Восеъ: Таҷовуз ва қатли ноболиғ
29-уми апрели соли 2026 ҷасади ноболиғ А. З. соли таваллудаш 2016 истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ аз заминҳои хоҷагӣ бо аломатҳои марги маҷбурӣ ва таҷовуз ба номус дарёфт карда шуд.
Ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят шаҳрванд Хайриддини Қурбоналии Қодирзод соли таваллудаш 1991 истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Бобошоҳиёни ноҳияи Восеъ боздошт гардид.
Гумонбари бадахлоқ аз оҷизии ноболиғ истифода карда, ҳангоми аз мактаб баргаштани ӯ дар ҷойи беодам наврасро қурбонии кирдорҳои бадахлоқона ва ноҷавонмардонаи худ қарор додааст. Бадахлоқ барои конеъ намудани нафси шаҳвонии хеш ноболиғро тачовуз ва сипас бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расонид.
Тибқи хулосаи пешакии экспертизаи суди тиббӣ сабаби марги ноболиғ А. З. буғикунии механикӣ арзёбӣ мегардад. Нисбати гумонбар аз тарафи Прокуратураи ноҳия парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қ.2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Блоки рекламавӣ



