Идораи Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Вахш бо 18 панели офтобӣ муҷаҳҳаз гардидааст ва дар ҳама фасли сол нерӯи барқро аз он истифода мебарад.
Мудири бахши мазкур Бунафша Раҳимзода ба “Фараҳ” гуфт, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Паёми Роҳбари давлат, ки ба рушди энергетикаи «сабз» таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст, бо дастгирии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 адад панелҳои офтобӣ насб карда шуда, дар ҳама фасли сол нерӯи барқ аз ин панелҳо истифода мешавад. Гуфта шуд, ки ин 18 панел дар як шабонарӯз 10 киловат соат нерӯи барқ ҳосил мекунад.
Бояд гуфт, ки панелҳои офтобӣ (solar panels) дастгоҳҳое мебошанд, ки энергияи нури офтобро ба барқ табдил медиҳанд. Онҳо яке аз роҳҳои тозаи истеҳсоли энергия мебошанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь