Инак,  мавсими гармо ҳам фаро расид. Лозим ба ёдоварист, ки охири соли гузашта ва моҳҳои январи – марти соли равон пуршиддату давомдор боридани  барф ва тамоюли афзоишро касб намудани тармафароӣ боиси ба мушкил мувоҷеҳ гардидани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои кишвар  гардид. Чунин ҳолат бештар дар роҳи Душанбе – Чаноқ ба мушоҳида расида, дар ин масир давоми муддати зикршуда  зиёда аз 1000  тармаи хурду бузург фаромад. Тармафароӣ  асосан дар ҳудуди ноҳияҳои Варзобу Айнӣ рух дода, баландии аксар тармаҳо то 20 метр ва паҳноияшон зиёда аз 900 метр буд. Теъдоди тармаҳо то ҳадде зиёд буд, ки даҳҳо километр роҳ пурра зери тарма монд.  Ба маҳали зикршуда зиёда аз 75  техникаву механизми филиали ширкат сафарбар шуда, бартарафсозии тармаҳо ҳатто шабона қатъ нагардид.

Чун шиддати боришот ва теъдоди тармаҳо дар ин масир собиқа надошт, ин ҳолат барои роҳбарият ва кормандони «IRS» шабеҳи боз як имтиҳони ҷиддӣ буд. Бо истинод ба корҳои анҷомёфта метавон гуфт, ки онҳо ин имтиҳонро низ чун ҳарвақта сарбаландона гузаштанд. Тавре шоҳидон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд,  сарфи назар аз мушкилоти зиёд, кормандони IRS» фаъолияти худро шабонарӯзӣ ва ҳатто бо баҳои ҷони худ ба роҳ монда, тамоми кӯшишро ба харҷ доданд, ки ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт таъмин бошаду мусофирону воситаҳои нақлиёти дар банди барф дармонда ба мавзеи бехавф интиқол ёбанд.

Маҳз ба шарофати меҳнати шабонарӯзии кормандони ширкати «IRS», ки нигоҳдории роҳи мазкур ба зиммааш вогузор аст, дар муддати кутоҳ тармаҳо бартараф ва роҳ боз гардид. Муваққатан маҳдуд гардидани ҳаракати автомобилҳо дар масири зикршуда, пеш аз ҳама, ба таъмини бехатарии шаҳрвандон рабт дорад. Вагарна, ширкат ба ҳеҷ ваҷҳ ҳавасманди қатъ шудани гузариши воситаҳои нақлиёт тавассути ҷодаи мазкур нест.  Қобили зикр аст, ки рафъ намудани оқибатҳои офати табиӣ зери назорати ҷиддии роҳбарияти филиали ширкат қарор дошт.

Омили дигаре, ки  месазад махсус таъкид кард, аз ҷониби  кормандони “IRS”  ба ронандагону мусофирон  бетаъхир расонидани кумак барои интиқол ёфтанашон ба макони бехавф ва тақсим намудани хӯрок ба ронандагону мусофирон аз ҷониби филиали ширкат буд. Ин омил шаҳодати он аст, ки роҳбарияти ин ширкат ба арзишҳои инсонӣ таври шоиста  арҷ мегузоранд.

Дар ин замина ҳамватанонамон, хоса онҳое, ки шоҳиди тадбирандешиҳо буданд ё ин равандро тавассути воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ  мушоҳида карданд бори дигар  ба масъулиятшиносии роҳбарият ва кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутмаин гардиданд.  Онҳо эътироф кард, ки дар муқоиса ба дигар роҳҳои кишвар, вазъи роҳи Душанбе – Чанок хеле беҳтар буда, сарфи назар аз он ки аз  минтақаи релефи душвори кӯҳистон мегузараду дар мавзеи аз офатҳои табиӣ зиёдтар осебпазир воқеъ мебошад, ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт тариқи он таъмин аст.

Қисми дигар эътироф карданд, ки мепиндоштем масъулини “IRS”   вобаста ба боришот ва тармафароӣ  ҳангомасозӣ мекунанд, вале воқеиятро бо чашми худ дидему ба даҳшат афтодем. Шаҳомату бардавомии  тармафароӣ, аз ҷумла баландиву паҳноӣ ва ҳатто ба дохили галереяҳо   роҳ ёфтани онҳоро бо сухан иброз намудан ғайриимкон аст. Дар ин вақт ягона умед чароғҳои равшани техникаҳои пуриқтидори Ширкат буд, ки ба маънои томаш ба дили ронандагону мусофирон шуълаи умед мекиштанд. Ин муболиға нест, дар нимашаб, замоне ки  ҳама масти хобанд, кормандони “IRS” баҳри кушода будани роҳ шабзиндадор буданд. Чунин масъулиятшиносӣ буд, ки касе аз мусофирону ронандагон осеб надиданд, инчунин, ба ягон автомобил зарар нарасид.

Пас чаро мо аз филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдор набошем? Чаро масъулиятшиносиву шабзиндадориҳои онҳоро арҷгузорӣ накунем?

Нигоҳдории роҳ рисолату вазифаи онҳо аст, вале эътироф бояд кард, ки аз уҳдаи иҷрои вазифа на ҳар кас баромада метавонад. Аз ин нуқтаи назар, мо бояд ба меҳнати онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ бетафовут набошем.

Бо назардошти  мавқеи ҷойгиршавии роҳи Душанбе – Чанок бояд гуфт, ки нигоҳдории онро ба ҳеҷ ваҷҳ набояд кори осон пиндорем.  Фаромӯш накардаем, ки то ба ихтиёри филиали ширкати зикршуда додани роҳи Душанбе – Чанок он ҳамасола 7 моҳ баста буд.  Ронандагону мусофирон дар ин масир бо чӣ мушкилот мувоҷеҳ мешуданд, хуб дар хотир дорем.  Муҳим он аст, ки солҳои охир ба шарофати меҳнати пурмаҳсул ва масъулиятшиносии кормандони филиали ширкат роҳ, ба истиснои чанд рӯз, он ҳам дар мавсими тармафароӣ бо мақсади таъмини бехатарии шаҳрвандон, дигар умуман баста набуд.

Бинобар ин,  шаҳрвандон бояд омилҳои зикршударо ба назар гиранд, ҳақиқатро эътироф намоянд ва ба заҳмати кормандони “IRS”  арҷ гузоранд.   Чунин амал моҳиятан тантанаи адолат хоҳад буд.

Садоқат Ширинбекова, “Фараҳ”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь