Ба озмуни «Ҳифзи пиряхҳо-омили муҳими таъмини ояндаи дурахшони инсоният».

Сӯҳбат бо Саидаҳмад Акрампур, сухангӯи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе.

-Барномаи “Маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20212025 бо кадом зарурат таҳия шуд ва ҳадафи асосии он чист?

-Бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологӣ дар ҷомеа аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се барномаи давлатӣ қабул ва дар фосилаҳо муайян мавриди иҷро ва натиҷа бардорӣ қарор дода шуданд.

Барномаи давлатии маҷмуавии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2021-2025 дар поёни соли 2025 ҷамъбаст гардид.

Дар доираи иҷрои Барномаи болозикр корҳои маърифатию тарғиботӣ анҷом дода шуда, барои баланд бардоштани маърифатандӯзии аҳли ҷомеа нақши муҳим бозид. Аз кӯдакистонҳо то вазорату идораҳо, муассисаҳои таълимии ҳамагонӣ, олӣ чорабиниҳои таблиғотӣ роҳандозӣ гашта, риояи қонунгузориҳои муҳити зист, солимгардонии табиат, саҳмгузорӣ дар сарсабзии диёр, иштирок дар аксияҳои экологӣ ва пеш аз ҳама покнигоҳдории табиат ба масъулон ва шаҳрвандон фаҳмонида шуд.

Дар донишгоҳ ва муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе семинар ва конфронсҳо бахшида ба ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти обу иқлим гузаронида шуд.

Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи давлатии маҷмӯавии рушди тарбия ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2026-2030 таҳия гашта, барои тасдиқ ба ҳукумати кишвар пешниҳод мегардад.

-Ба назари Шумо, дар давоми ин солҳо сатҳи маърифати экологии аҳолӣ то чӣ андоза тағйир ёфт?

-Дар замони соҳибистиқлолии кишвар мавриди амал қарор гирифтани барномаҳои давлатии экологӣ вобаста ба рушди тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа нақши муҳим бозид. Зеро дар ин давра зина ба зина сатҳи маърифатандӯзии экологии қишри гуногуни баланд гашта, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар фанни мустақили экология ба роҳ монда шуда, донишгоҳу донишкадаҳои олӣ кафедраҳои экологӣ таъсис ва тахассусҳои ин ришта роҳандозӣ гардид. Ин қадами ҷиддӣ дар роҳи маърифатомӯзии насли наврасон ва ҷавонон буда, дар муқоиса ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ  сатҳи маърифати экологии аҳолӣ беҳтару хубтар шудааст.

-Кадом дастовардҳои муҳим дар доираи ин барнома ба даст омаданд?

-Чуноне дар боло ишора рафт, танҳо дар доираи иҷрои барномаҳои давлатии экологӣ имконият даст дод, ки тадбирҳои зиёде дар ин самт амалӣ гашта, дар ин баробар қонунгузориҳои экологӣ таҳия ва мавриди амал дар ҷомеа қарор гирифт, ки аз шаҳрванд ва масъули вазорату идораҳоро барои иҷрои рисолати ҳифзи муҳити зист водор кард. Айни замон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист зиёда аз 20 қонунгузорӣ мавриди амал қарор дорад.

амзамон, кадом мушкилот ё камбудиҳо дар раванди татбиқи барнома ба назар мерасанд?

-Дар раванди амалишавии барномаҳои давлатии экологӣ тамоми қишри ҷомеа фаъолона ширкат намуд. Албатта татбиқи пурраи ин барнома мо шаҳрвандонро вазифадор мекунад, ки масъулияти ба зимма доштаамонро иҷро намоем то дар назди табиат қарздор намонем. Бубинед, табиат тамоми имконотро ба фароҳам овардааст ва мо наметавонем нисбати табиат беэътино бошем. Фаразан, агар хилофи қонунмандиҳои табиат рафтор намоем,  табиат ба мо посух хоҳад дод.

-Дар шаҳри Душанбе,  имрӯзҳо масъалаи маърифати бештар нигаронкунанда аст?

-Дар ҳоли ҳозир масъалаи нигаронкунанда дар ҷомеа риоя нагардидани Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ буда, дар баъзе мавридҳо мушоҳида мегардад, ки шаҳрвандон партовҳои сахти маиширо дар нуқтаҳои партовҷамъкунӣ ҷойгир накарда, дар ҷойҳои номуайян  мерезанд.Чунин ҳолат ба халалдор гаштани ҳолати экологӣ сабабгор мегардад.

-Нақши муассисаҳои таълимӣ дар баланд бардоштани маърифати экологӣ то чӣ андоза муассир аст?

Воқеан нақши муассисаҳои таълимӣ дар раванди татбиқи барномаҳои давлатӣ ва зина ба зина баланд бардоштани сатҳи дониши экологии наврасону ҷавонон қобили қайд аст. Зеро навад дарсади татбиқи барномаҳои давлатии экологӣ, ки ба рушди тарбия ва фарҳанги экологӣ нигаронида шудаанд, марбут аст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар муқоиса ба насли калонсол сатҳи маърифатандӯзии хонандагон хубтар аст, зеро ки омӯзиши фанни экология ва тадбирҳои, ки муассисаҳои таълимӣ роҳандозӣ мегардад, ба дониш, фаҳмиш ва дараҷаи шуурнокии хонандагон таъсиргузор аст.

-Имрӯз кадом мушкилоти экологӣ (масалан, партовҳо, ифлосшавии ҳаво ё об) бештар ба сатҳи огоҳии мардум вобастаанд?

Имрӯзҳо яке аз масъалаҳои мубрами рӯз, ки нигаронии ҷомеаи ҷаҳонро ба бор овардааст, тағйирёбии иқлим ва ба истилоҳи дигар гармшавии иқлим ба ҳисоб меравад. Зеро тағйирёбии иқлим мушкилоти глобалии экологӣ ба ҳисоб рафта метавонад ба тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳим таъсир расонад, ҳатто ба вазъи саломатии инсон. Аз ин нуқтаи назар мушкилоти тағйирёбии иқлим яке аз проблемаҳои муассир дар ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

-Оё ба назари Шумо, воситаҳои ахбори омма дар тарғиби фарҳанги экологӣ нақши кофӣ мебозанд?

Албатта, нақши воситаҳои ахбори умум дар тарғиби донишҳои экологӣ, огоҳии онҳо нисбат ба масъалаҳои экологӣ хело муҳим аст. Воситаҳои ахбори умум ягона ниҳоде ҳастанд, ки дар шаклгирии маърифати экологии ҷомеа хидмати шоиста анҷом медиҳанд. Мо дар ҳамкорӣ бо дилхоҳ воситаҳои ахбори умум барои татбиқи барномаҳои экологӣ муваффақ шудаем, ки ин пирӯзӣ муштарак маҳсуб меёбад.

-Барои марҳилаи баъдӣ (пас аз соли 2025), кадом тадбирҳо ё ислоҳот зарур мешуморанд?

Барои марҳилаҳои баъдӣ низ барномаҳои таҳия ва мавриди амал қарор дода мешаванд, ки ҳамқадами ҳаёти имрӯзаи мо ба шумор раванд. Тасаввур намоед, ки ҳар барнома дар муҳлати муайян мавриди татбиқ қарор гирифта, барномаи мазкур фарогирандаи мушкилот, пешрафт ва тарбиятгари насли баъдӣ ҳисоб меёбад.

-Агар ба шаҳрвандон як тавсияи оддӣ диҳед, ки ҳар рӯз онро иҷро кунанд ва ба муҳити зист фоида расонад он чӣ хоҳад буд?

Ба шаҳрвандон тавсия ҳамин аст, ки ҳар амале, ки мо инсонҳо анҷом медиҳем, табиат ҷавоби онро ба мо бозпас бармегардонад. Яъне ин маънои онро дорад, ки ҳар амали ноҷо боис ба мушкилот дар ҷомеа гардад. Аз ин лиҳоз, дар рафтор бо муҳити зист мулоҳизакор бошед. Яъне, тозагӣ дунёро наҷот медиҳад. Сарсабзӣ атрофро зебо мекунад, маърифати баланди экологӣ ба инсонҳо нерӯ, болидагӣ, осудагӣ ва тозагӣ инъом мекунад. Зебоӣ бунёдӣ хушҳолӣ хоҳад буд.

Фараҳ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь