Дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон маъракаи ҷамъоварии пахта идома дошта, кишоварзон барои иҷрои дурнамои истеҳсоли пахта дар соли 2026 талош доранд.

Тибқи маълумоти Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, то 10 сентябри соли 2026 дурнамои истеҳсоли пахта дар вилоят 271 ҳазор тонна муайян гардидааст. То ин сана дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят 19 ҳазору 115,6 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 7,05 фоизи дурнамо баробар мебошад.
Дар байни шаҳру ноҳияҳои пахтакор шаҳри Бохтар бо ҷамъоварии 131,4 тонна пахта ва иҷрои 27,38 фоизи дурнамо нишондиҳандаи баландтаринро ба қайд гирифтааст.
Ҳамчунин, дар ноҳияи Шаҳритус 1 ҳазору 464,4 тонна, Қубодиён 1 ҳазору 887,2 тонна, Фархор 2 ҳазору 142,1 тонна, Кӯшониён 2 ҳазору 113 тонна, Вахш 2 ҳазору 71 тонна ва Ҷалолиддини Балхӣ 1 ҳазору 679,8 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст.
Дар як шабонарӯзи охир дар миқёси вилоят 1 ҳазору 768,9 тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст.
Бо вуҷуди ин, нишондиҳандаҳои имсола нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳанӯз паст мебошанд. То 10 сентябри соли 2025 дар вилоят 66 ҳазору 977,3 тонна пахта ҷамъоварӣ шуда буд.
Маъракаи ҷамъоварии ҳосил идома дошта, кишоварзон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда талош доранд суръати ҷамъоварии пахтаро баланд бардошта, иҷрои дурнамои солонаро таъмин намоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь