Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии осоишта бо иштироки 50 ҳазор кас баргузор гардид.
Дар роҳпаймоии идона раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид, роҳбарони мақомоти давлатӣ, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, аҳли маорифу фарҳанг, ҷавонон, варзишгарон ва сокинони касбу кори гуногун иштирок намуданд.
Тибқи иттилоъ, дар ин чорабинии бошукӯҳи идона тақрибан 50 ҳазор нафар ширкат варзиданд.
Иштирокчиёни роҳпаймоӣ бо парчамҳои давлатӣ, шиору овезаҳои идона ва либосҳои миллӣ дар фазои тантанавӣ аз маркази шаҳри Бохтар гузашта, ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллии худро баён намуданд.
Роҳпаймоии осоишта ба намоиши ваҳдату ҳамдилӣ, суботу оромӣ ва муҳаббати сокинони вилояти Хатлон ба Ватани соҳибистиқлол табдил ёфт.
Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Бохтар бо баргузории як қатор чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ ва созандагӣ таҷлил гардида, ба он ҳузури оммавии сокинон шукӯҳи хоса бахшид.



