Ба таваҷҷуҳи раиси шаҳри Панҷакент, мӯҳтарам Холиқзода Абдухолиқ, Нусха ба Прокурори шаҳри Панҷакент мӯҳтарам Искандар Раҳматзода

Мо, як гурӯҳ сокинони деҳаи Баҳори ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент, ки дар он зиёда аз 6000 нафар зиндагӣ мекунанд, нисбат ба беадолатиҳо ва эҳтимоли қонуншиканиҳо дар фаъолияти раиси Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Оби Сара» Розиқова Додарой, шавҳараш Шералиев Аҳмад, ки дар корхона ба ҳайси коргар-техник фаъолият мекунад, ва корманди дигари корхона Азизмуродзода Қамар, собиқ раиси КДФ «Оби Сара» ва собиқ раиси ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ, шикоят дорем.

Аз мақомоти дахлдор мепурсем: оё фаъолияти ин шахсон аз ҷониби касе назорат мешавад?

Ёдрас мекунем, ки мо, сокинон, тайи 2–3 соли охир чандин маротиба ба таври дастаҷамъона муроҷиат карда, ба қабули шаҳрвандон рафта, ба мақомоти дахлдор ариза пешниҳод намудем. Мутаассифона, то имрӯз ба масъалаҳои матраҳкардаи мо ба таври зарурӣ расидагӣ нашудааст.

Лоиҳаи беш аз 90 ҳазор долларӣ чӣ шуд?

Соли 2020 аз ҷониби Сафорати Ҷопон барои беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ беш аз 90 000 доллари ИМА ҷудо гардида буд.

Мувофиқи лоиҳа, бояд обҳои худҷории кӯҳ тавассути қубурҳои полиэтиленӣ ба масофаи 4 километр интиқол дода шуда, аҳолӣ бо оби софу тоза таъмин мегардид.

Мутаассифона, лоиҳа пурра иҷро нашуд. Баъд аз як сол қубурҳои насбшуда низ аз байн рафтанд. Айни ҳол дар кӯҳ аз қубурҳо нишоне боқӣ намондааст ва мардум боз ҳам маҷбур аст аз оби ғализу лойолуд истифода барад.

Аз мақомоти дахлдор хоҳиш менамоем, ки масъалаи истифодаи маблағи мазкур ва иҷрои воқеии лоиҳаро мавриди санҷиш қарор диҳанд.

Гранти соли 2025 низ бо саволҳои зиёд рӯ ба рӯст

Барномаи грантии UNDP-GEF Small Grants Programme яке аз барномаҳои маъруфест, ки барои татбиқи лоиҳаҳои марбут ба обёрӣ, занбӯрпарварӣ, ниҳолшинонӣ ва истифодаи энергияи офтобӣ грант ҷудо мекунад.

Соли 2025 барои аҳолии деҳаи Баҳор дар доираи грант 1200 метр қубури ф150, 10 тонна семент ва 3 тонна арматур ҷудо карда шуд. Мақсад аз ин мавод сохтмони ҳавзи об ва беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ буд.

Мутаассифона, иҷрои кор ба КДФ «Оби Сара» вогузор гардид, аммо кор ба пуррагӣ анҷом дода нашуд. Ҳамаи қубурҳо истифода нашуда, қисми арматур ва семент низ боқӣ мондааст.

Аз 1200 метр қубури грантӣ ҳамагӣ 770 метр хобонида шуда, 430 метр боқӣ мондааст. Мо гумон дорем, ки қубурҳои боқимонда барои манфиати худи корхона истифода бурда мешаванд. Комиссияи босалоҳият омада, маводро санҷад, ҳама чиз равшан мегардад. Ҳатто қубурҳо дар баъзе хонаҳо пинҳон карда шудаанд.

Бар замми ин, аҳолии Баҳор-2 маҷбур карда шуд, ки барои харидани қубур маблағ ҷамъ кунад. Сокинон маблағ ҷамъ намуда, 900 метр қубури ф100 харидорӣ карданд, то аз оби нӯшокӣ маҳрум нашаванд.

Маблағҳои таъмир ва хизматрасонӣ ба куҷо мераванд?

Ҳар сол, вақте сел меояд ё дар хатти об ягон садама рух медиҳад, барои таъмир ва барқарорсозӣ аз аҳолӣ тавассути шахсони алоҳида ё раисони маҳалла маблағ ҷамъ карда мешавад. Дар ин ҳолат саволе ба миён меояд: маблағи хизматрасонии моҳонае, ки аз аҳолӣ ҷамъ карда мешавад, ба куҷо сарф мегардад?

Барои гузаронидани як хати оби нӯшокӣ аз 5000 то 8000 сомонӣ талаб мекунанд, вале дар як шабонарӯз ҳамагӣ 4–5 соат об медиҳанд.

Ёдрас мекунем, ки оби нӯшокии мо оби худҷорӣ буда, нархномаи аниқ ва шаффоф вуҷуд надорад. Як моҳ 3–5 сомонӣ ва моҳи дигар 5–8 сомонӣ талаб карда мешавад. Дар баробари ин, барои маблағи гирифташуда ягон чек ё ҳуҷҷати тасдиқкунанда дода намешавад.

Маҷлиси рӯзи 11 август

Санаи 11 августи соли 2026 фаъолони деҳа ва сокинон маҷлис ташкил намуда, раиси «Оби Сара» ва кормандони корхонаро даъват карданд, то масъалаҳои мавҷударо баррасӣ намоянд. Дар маҷлис зиёда аз 80 нафар иштирок доштанд.

Мутаассифона, дар рафти маҷлис раис Розиқова Додарой ба баъзе сокинон бо лаҳни таҳқиромез муроҷиат карда, суханони ноҷо гуфт. Ҳамаи иштирокчиёни маҷлис шоҳиди ин ҳолат буданд.

Аз ҷумла, ӯ чунин гуфтааст:

««Шумо ҳамаатон галадевона, ин ҷо фақат девонаҳо ҷамъ шудаед. Обро хоҳам як соат сар медиҳам, нахоҳам сар намедиҳам. Маро ҳеҷ кас аз ҷоям гирифта наметавонад. Барои ман Худо додааст, поямро болои поям карда хоб меравам. Касе маро ҳеҷ кор карда наметавонад. Даъвоҳоятон ба ягон ҷой намегузарад, куҷое даъво мекунед, кардан гиред».»

Баъзе нафароне, ки дар маҷлис саволҳо додаанд, баъдан ба милитсия шикоят карда шудаанд. Ба гуфтаи мо, нисбат ба баъзе сокинон ҳангоми изҳори норозигӣ суханони таҳдидомез низ гуфта шудаанд.

Мо чунин муносибатро нисбат ба сокинон қобили қабул намедонем ва аз мақомоти дахлдор хоҳиш менамоем, ки ба ин ҳолат низ баҳои муносиб диҳанд.

Оё фаъолияти роҳбари корхона санҷида мешавад?

Хотиррасон мекунем, ки Розиқова Додарой бо вуҷуди раиси КДФ «Оби Сара» буданаш ба фаъолияти соҳибкорӣ низ машғул мебошад. Ба гуфтаи мо, ӯ дар давоми 8 соати корӣ ҳамагӣ 2–3 соат дар корхона ҳузур дошта, вақти боқимондаро ба фаъолияти соҳибкориаш сарф мекунад.

Мо ҳамаи масъалаҳо ва ҳолатҳои мавҷударо дар ин ҷо пурра шарҳ дода наметавонем. Он чизе, ки дар боло зикр шуд, танҳо як қисми мушкилотест, ки сокинони деҳаи Баҳор тайи чанд соли охир бо он рӯ ба рӯ ҳастанд.

Аз раиси шаҳри Панҷакент, прокуратура ва дигар мақомоти дахлдор эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки фаъолияти КВД «Оби Сара», истифодаи маблағҳои лоиҳаи соли 2020, маводи грантии соли 2025, маблағҳои ҷамъоваришаванда аз аҳолӣ ва тартиби таъминоти сокинон бо оби нӯшокиро ҳамаҷониба санҷида, ба натиҷаи санҷиш баҳои ҳуқуқӣ диҳанд.

Мо танҳо як чиз мехоҳем: оби тозаи нӯшокӣ, муносибати эҳтиромона ва истифодаи шаффофи маблағҳое, ки барои беҳтар намудани зиндагии мардум ҷудо ва аз аҳолӣ ҷамъоварӣ мешаванд.

Мафтуна МУРОДӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь