Ноҳияи Ҷалолиддини Балхии  вилояти Хатлон  давоми солҳои охир дар натиҷаи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, МИҲД-и вилояти Хатлон ва дар нитаҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бамаротиб рушд карда, ба як ноҳияи пешрафтаву тараққикардаи кишвар тадбил ёфтааст. Роҳбарияти ноҳияи Ҷ. Балхӣ ҳама талошҳои худро баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани шаҳр равона карда, ҷашни 35-соалгии Истиқлоли кишварро бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирфта, ният доранд, ки ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатиро низ бо дастовардҳои зиёдтар истиқбол гиранд.

Оид ба дастоварду пешравиҳои ноҳияи Ҷ. Балхӣ бо раиси ноҳия Холиқзода Рустам суҳбати ихтисосӣ анҷом додем, ки фишурдаи онро пешкаши хонанда мегардонем.

 Қадамҳои устувор ба сӯйи пешрафт

Мавсуф дар оғози суҳбат гуфт, ки бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодиёти ноҳия, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, таъсиси корхонаву коргоҳҳои саноатии нав ва дар ин самт истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ ва ивазкунандаи воридот, ҳамчунин таъмини воқеии дастгирии соҳибкорӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва рушди соҳаи кишоварзӣ, ҳамчунин рушди соҳаҳои сохтмон ва шаҳрсозӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон кӯшиш намуда, дар 9 моҳи соли 2026 дар ин самт як қатор корҳоро ба сомон расонидаанд.

Нишондиҳандаи баланди иҷрои буҷет

Раиси ноҳия қайд кард, ки дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии блоки иқтисодии ноҳия нақшаи қисми даромади буҷети ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо дарназардошти андози иҷтимоӣ 108 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 118,2 млн сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нақша 8,5 млн сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия 47,8 млн сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо карда шудааст. Аз ҳисоби буҷети вилоят ба буҷети ноҳия 46,9 млн сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо карда шудааст. Қисми хароҷоти буҷети ноҳия 100 фоиз иҷро гардидааст. Нақшаи умумии хароҷотҳо дар ин давра 216,5 млн сомонӣ муқаррар шуда, 216,3 млн сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.

Аз ҷумла, бахши ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 98 фоиз, маориф 100 фоиз, нигаҳдории тандурустӣ 100 фоиз, ҳифзи иҷтимоӣ 97 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 99 фоиз, фарҳанг ва варзиш 100 фоиз, сохтмони асосӣ 100 фоиз, нақлиёт ва коммуникатсия 100 фоиз ва хароҷотҳои дигар 100 фоиз маблағгузорӣ карда шудаанд.

Супоришҳои Роҳбари давлат татбиқ мешаванд

Гуфта шуд, ки вобаста ба таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми июни соли 2023, №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» қарори дахлдори раиси ноҳия ба тасвиб расида, тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида гурӯҳҳои корӣ дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои дигари қарзии ноҳия дар корхонаю муассисаҳои давлатӣ ва нуқтаҳои савдо корҳои фаҳмондадиҳӣ, огоҳкунӣ ва пайгироиро ба роҳ мондаанд.

Инчунин вобаста ба иҷрои саривақтӣ ва босифати қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2022, №124 “Дар бораи Қоидаҳои муносиб ва автоматӣ гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ” чораву тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Бобати таъмин намудани пардохтҳои ғайринақдӣ Ситоди ноҳиявӣ оид ба масъалаҳои рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ таъсис дода шудааст. Айни замон дар ҳудуди ноҳия субъектҳои ҳисоботдиҳандаи шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҳисоботи худро ба таври электронӣ пешниҳод менамоянд.

Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Айни замон дар ҳудуди ноҳия субъектҳои ҳисоботдиҳандаи шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҳисоботи худро ба таври электронӣ пешниҳод менамоянд.

Ба ҳолати 1-уми октябри соли 2026 дар ноҳия 5524 адад андозсупорандагони  шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ тибқи шаҳодатномаи соҳибкорӣ бо шартҳои махсус, шаҳодатномаи муқаррарӣ, патент ва тибқи шаҳодатнома (барои хоҷагиҳои деҳқонӣ) ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин ҳисоб 334 адад андозсупорандагони шахсони ҳуқуқӣ бо назардошти РСБ (76 адад) ва шумораи соҳибкорони инфиродӣ бошад, 2973 ададро ташкил медиҳад: аз он ҷумла тибқи шаҳодатномаи муқаррарӣ 334 адад, соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда 515 адад, шаҳодатнома бо шартҳои махсус 1219 адад ва соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда, ки ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ (хоҷагиҳои деҳқонӣ) машғуланд, 2973 ададро ташкил медиҳад.

Амалишавии барномаҳо

Бобати амалӣ намудани Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2026-2030 корҳои муайян ва мақсаднок ба сомон расонида шудаанд.         Дар маҷмуъ шумораи умумии лоиҳаҳои “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои солҳои 2026-2030” 300 адад ва арзиши умумии барнома 617 млн 894 ҳазору 290 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана, яклухт ва таъмири автомобилҳо дар ҳамаи соҳаҳои савдо (бо нархҳои муқоисавӣ) 741,6 млн сомониро ташкил медиҳад, ки ин 122,3 фоиз нисбати ҳамин давраи соли гузашта мебошад. Хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ (бо нархҳои муқоисавӣ) 134,9 млн сомониро ташкил медиҳад, ки ин 104,8 фоиз нисбати ҳамин давраи соли гузашта буда, ҳаҷми хизматрасонии меҳмонхонаву тарабхонаҳо бошад, ба 24,8 млн сомонӣ расонида шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,6 баробар зиёд гардидааст.

Кишоварзӣ – пояи зиндагии шоиста ва фаровонӣ

Раиси ноҳия илова кард, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ 2 млрд 127 млн 33 ҳазору 600 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 1 млрд 624 млн 20 ҳазору 600 сомонӣ зиёд иҷро гардида, афзоиш 108,3 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 24681 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ анҷом дода шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 107,5 фоиз рост меояд. Аз ҷумла, кишти ғалладона ва лӯбиёгиҳои баҳорӣ 6269 гектар, аз он гандуми баҳорӣ 9756 гектар, ҷави баҳорӣ 602, шолӣ 301 гектар ва лӯбиёгиҳо 728 гектар, инчунин ҷуворимакка барои дон 882 гектар, зироатҳои техникӣ 9887 гектар, аз он пахта 9501 гектар, картошка 879 гектар, сабзавот 2724 гектар, аз ҷумла пиёз 570 гектар ва сабзӣ 393 гектар, полизии озуқаворӣ 1212 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 3711 гектарро дар бар мегиранд. Истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ, аз ҷумла ғалладонагиҳо (бо ҷуворимаккаи дон) ба 57168 тонна, аз он гандум 18465 тонна, пахта 7160 тонна, картошка 12694 тонна, сабзавот 138229 тонна, аз он пиёз 21228 тонна, полезӣ 51697 тонна, зироати хӯроки чорво 36702 воҳиди хӯрока, меваҷот 19792 тонна, аз он себ 92 тонна ва зардолу ба 827 тонна расонида шудааст.

Ҳамчунин истеҳсоли маҳсулоти соҳаи чорвопарварӣ, аз ҷумла гӯшт 4558 тонна, гӯшти паранда 203 тонна, шир 24956 тонна, тухм 9 млн 938 ҳазор 600 дона, пашм 281 тонна, пилла 23,3 тонна, асал 43 тонна ва гӯшти моҳӣ 17 тоннаро ташкил додааст.

Ҳисоби миёнаи ширдӯшӣ аз як сар дар ин давра ба 1511 кг ё ин ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 100,5 фоиз ва тухмгирӣ 120 дона ё ин ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 108,1 фоиз ва пашмтарошӣ аз як сар 2,7 килограмро ташкил медиҳад.

Наслгирӣ, аз ҷумла гирифтани гӯсола аз сад сар модагов 61 сар ва барраву бузғола 100 сарро ташкил медиҳад. Дар ин давра саршумори чорвои калон ба 76116 сар, аз ҷумла модагов 43549 сар, гӯсфанду буз 171130 сар, паранда 166498 сар, асп ба 2185 сар ва оилаи занбӯри асал ба 2597 оила расонида шудааст.

Нақшаи содирот пурра иҷро шуд

Нақшаи содирот аз ноҳия 5100 тонна буда, аз аввали соли равон ба хориҷи кишвар 5117,5 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пиёзи барвақтӣ, лаблабуи ҳосили соли 2025, зардолуи пешпазак ва дигар меваҷоту сабзавот содирот карда шудаанд. Ба ҳолати 1-уми октябри соли равон нақшаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз ноҳия 100,3 фоиз таъмин карда шудааст.

Маҳсулоти содиршуда асосан ба Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон равон карда шудаанд.

Дар давоми соли равон дар ноҳия сардхонаи нигоҳдории меваю сабзавот дар масоҳати 360 метри мураббаъ ба истифода дода шудааст. Сардхонаи мазкур дар партави дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ва пешгирӣ аз талафёбии маҳсулоти зудвайроншаванда бунёд гардидааст.

Рушди соҳаи саноат

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 246636,4 млн сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 49664,6 млн сомонӣ ё 123,2 фоиз зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ корхонаҳои саноатии ноҳия 1557,0 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100,5 фоиз, 36,2 тонна маҳсулоти қаннодӣ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103,1 фоиз, 768,1 тонна биринҷ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104,5 фоиз, 4612,8 маҳсулот аз пластикаи филизӣ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 124,1 фоиз, 343,4 тонна гӯшт ва каллапочаи навъи 1, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 101,3 фоиз истеҳсол намудаанд.

Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар ноҳия 40 ададро ташкил медиҳад.

Бунёдкориҳои нав

Дар ин давра ҳаҷми сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ 97739,7 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 2,9 баробар зиёд мебошад. Корҳои сохтмону васлгарӣ ба маблағи 97739,7 ҳазор сомонӣ иҷро шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 3,1 баробар зиёд гардидааст. Инчунин дар масоҳати 10868 метри мураббаъ манзилҳои шахсии истиқоматӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 131,0 баробар ва ба кор андохтани фондҳои асосӣ ба 32779,1 ҳазор сомонӣ ё ин ки 133,8 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта рост меоянд.

Корҳои пудратӣ ба маблағи 34090,9 ҳазор сомонӣ ё ин ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 132,6 фоизро ташкил медиҳанд.

Аз ободонии роҳҳо то рушди маҳаллаҳо

Дар тавозуни Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 250,7 километр роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум қарор дорад, ки аз он 34 км роҳҳои автомобилгарди моҳияти байналмилалӣ, 42,3 километр роҳҳои автомобилгарди моҳияти ҷумҳуриявӣ ва 174,4 километр роҳҳои автомобилгарди аҳаммияти маҳаллидошта мебошанд. Дар ин давра дар ноҳия аз ҳисоби маблағҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 200 ҳазору 317 сомонӣ ҷудо гардида, корҳои таъмир ва нигоҳдории роҳҳо иҷро карда шудаанд.  Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ бошад, ба маблағи 223 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Маблағҳои мазкур барои корҳои таъмиру азнавсозӣ, аз ҷумла мумфаршкунӣ, таъмири ҷорӣ, сохтмони пулҳо (кӯпрукҳо), гузоштани аломатҳои роҳ, барқарорсозии чароғакҳои роҳнамо, дастрас намудани масолеҳи сохтмон ва харидории қисмҳои эҳтиётии техникаҳои роҳсозӣ хароҷот карда шудааст.

Аз ҳисоби маблағҳои буҷаи маҳаллӣ 223 000 сомонӣ ҷудо гардида, 67 000 сомонӣ барои пардохти қарзҳои кредитории соли 2025 сарф шуда, боқимонда маблағи 156 000 барои гузоштани 20 адад аломатҳои роҳ, кашидани хатҳои уфуқии роҳ дар масофаи 16,2 км, омода намудани 400 тонна омехтаи сиёҳ, хариди масолеҳи сохтмонӣ ва таъмини техникаҳои роҳсозӣ бо равғанҳои молиданӣ хароҷот гардидааст.

Аз тарафи соҳибкорон ва аҳолӣ дар нӯҳ моҳи соли 2026 бо маблағи 7 миллиону 191 ҳазору 530 сомонӣ корҳои таъмир ва азнавсозии роҳу кӯпрукҳо ба анҷом расида, ба масофаи 9,9 километр роҳ мумфарш ва ба масофаи 60,3 километр роҳ шағалпӯш карда шуда, 4 адад кӯпрук бо дарозии 42 метр азнавсозӣ гардидааст.

Ҳаҷми боркашонӣ ба 2845,1 ҳазор тонна (124,0 фоиз), гардиши боркашонӣ ба 141,7 млн тонна/км (104,3 фоиз), мусофиркашонӣ ба 11472,4 ҳазор нафар (103,1 фоиз) ва гардиши мусофиркашонӣ ба 297,6 млн мусофир/км (135,1 фоиз) баробар гардидааст.

Тозагӣ ва ободонӣ – оинаи фарҳанги мардум

Барои Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2026 аз буҷети маҳаллӣ ба маблағи 2 млн 564 ҳазору 475  сомонӣ маблағ ҷудо шудааст, иҷроиш 2 млн 956 ҳазору 75 сомонӣ аст, ки 81,7 фоизро ташкил медиҳад.

Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳия дар нӯҳ моҳи соли 2026 оид ба ободонӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани маркази ноҳия як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст, тоза намудани ҷӯйборҳои обрави дохили шаҳрак, шинонидани гулу гулбуттаҳои мавсимӣ ва ҳамасола шинондашуда сабзизашон таъмин карда шудааст. Барои равшанкунонии кӯчаҳои маркази ноҳия 106 адад лампаҳои офтобӣ насб карда шудааст.

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ

Дар ин давра 2478 нафар шаҳрвандони бекор барои дарёфти ҷойи кор муроҷиат намудаанд, ки аз он 799 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. 660 нафар бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд, ки аз ин ҳисоб 362 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Ҳамчунин 150 нафар  шаҳрвандони бешуғл, аз ҷумла аз ин ҳисоб 30 нафар ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ (105 нафар дар самти омӯзиши асосҳои компютерӣ ва 17 нафар кафшергари барқӣ) фаро гирифта шудаанд.

Дар ин давра 10 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шудаанд, ки дар маҷмуъ 555 нафар шаҳрвандон ва корҷӯён иштирок намудаанд. Дар ярмаркаҳои мазкур зиёда аз 80 ҷойҳои кории холӣ пешниҳод карда шуда, тавассути ин чорабиниҳо 322 нафар шаҳрвандон бо кор таъмин карда шудаанд. Аз ин шумора 109 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Инчунин дар ин давра ба 156 нафар шаҳрвандон ба маблағи 156000  сомонӣ кумакпулӣ пардохт карда шудааст.

Музди миёнаи меҳнати моҳонаи кормандони ноҳия 2175,36 сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 507,23 сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 130,4 фоизро ташкил медиҳад. Қарздории музди меҳнат ба ҳолати 1-уми октябри соли 2026 дар ташкилоту идораҳои ноҳиявӣ вуҷуд надорад.

Пояи давлат набошад бе маориф устувор

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро дар зинаи аввали сиёсати худ қарор дода, барои рушди ин соҳаи афзалитнок ҳама чораҳоро рӯйи кор овардаанд. Роҳбарияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дастуру супоришҳои Роҳбари давлатро барои рушди соҳаи маориф ҳамаҷониба дасгирӣ намуда, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки насли оянда  дар шароити хуб ба таълиму тарбия фаро гирфита шаванд.

Дар ин давра ба соҳаи маориф 149 млн 960 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ҷудо карда шудааст.

Дар ноҳия 74 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 60 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 10 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 3 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 56 ҳазору 415 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 2848 нафар омӯзгорон таълим медиҳанд. Инчунин дар ноҳия Коллеҷи энергетикӣ, Мактаби байналмилалии Президентӣ, гимназияи давлатӣ, мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳия, муассисаи таҳсилоти иловагӣ, Маркази таълимӣ-касбинтихобкунӣ, Маркази дарёфти рушди истеъдодҳо, Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия ва 17 муассисаи томактабӣ, аз он ҷумла ду муассисаи томактабии хусусӣ мавҷуд мебошанд. Муассисаҳои таълимии ноҳия бо 1925 адад компютер, 313 принтер, 44 адад тахтаи электронӣ ва 49 адад проектор таъмин мебошанд.

Дар ин давра аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаи таълимии №51 ду адад компютер туҳфа карда шуд. Ҳамчунин дар ин давра аз тарафи Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди шуъбаи маориф 175 адад компютерҳои корношоям аз таъмир бароварда шудаанд.

Бо мақсади амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми августи соли 2022, №439 “Дар бораи консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042” ва истифодабарии маводҳои электронӣ дар ҷараёни таълим аз тарафи барномаи Е-хониш дар синфхонаҳои 21 муассисаҳои таълимии ноҳия камераҳои мушоҳидавӣ насб карда шудааст. Бо мақсади баланд бардоштани савияи касбии омӯзгорон ба донишкадаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Бохтар тибқи нақша 518 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия ба курси такмили ихтисос равон карда шудаанд, ки ин нишондод 97,2 фоизи нақшаи пешбинишударо дар бар мегирад.

Соли таҳсили 2025-2026-умро 3396 нафар толибилм хатм намудаанд. Ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии дохили кишвар тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3054 нафар ҳуҷҷат супоридаанд, ки ин нишондод 89,9 фоизро ташкил медиҳад.

Барои дарёфти квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ 233 нафар довталаб иштирок намуда, дар давраи ниҳоӣ 124 нафар ба донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ шомил шудаанд.

Солимии ҷомеа ва рушди соҳаи тандурустӣ

Бобати дуруст ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар ноҳия дар доираи имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд. Дар ин давра ба соҳаи тандурустӣ 46 млн 635 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ҷудо карда шудааст.

Дар соҳаи тандурустии ноҳия ҳамагӣ 1375 нафар кормандони тиббӣ кору фаъолият доранд: аз ин шумора 127 нафар табиб, аз инҳо 83 нафар дар беморхонаи марказӣ, 448 нафар ҳамшираи тиббӣ, аз инҳо 267 нафар дар беморхонаи марказӣ, 278 нафар ҳамшираи хурди тозакунанда, аз инҳо 172 нафар дар беморхонаи марказӣ фаъолият менамоянд.

Дар муассисаҳои табобатии ноҳия 10255 нафар беморон бистарӣ шуда, муоина ва табобат гирифтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 380 нафар беморон кам бистарӣ шудааст. Аз ин шумора 8316 нафар беморон дар беморхонаи марказӣ бистарӣ шуда, табобат гирифтаанд. Иҷроиши кат/рӯз дар беморхонаи марказии ноҳия 63,8 фоизро ташкил медиҳад.

Фарҳанг ҳастии миллат аст

Дар ноҳия 4 харобаҳои ёдгориҳои таърихӣ, аз ҷумла Қалъаи Ҳалевард, Қалъаи Лағмон, қалъаи Уртабуз-1 ва Уртабуз-2, осорхонаи таърихӣ – кишваршиносӣ, боғи фарҳангӣ, 21 клуб, 38 китобхона, мактаби мусиқӣ, кинотеатр бо 300 нафар ҷойи нишаст, Қасри фарҳанг бо 500 ҷойи нишаст, ансамбли тарона ва рақси “Илҳом”, Хонаи рамзӣ ва хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ, дар умум 63 муассисаҳои фарҳангӣ арзи вуҷуд доранд. Дар китобхонаҳо 167 ҳазору 657 адад китобҳо нигоҳ дошта шуда, дар ин давра 177 адад адабиёти тозанашр ба маблағи 5700 сомонӣ харидорӣ карда шудааст.

Дар осорхона 3861 адад нигораҳо ҷой дода шудаанд. Инчунин барои сайёҳони хориҷӣ дар ноҳия 4 меҳмонхонаҳои замонавӣ, 4 тарабхона ва 3 мағозаи фурӯши армуғонҳо хизмат мерасонанд.

Дар ин давра муассисаҳои фарҳангии ноҳия зиёда аз 390 чорабинии оммавии фарҳангӣ гузаронидаанд. Аз ҷумла, чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатии “Иди модарон”, ҷашни байналмилалии “Наврӯз-2026”, таҷлили ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар фестивалу ҷашнвораҳо дар варзишгоҳи марказии ноҳия ва дигар мавзеъҳо бо шукӯҳу шаҳомати хоса, дар сатҳи баланди ташкилию маънавӣ бо иштироки васеи аҳолӣ баргузор гардидаанд.

Баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон

Дар ин давра ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 1968 шаҳрванд, аз ин 1837 нафар тариқи хаттӣ ва 131 нафар тариқи шифоҳӣ муроҷиат намудаанд.

Аз шумораи умумии муроҷиатҳои воридшуда 10 муроҷиат ба воситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва 16 муроҷиати дигар ба воситаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст.

Иҷрои барзиёди бунёди иншооти ҷашнӣ

Бо мақсади ба иҷро расонидани қарори раиси вилояти Хатлон аз 11-уми феврали соли 2022, №50 “Дар бораи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 7-уми январи соли 2022, №311 “Оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” чораҳои зарурӣ андешида, қарори раиси ноҳия аз 4-уми марти соли 2022, №212 ба тасвиб расидааст. Дар асоси қарори мазкур гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд.

Тибқи нақша дар ноҳия 340 бинову иншооти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла фарҳанг, тандурустӣ, варзишӣ, саноат ва дигар соҳаҳо пешбинӣ карда шудаанд.

Тибқи Нақша-чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори раиси ноҳия “Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ” ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардидааст.

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида дар ноҳия то соли 2026 сохтмон, таъмир ва азнавсозии 340 адад биною иншооти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла фарҳанг, тандурустӣ, варзишӣ, саноат ва дигар соҳаҳо пешбинӣ карда шуда, то инҷониб 394 адад биною иншооти гуногуни соҳаи хоҷагии халқ соҳта ба истифода дода шудааст, ки 116 фоизи нақшаро дар бар мегирад.

Соҳаи маориф – 112 адад, аз он ҷумла муассисаи томактабӣ ду адад сохта ба истифода дода шуда, 16 адад бино таъмир карда шудааст.

Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ – 22 адад сохта ба истифода дода шудааст ва 146 адад синфхонаҳои иловагӣ барои 7292 хонанда дар 2 (ду) баст сохта шудааст.

Соҳаи тандурустӣ – 23 адад, аз ҷумла беморхона 3 адад, маркази саломатӣ 5 адад, бунгоҳи тиббӣ 10 адад, таваллудхона 1 адад, дорухона 4 адад сохта ба истифода дода шудааст.

Соҳаи фарҳанг – 9 адад, аз ҷумла китобхона 2 адад, қасри фарҳангӣ 2 адад, хонамузеӣ 1 адад, гулгашт, таҷдиди майдон 2 адад сохта ба истифода дода шудааст.

Соҳаи варзиш – 6 адад биною иншоот сохта ба истифода дода шудааст.

Соҳаи кишоварзӣ – 1 адад иншоот сохта ба истифода дода шудааст.

Корхона ва коргоҳҳои саноатӣ – 8 адад, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли орд 1 адад, корхонаи истеҳсоли макаронбарорӣ 1 адад, сехи истеҳсоли нону қаннодӣ 3 адад, сехи дӯзандагӣ 1 адад, коргоҳи маҳсулоти бетонӣ 2 адад сохта ба истифода дода шудааст.

Дар самти мумфаршкунии роҳҳо – 29 адад дар масофаи 43,6 км мумфарш карда шудаанд.

Дар самти сангфаршкунии роҳҳо – 56 адад дар масофаи 110,2 км сангфаршкунӣ ба анҷом расонида шудааст.

Дар самти чароғонкунии роҳҳо – 37 адад дар масофаи 78,1 км ба анҷом расонида шудааст.

Кашидани хати оби нӯшокӣ – 5 адад дар масофаи 10,8 км амалӣ карда шудааст.

Сохтмон ва таъмири пулҳо – 15 адад сохта ба истифода дода шудааст.

Сохтмон ва таъмири роҳҳои пиёдагард – 9 адад дар масофаи 5,1 км бо масоҳати 11363 м2 амалӣ карда шудааст.

Маркази савдо ва хизматрасонӣ – 26 адад сохта ба истифода дода шудааст.

Биноҳои маъмурӣ – 11 адад, аз ҷумла 8 адад таъмир карда шуда, 3 адад сохта ба истифода дода шудааст.

Биноҳои истиқоматии бисёрошёна – 9 адад сохта шуда, дигар биною иншооти  хоҷагии  халқ – 30 адад сохта ба истифода дода шудааст, ки 116 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон дар нӯҳ моҳи соли 2026-ум 70 адад биною иншоот бунёд шудааст.

Нақшаи генаралӣ

Дар ноҳия 2 ҷамоати шаҳрак ва 6 ҷамоатҳои деҳот мавҷуд мебошанд, ки тараққиёти онҳо дар асоси нақшаҳои генералӣ, ки дар солҳои 1971-1991 таҳия гардидааст, амалӣ гардида истодааст.

Нақшаи генералии маркази ноҳия – ҷамоати шаҳраки Балх аз тарафи Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Шаҳрофар»-и шаҳри Душанбе тасҳеҳ гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми августи соли 2017, №414 «Дар бораи нақшаи генералии шаҳраки Балх, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, вилояти Хатлон» тасдиқ гардидааст. Дар ҷамоати шаҳраки Балх тибқи нақша сохтмони 18 адад биноҳои бисёрошёна, манзили истиқоматӣ дар асоси нақшаи генералӣ ва лоиҳаҳои тасдиқгардида бо тарҳи муосири миллӣ сохта шуда истодааст.

Дар даромадгоҳи шаҳраки Балх дар асоси лоиҳаи банақшагирии муфассал аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ширкати холдингии Исмоили Сомонӣ” дар майдони умумии 25,97 гектар бо тарзи комплексӣ сохтмони биною иншооти иҷтимоию фарҳангӣ ба анҷом расонида шуда, айни замон дар ин мавзеъ сохтмони 12 адад биноҳо, инчунин тибқи нақшаи тасдиқгардида дар ин мавзеъ сохтмони меҳмонхона барои 150 ҷой, маркази савдо ва хизматрасонӣ ва таваққуфгоҳҳо ба нақша гирифта шудааст.

Дар асоси нақшаҳои тасдиқгардида сохтмони бинои чорошёна, дар ошёнаи якум ҳаммом, 2, 3, 4-ум ошёнаҳо манзили истиқоматӣ аз ҷониби шаҳрванд Гулов Ҷамол, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Балх, сохтмони бинои 5-ошёнаи манзили истиқоматӣ бо ҷойгиронии маркази савдо ва хизматрасонӣ дар ошёнаҳои 1-ум ва дигар ошёнаҳо манзили истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи Румӣ, аз тарафи Ҳабибов Рустам идома дорад.

Аз ҷониби бахш ҷиҳати иҷрои талаботҳои Кодекси  шаҳрсозии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти мамалакат, қарорҳои Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармонҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои раиси вилояти Хатлон ва раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чораандешӣ гардида, риояи қонуну меъёрҳои соҳаи сохтмон ва меъморӣ дар қаламрави ноҳия назорат карда мешавад.

Аз ҷониби бахш сохтмони ҳамаи биною иншоот дар асоси талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат бурда мешавад.

Дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои ободонию созандагӣ идома ёфта, сохтмони биною иншоот дар асоси талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Дар нӯҳ моҳи соли 2026-ум 70 адад биною иншоот ба истифода дода шудааст.

Қадамҳои устувор ба сӯйи пешрафт

– Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз дастуру супоришҳо ва роҳандозии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нерӯи тоза гирифта, минбаъд низ тамоми имкониятҳои мавҷударо барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷет, дар ин замина саривақт иҷро намудани уҳдадориҳои иҷтимоӣ ва вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ равона менамояд,- изҳор дошт Холиқзода Рустам дар анҷоми суҳбат.

Ҳамзамон, дар ноҳия барои ободонӣ, рушди саноат корҳои зиёде анҷом дода истодаанд. Роҳбарияти ноҳия изҳор доштанд, ки “баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мекӯшем пешрафту шукуфоии ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро, ки ҳамарӯза меҳмонҳои зиёди дохиливу хориҷӣ ташриф меоранд, таъмин намуда, аз ҳама гуна имкониятҳо истифода мебарем, то ноҳияро боз ҳам ободу зеботар гардонем”.

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь