ӯ дар солҳои 1920 буд, ки вай ҳамроҳи Шириншоҳ Шоҳтемур барои таъсиси мактабҳои тоҷикӣ, нашри китобҳои дарсӣ ва матбуоти тоҷикӣ талош мекард. Тоҷикистон дар оғози солҳои 1930 ҳанӯз бо бесаводии густарда, камбуди омӯзгор, набудани китобҳои дарсӣ ва муассисаҳои таълимӣ рӯ ба рӯ буд. Дар чунин шароит Комиссариати маориф яке аз сохторҳои калидии давлат буд. Вазифаи он на танҳо кушодани мактаб, балки тайёр кардани омӯзгорон, таҳияи барномаҳои таълимӣ, нашри китоб ва мутобиқ сохтани маориф ба сиёсати нави фарҳангии шӯравӣ буд. Бинобар ин, нақши Чинор Имомов дар ташкили мактабҳои тоҷикӣ, нашри китобу рӯзнома ба забони тоҷикӣ ва рушди муассисаҳои маориф бузург аст.
Дар солҳои 30-юм дар Тоҷикистон кадрҳои роҳбарикунанда намерасиданд. Бинобар ин, роҳбарияти вақти кишвар маҷбур буданд, ки ҳатто дар ниҳоди тандурустӣ нафарони ғайритахассусро роҳбар таъйин кунанд. Барои мисол нахустин Комиссари халқии тандурустии Тоҷикистон, яъне вазири тандурустӣ Уғулой Шамсиддинова буд, ки табиб набуд, балки хатмкардаи омӯзишгоҳи муаллимтайёркунӣ буд. Пас аз ӯ ба ин вазифа Чинор Имомов таъйиин гардид. Дар ҷумҳурие, ки ҳанӯз беморхонаҳои ба талабот ҷавобгӯ хеле кам дошт, табибон намерасиданд ва муассисаҳои беҳдоштӣ ҳанӯз хеле маҳдуд буд, анҷоми ин вазифа бисёр душвор буд, вале Чинор Имомов аз уҳдаи ин вазифа баромад. Дар давраи роҳбарии ӯ даҳҳо табиб ва корманди тиббӣ аз дигар шаҳрҳо ба Тоҷикистон даъват шуданд, донишҷӯёни тоҷик ба муассисаҳои олии тиббӣ фиристода шуданд ва беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ боз гардиданд.
Пас аз як муддати фаъолият Имомов ба вазифаи комиссари халқии адлия таъйин шуд. Ин ниҳод дар он даврон низоми суд ва додситониро дар бар мегирифт, илова бар ин барои ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва татбиқи қонунҳо низ масъул буд.
Дар солҳое, ки Имомов котиби масъули Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон мудири корҳои Шӯрои Комиссарони Халқ буд, бо ташаббуси ӯ роҳҳои мошингарди Душанбе–Ҳисор–Регар, Душанбе–Кофарниҳон–Файзобод, Душанбе–Қӯрғонтеппа, Душанбе–Кӯлоб ва Тирмиз–Душанбе низ сохта шуданд.
Ҳама чиз гӯё ба хубӣ пеш мерафт, ки фазои сиёсии Иттиҳоди Шӯравӣ куллан тағйир кард. Солҳои 1936-1938 ба давраи авҷи саркӯбҳои сталинӣ табдил ёфтанд. Дар ҷумҳуриҳои миллӣ бисёре аз онҳое, ки дар солҳои 1920 барои ташкили сохторҳои нави шӯравӣ кор карда буданд, акнун бо иттиҳоми «миллатгароӣ», «созмони зиддишӯравӣ», «ҷосусӣ» ва «терроризм» ҳадафи тафтишот қарор гирифтанд.
Дар Тоҷикистон ин мавҷ махсусан соли 1937 шиддат гирифт. Дар ҳамин давра Нусратулло Махсум, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигар намояндагони насли аввали элитаи сиёсӣ боздошт шуданд. Чинор Имомов низ ба ҳамин гирдоб афтод. Ӯ 18 июли соли 1937 боздошт гардид. Пас аз панҷ рӯз, 23 июл, Бюрои Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ӯро барои «фаъолияти зиддишӯравӣ» аз ҳайати КМ ва аз сафи ҳизб хориҷ кард.
Муҳаққиқ Имомназар Мирзозода (Келдиев), ки парвандаи ҷиноии Чинор Имомовро омӯхтааст, менависад, ки ӯро ба узвият дар созмони гӯё зиддишӯравии «Иттиҳоди Шарқ» муттаҳам кардаанд. Тибқи маводи тафтишот, гӯё ин созмон мехостааст Тоҷикистонро аз Иттиҳоди Шӯравӣ ҷудо карда, давлати «миллӣ-буржуазӣ»-ро таҳти пуштибонии Бритониё таъсис диҳад.
«Гуноҳ»-и дигари ӯ ба масъалаи давлатдории тоҷикон бевосита пайванд дошт. Тафтишот аз ҷумла фаъолиятеро, ки ӯ ва ҳамсафонаш солҳои 1920 барои таъсис ва тақвияти Тоҷикистон анҷом дода буданд, ҳамчун зуҳури «миллатгароӣ» шарҳ медод. Дар маводи парванда ба навиштани номаҳо ба Маскав, танқиди сиёсати Тошканд ва талош барои таъсиси Ҷумҳурии Иттифоқии Тоҷикистон низ ишора мешуд.
Ҳамин тавр, 20 октябри соли 1938 Коллегияи ҳарбии Суди Олии Иттиҳоди Шӯравӣ Чинор Имомовро «душмани халқ» эълон кард ва ӯро ба ҳукми қатл маҳкум намуд.
Имомов ҳангоми қатл ҳанӯз 40-сола нашуда буд.
Саркӯб шудани Имомов ба оилааш бетаъсир намонд. Баъди боздошти Имомов ҳамсараш Евгения Михайловна низ ҳабс гардид. Ду писараш -Александр ва Вадим ҳамчун фарзандони «душмани халқ» ба хонаи кӯдакон фиристода шуданд ва ба онҳо насаби дигар доданд. Баъдтар модар озод шуд ва фарзандонашро дубора ба тарбияи худ гирифт.
Пас аз марги Сталин ва оғози бозбинии парвандаҳои солҳои 1930, ҳамсараш ба мақомоти дахлдор барои бозбинии парвандаи Чинор Имомов нома менависад. 15 декабри соли 1956 Коллегияи ҳарбии Суди Олии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳукми соли 1938-ро бекор карда, парвандаро бинобар набудани таркиби ҷиноят қатъ намуд. Баъдан, 13 июни соли 1957, Бюрои КМ Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон қарори соли 1937-ро дар бораи хориҷ кардани ӯ аз ҳизб бекор кард.
Ба ҷойи охирсухан
Дӯстони азиз, банда ин навиштаро, ки хусусияти тарҷумаиҳолӣ дорад, барои хайрёди Чинор Имомов, ки 16-уми октябр зодрӯзаш буд, манзури шумо кардам, то аз корнома ва зиндагиномаи ин марди ҷасур огоҳ шавед. Дар бораи Чинор Имомов китоби нағзи Имомназар Келдиев – “Чинор Имомов” (Душанбе, Адиб, 2009), ду китоби рӯзноманигор Боймурод Шоҳзода – “Чинор Имомов – ифтихори мо” (Хуҷанд, 2008), “Чинори миллат” (Душанбе, 2019) ва маҷмӯаи мақолаҳои Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент – “Дар ҳалқаи гирдоб” (Душанбе, 2019) ва чанд мақолаи пажӯҳишгарон ба нашр расидааст, ки метавонед аз он истифода баред ва бо корномаи ин шахс бештар ошно шавед. Банда фақат дар охири ин навишта ба як нукта ишора мекунам, ки он ҳам сарнавишти фарзандони Чинор Имомов аст.
Тавре ишора шуд, Чинор Имомов соҳиби ду фарзанд буд, яке Александр ва дигаре Владимир. Александр ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ меравад ва соли 1944 ҳамон ҷо мефавтад. Фарзанди дигари ӯ Владимир ҳам дар ҷанг ширкат карда, аз он ҷо маҷрӯҳ шуда ба Ватан бармегардад ва хонадор мешавад. Владимир соҳиби як духтар мешавад, ки Ирина ном дорад ва касби табибиро пеша карда, солиёни зиёд дар беморхонаи Қареяи Боло ренгенолог шуда кор мекард…
Одил Нозир, муҳаққиқ



