Дар маркази ноҳияи Ҷайҳун ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон паради ҳарбӣ баргузор гардид.
Дар он раиси ноҳияи Ҷайҳун Азизулло Ализода, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва беш аз 2000 нафар афсарону сарбозон, аз ҷумла низомиёни дар эҳтиёт қарордошта, иштирок намуданд.
Раиси ноҳия иштирокдорони парадро ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ табрик гуфта, нақши Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар таъмини сулҳу субот ва ҳифзи амнияти кишвар муҳим арзёбӣ кард.
Паради ҳарбӣ бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан баргузор гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь