Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ҷамъоварии ҳосили пахта идома дошта, кишоварзони ноҳия то 15 сентябри соли 2026 2 ҳазору 807,6 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд.
Тибқи иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, нақшаи истеҳсоли пахта дар Ёвон 23 ҳазору 900 тонна муқаррар гардидааст.
Барои сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта беш аз 500 нафар чинакчӣ ба саҳро сафарбар гардида, танҳо дар як рӯзи корӣ 350,8 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст.
Кишоварзони ноҳия бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда талош доранд, ки нақшаи истеҳсол ва ҷамъоварии пахтаро пурра таъмин намуда, саҳми арзандаи худро дар ғанӣ гардонидани хирмани тиллоии кишвар гузоранд.
Блоки рекламавӣ



