Раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура зимни аёдати оилаи ниёзманд ба фаъолон таъкид намуд, ки ин иқдом дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, ҳадафи он дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, бунёди чунин хонаҳо натанҳо нишонаи ғамхорӣ, балки намунаи амалии ҳамбастагии иҷтимоӣ ва эҳсоси масъулиятшиносии шаҳрвандон аст.
Мавсуф фаъолон ва сохторҳои марбутаро вазифадор кард, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроия аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва ҷалби имкониятҳои иловагӣ барои оилаи ниёзманд дар ҷамоати деҳоти “Гулистон” хонаи истиқоматӣ бунёд намоянд. Ин оила ду фарзанди маъюб дошта, ба дастгирии иҷтимоӣ ниёзи ҷиддӣ дорад.
Ин иқдом дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ амалӣ гардида, ҳадаф аз он беҳтар намудани шароити зиндагии оилаҳои осебпазир ва таҳкими рӯҳияи ҳамдилӣ дар ҷомеа мебошад. Интизор меравад, ки корҳои сохтмонӣ дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расида, оила бо манзили нав таъмин гардад.

Левакант: Барои оилаи ниёзманд хона месозанд
Блоки рекламавӣ


