Дар панҷ шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирокчиёни ҶБВ дар солҳои 1941-1945 5 нафар боқӣ мондаанд, ки ба онҳо ҳамасола дар арафаи 9 май Рӯзи Ғалаба аз ҷониби Роҳбари давлат ва раиси вилояти Хатлон кӯмакпулӣ дода мешавад.
5 иштирокчии ҶБВ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар Сафаралӣ Файзалиев, Ҷайҳун Ҳабиб Сафаров, Балхӣ Машраб Давлатов, Ҷомӣ Гулмурод Тағоев ва Ховалинг Яҳё Мирзоев зиндагӣ доранд.
Аз ин панҷ нафар 3 нафарашон иштирокчии ҶБВ ва ду нафарашон маъюбони ҶБВ мебошанд.
Имсол дар назар аст, ки аз ҷониби раиси вилояти Хатлон барои онҳо 75 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ дода мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь