Сафорати давлати Кувайт дар Душанбе 35-уми солгарди Истиқлолияти Тоҷикистонро табрик гуфта, ба робитаҳои амиқи байни ду кишвари дӯст таъкид менамояд.
Ба муносибати 35-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвари дӯст, Сафорати навтаъсиси Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ба Ҳукумат ва мардуми дӯсти Тоҷикистон тақдим намуда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияту суботи пойдор, пешрафт ва шукуфоӣ орзу менамояд.
Сафорат таъкид менамояд, ки ин ҷашни миллӣ як марҳилаи муҳим барои таҷлил аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳи пурмаҳсули рушди он ба шумор меравад. Давлати Кувайт ба мардуми дӯсти Тоҷикистон пешрафти минбаъда, сарбаландӣ ва некӯаҳволии бештар орзу менамояд.
Сафорат қайд мекунад, ки муносибатҳои Кувайту Тоҷикистон бар пояи устувори дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳамкорӣ бунёд ёфта, дар соҳаҳои гуногун пайваста рушд мекунанд. Давлати Кувайт ба идомаи дастгирӣ ва таҳкими ин муносибатҳо ва ба сатҳи боз ҳам баландтар баровардани онҳо аҳамияти хос медиҳад.
Сафорат ҳамчунин таъкид менамояд, ки ифтитоҳи Сафорати Давлати Кувайт дар Душанбе ва оғози фаъолияти намояндагии дипломатии доимии Кувайт марҳилаи муҳиме дар рушди муносибатҳои дуҷониба ба шумор рафта, аз талошҳои ду кишвар барои таҳкими робитаҳои мустақим ва тавсеаи самтҳои ҳамкории муштарак шаҳодат медиҳад.
Сафорат робитаҳои мунтазами сиёсӣ ва дипломатии миёни ду кишвар, инчунин ҳамкориҳои бадастомада дар соҳаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, рушд ва фарҳангиро баланд арзёбӣ намуда, ҳамоҳангӣ ва ҳамкории ду кишварро дар доираи созмонҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ низ муҳим мешуморад.
Сафорат таъкид менамояд, ки Давлати Кувайт омода аст ҳамкориро бо Ҷумҳурии Тоҷикистони дӯст идома дода, барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мусоидат ба татбиқи манфиатҳои муштараки ду кишвар ва ду миллати дӯст якҷоя кор намояд.
Дар фарҷом, Сафорат бори дигар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Ҷашни истиқлол табрик гуфта, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми дӯсти он пешрафту шукуфоии доимӣ орзу менамояд.
Сафорати давлати Кувайт дар Душанбе



