Муроҷиати мухлисони «Истаравшан» ба директори клуб Алишер Фозилов ва раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирӣ
Мо – мухлисони «Истаравшан», дигар наметавонем нисбат ба вазъи имрӯзаи даста хомӯш бошем. Солҳост, ки мо бозиҳои дастаи дӯстдоштаамонро тамошо карда, ба ояндаи беҳтари он умед мебандем. Аммо, мутаассифона, вазъ сол ба сол нигаронкунанда шуда истодааст.
«Истаравшан» танҳо як клуби футбол нест!
Ин ном барои ҳазорон сокини шаҳр ва мухлисони футбол бо таърихи варзишии Истаравшан, хотираҳои хуб ва ифтихори шаҳр пайвандӣ дорад. Аз ин рӯ, нокомии даста барои мухлисон танҳо натиҷаи як бозӣ нест, балки масъалаи обрӯ ва ояндаи футболи шаҳр аст.
Мӯҳтарам Алишер Фозилов!
Шумо ҳамчун директори клуб барои фаъолияти даста ва натиҷаҳои он масъулияти ҷиддӣ доред! Дар давраи роҳбарии шумо «Истаравшан» қадам ба қадам аз мавқеи пешинаи худ дур шуда истодааст. Натиҷаҳои қаноатбахш дида намешаванд, бозии даста устувор нест ва нақшаи равшани рушди клуб барои оянда ба назар намерасад. Қарорҳои нодуруст дар масъалаи интихоб ва ҷалби футболбозон ва муносибат бо онҳо ба масъалаҳои дохилии даста боиси нигаронии мухлисон гардидааст.
Мо мехоҳем, ки роҳбарияти клуб ба саволҳои ҷиддии мухлисон посух диҳад:
Барои рушди «Истаравшан» чӣ барномаи мушаххас вуҷуд дорад?
Ҳадафи клуб барои мавсимҳои оянда чист?
Чаро даста натавонистааст ба сатҳи пешинаи худ баргардад?
Агар роҳбарияти кунунӣ имкони баровардани клуб аз ин вазъро надошта бошад, пас ба манфиати худи «Истаравшан» бояд масъалаи тағйири роҳбарият низ баррасӣ шавад.
Мӯҳтарам Абдусаттор Қодирӣ!
Шумо ҳамчун раиси шаҳр барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла варзиш, масъулияти муҳим доред. «Истаравшан» чеҳраи футболи шаҳри мост. Аз ин рӯ, вазъи имрӯзаи клуб набояд мақомоти шаҳрро бетараф гузорад. То кай ба ин вазъ танҳо чун тамошобин нигаристан мумкин аст? Вақти он расидааст, ки фаъолияти клуб, натиҷаҳои даста, кори роҳбарият ва дурнамои рушди он ба таври ҷиддӣ баррасӣ карда шавад. Мухлисон аз мақомоти шаҳр дахолати масъулона, қабули қарорҳои мушаххас ва фароҳам овардани шароити муносиб барои рушди футболи Истаравшанро талаб мекунанд.
- Баррасии фаврии фаъолияти директори клуб Алишер Фозилов ва масъалаи истеъфои ӯ;
- Тағйироти ҷиддӣ дар роҳбарияти клуб;
- Таҳияи нақшаи равшан ва дарозмуддати рушди «Истаравшан»;
- Тақвияти ҳайати даста бо футболбозони арзанда ва қабули қарорҳои дуруст дар масъалаи трансферҳо;
- Дастгирии воқеӣ ва пайвастаи мақомоти шаҳр аз клуб;
- Беҳтар намудани муносибат бо мухлисон ва ба назар гирифтани мавқеи онҳо;
- Таъмини шаффофият ва масъулият дар фаъолияти клуб.
Бояд фаромӯш накунем: «Истаравшан» моли як шахс нест. «Истаравшан» моли мухлисон, ҷавонон ва мардуми шаҳр аст. Мухлисон омодаанд дастаи худро дар ҳар шароит дастгирӣ кунанд, аммо онҳо аз футбол мубориза, аз роҳбарият масъулият ва аз клуб натиҷа мехоҳанд. Имрӯз вақти баҳонаҷӯӣ нест. Вақти қабули қарорҳои ҷиддӣ расидааст. Агар тағйироти зарурӣ имрӯз оғоз нашавад, фардо барои барқарор кардани мавқеи пешинаи «Истаравшан» шояд хеле дер шавад. «Истаравшан» бояд зинда бимонад, пеш равад ва ба ҷойгоҳи арзандаи худ баргардад!
Мухлисон интизори амаланд, на ваъда.
Сайти интернетии “Ҷаҳони футболи тоҷик”



