Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Туркменободи Ҷамоати деҳоти Анористони ноҳияи Дӯстӣ чойхонаи нав ба истифода дода шуд.
Маросими ифтитоҳи иншоот 5 сентябри соли 2026 баргузор гардида, дар он намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дӯстӣ, фаъолони ноҳия ва сокинони деҳа иштирок намуданд.
Чойхонаи нав бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои баргузории ҷашну маросимҳои миллӣ, чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва қабули меҳмонон бунёд шудааст. Иншоот бо назардошти талаботи муосир сохта шуда, барои сокинони деҳа имкониятҳои мусоид фароҳам меорад.
Сокинони Туркменобод ифтитоҳи чойхонаи навро туҳфаи арзанда ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ карданд.
Ба истифода додани иншоот дар баробари беҳтар намудани шароити иҷтимоии сокинон, идомаи корҳои созандагию ободониро дар ноҳияи Дӯстӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ бозгӯ мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь