Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои мушовараҳои ВМ ва И ҶТ ва ВТ ва ҲИА ҶТ, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи ҳифзи сиҳатии аҳолӣ, Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии ҶТ, Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ, “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Консепсияи миллии тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру нишондодҳои Паёми Президенти ҶТ ба МО ҶТ, Қонуни ҶТ “Дар бораи забони давлатии ҶТ”, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи миллии рушди маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои солҳои 2023 -2027, Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025, Нақшаи чорабиниҳо барои соли 2020-2025 оид ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027, Консепсияи таҳсилоти муттасил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2023, Консепсияи раҳнамоии касбии хонандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон барои солҳои 2020-2024, Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027, Оинномаи Коллеҷ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро танзим менамоянд фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти МДТ “Колеҷи тиббии шаҳри Бохтар” хабарнигори сомонаи “Фараҳ бо директори коллеҷи мазкур Одилзода Исмоил суҳбат анҷом дод, ки фишурдаи он пешкаш мегардад.

Пояи моддӣтехникӣ ва таълимӣлабораторӣ

Дар суҳбат бо мо директори коллеҷ нахуст изҳор дошт, ки айни замон МДТ “Колеҷи тиббии шаҳри Бохтар” дорои чунин заминаи моддӣ-техникӣ мебошад: 2 – бинои таълимӣ, 1 – хобгоҳ, 1- Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ, 1 – Маркази таълимӣ оид ба ғизо, 1- Маркази таълимӣ-табобатӣ ва ташхисии тибби мардумӣ, 1 китобхона, Зиёда аз 116 кабинетҳои таълимӣ, 21 толори лексионӣ, 4 – синфхонаи компютерӣ, 1 – синфхонаи лингофонӣ, 1 – майдончаи варзишӣ, 1 – толори варзишӣ, 1 толори маҷлисӣ барои 40 нафар, 1 – толори маҷлисӣ барои 200 нафар, 1 – ошхона барои 50 нафар.

Бунёдкорӣ

Дар идомаи суҳбат номбурда қайд кард, ки сохтмони бинои таълимӣ, табобатӣ ва озмоишӣ дар ҳудуди қитъаи замини муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар”, бо қарори раиси шаҳри Бохтари Вилояти Хатлон аз 4 марти соли 2021, №153 тасдиқ шудааст, оғоз карда шуда, таҳхона ва ошёнаи 5-уми бино ба пуррагӣ ба анҷом расида, корҳои болопӯш ва асосҳои муҳандисии бино пурра ба анҷом расонида шудаанд.

Айни замон сохтмончиён ба марҳилаи нави масъулиятнок- васли тирезаҳо ва корҳои дохилии таъмирӣ ворид гардидаанд.

Бино ҳамчун заминаи таҷрибаомӯзии донишҷӯёни ҳамаи ихтисосҳои коллеҷ пешбинӣ карда шудааст.

Ташрифи раиси вилояти Хатлон ба коллеҷ

Мавсуф афзуд, ки санаи 1 феврали соли 2025 ба Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” бо сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ташриф овард.

Раиси вилояти Хатлон аз фаъолияти муассиса, дастовардҳо ва нақшаҳои ояндаи коллеҷ шинос гардид.

Сафари корӣ бо шиносоии раиси вилоят бо сохтмони бинои нави

таълимӣ-табобатӣ ва таҷрибавӣ оғоз ёфт, ки тибқи нақша то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба

истифода дода хоҳад шуд. Лоиҳаи ин иншоот, ки барои баланд бардоштани сатҳи таълиму омодасозии мутахассисони соҳаи тиб нақши муҳим мебозад, ба раиси вилоят муаррифӣ гардид.

Баъд аз шиносоӣ бо раванди сохтмон, меҳмонон аз дигар биноҳои таълимии коллеҷ боздид намуда, бо шароити таълим, таҷҳизоти синфхонаҳо ва утоқҳои озмоишӣ шинос шуданд.

Маркази таълимӣ оид ба ғизо, ки бо дастгирии ЮСАИД таъсис дода

шудааст, мавриди таваҷҷуҳи раиси вилоят ва ҳайати ҳамроҳ қарор гирифт.

Ин марказ барои модарон ва кӯдакон шароити беҳтаринро фароҳам оварда, ба тарғиби ғизои солим ва усулҳои дурусти ғизодиҳии кӯдакон мусоидат мекунад.

Боз як нуқтаи муҳим, ки меҳмонон ба он таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд, Маркази таълимӣ-табобатии тибби халқӣ буд, ки бо ҳамкории шарикони чинӣ аз ташкилоти NALIKE таъсис ёфтааст. Дар ин марказ усулҳои анъанавии табобати мардумӣ омӯзонда шуда, таҷриба ва усулҳои муосири тибби алтернативӣ бо методҳои илмӣ пайваст карда мешаванд.

Раиси вилоят аз кори ин марказ қаноатманд шуда, таъкид намуд, ки омезиши усулҳои тибби мардумӣ бо тибби муосир метавонад барои беҳтар кардани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва таълими донишҷӯён мусоидат намояд.

Дар идомаи боздид, меҳмонон аз Маркази тестии нави коллеҷ, ки ба

наздикӣ бо 74 моноблоки муосир муҷаҳҳаз гардидааст, дидан карданд.

Ин марказ имконият медиҳад, ки имтиҳонҳо ва санҷишҳои донишҷӯён

дар шароити шаффоф ва бо истифода аз технологияи рақамӣ баргузор гарданд. Раиси вилоят фаъолияти марказро муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки истифодаи технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим ва баҳодиҳии дониш яке аз самтҳои асосии рушди маорифи кишвар ба ҳисоб меравад.

Заминаи кадрӣ

Дар хусуси базаи кадрӣ мавсуф сухан карда, аз ҷумла қайд кард, ки дар муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” айни ҳол

298 – нафар кормандон фаъолият доранд.

Аз он ҷумла: 127 – нафар омӯзгорони асосӣ (98 нафар зан); 57 – нафар омӯзгорони соатбайъ (40 нафар зан).

75- нафарро аъзоёни роҳбарияти коллеҷ, кормандони хоҷагӣ, кормандони марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ ва лаборантон ташкил медиҳанд:

Дар коллеҷ 3 – нафар номзади илми тиб фаъолият дорад.

Аълочиёни соҳаи тандурустӣ- 6 нафар, аълочиёни соҳаи маориф- 6 нафар, аълочии соҳаи ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ- 2 нафар.

Дорандаи Ифтихорномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон -5 нафар, дорандаи Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон- 2 нафар, дорандаи Ифтихорномаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи

касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 3 нафар, дорандаи Медали шафқат- 1 нафар мебошанд.

Кормандони бо маълумоти олии тиббӣ – 46 нафар, кормандони бо маълумоти олии педагогӣ 82– нафар, бо маълумоти миёнаи тиббӣ – 23 нафар, бо маълумоти олии нопурра – 8 нафар мебошанд.

Теъдоди кормандон ва омӯзгорони ба кор қабулшуда аз моҳи январ то моҳи марти соли равон 27 – нафарро ташкил медиҳад.

Дар моҳи январи соли 2025 аз курсҳои такмили ихтисос 27 – нафар

омӯзгорон дар заминаи филиали муассисаи давлатии “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф” дар вилояти Хатлон гузаштанд.

Дастовардҳои коллеҷ

Ҳамзамон, бо хушнудӣ аз дастовардҳои коллеҷ директор сухан карда, тазаккур дод, ки бо ифтихор ва шукӯҳу шараф иттилоъ медиҳем, ки санаи апрели соли 2025 омӯзгори кафедраи фанҳои тиббӣ-биологии коллеҷ Тохтарова Юлдузхон дар Озмуни ҷумҳуриявии “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” байни донишҷӯён ва магистрантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори Ҷойи аввал гардид.

Ин дастоварди назаррас дар бахши фанҳои тиббӣ ва фармасевтӣ, бахусус дар самти фармасевтӣ, нишонгари сатҳи баланди дониш, малака ва ҷидду ҷаҳди омӯзгори соҳибистеъдоди мо мебошад. Маҳз заҳмату садоқат ва тайёрии ҳамаҷонибаи Тоҳтарова Юлдузхон буд, ки ин комёбӣ ба хазинаи дастовардҳои намоёни Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар илова гардид.

Маъмурият ва ҷомеаи омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар бо ин дастовард ифтихор намуда, ба омӯзгори ғолиб дар роҳи минбаъдаи таҳқиқотӣ ва фаъолияти илмӣ барору комёбиҳои нав ба нав орзу доранд.

Ин ғалаба бори дигар собит сохт, ки муассисаи мо дар тарбияи

мутахассисони соҳибмаърифат ва дар рушди илми тиббӣ ва фармасевтӣ саҳми назаррас гузошта истодааст.

Санаи 21 майи соли 2025 дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷаласаи васеи Шӯрои кор бо ҷавонон баргузор гардид. Дар он зиёда аз 130 нафар ҷавонони фаъоли шаҳр, аз ҷумла 61 нафар гирандагони стипендияи Президентӣ ва 70 нафар гирандагони стипендияи раиси шаҳри Бохтар, иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими марбут ба рушди насли ҷавон, нақши

ҷавонон дар таҳкими давлатдории миллӣ ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар доираи барномаи ҷаласа, як қатор ҷавонони фаъол, намояндагони соҳаҳои гуногун ва шахсони саҳмгузор дар корҳои ҷамъиятӣ бо сипосномаву тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Аз ҷумла, омӯзгори фаъол ва мушаррифи кафедраи “Ҷарроҳӣ ва кори

ҳамширагӣ” дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” Азамҷонова Олия Хуршедовна барои саҳми арзандааш дар рушди корҳои ҷамъиятӣ ва тарбияи маънавии ҷавонон бо Ифтихорномаи раиси шаҳри Бохтар сарфароз гардонида шуд.

Дар доираи татбиқи сиёсати илмпарваронаи давлат ва тарғиби фарҳанги маърифатпарварӣ миёни насли ҷавон, донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар» дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» фаъолона иштирок намуданд ва бо нишон додани дониш ва маҳорат сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Аз ҷумла, Дӯстова Азиза, донишҷӯи бахши якуми ихтисоси «кори

табобатӣ», дар номинатсияи «Биология» мақоми дуюмро ба даст оварда, маҳорати баланди хешро исбот намуд. Инчунин, Хайруллозода Меҳроб ва Умарова Саида – ҳарду донишҷӯёни бахши якуми ихтисоси «кори табобатӣ» дар ҳамин номинатсия сазовори ҷойҳои сеюм гардиданд.

Дар баробари ин, Муродализода Амирҳамза, донишҷӯи бахши якуми

ихтисоси «кори фарматсевтӣ», дар номинатсияи «Технологияи иттилоотӣ» бо дарёфти ҷойи сеюм донишу малакаи хуби худро муаррифӣ кард.

Ин дастовард шаҳодати муносибати ҷиддӣ ва омодагии илмии донишҷӯён мебошад.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии фанҳои гуманитарӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки рӯзҳои 17 -18 апрели соли 2025 дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара баргузор гардид, Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар” на танҳо бо иштироки фаъолонаи донишҷӯён ва ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ дар баромадҳои инфиродӣ муваффақ гардид, балки дар ҷамъбасти умумӣ миёни беш аз 80 коллеҷи кишвар сазовори мақоми баланд – ҶОЙИ ДУЮМ гашт.

Қадами нав дар ҳамкориҳои байналмилалӣ

Инчунин, номбурда афзуд, ки санаи 16 майи соли 2025, вохӯрии

муҳими маҷозӣ (онлайн) миёни Муассисаи давлатии таълимии

“Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар”, Коллеҷи касбии ҳамширагии Таишан (Taishan Vocational College of Nursing), ширкати NALIKE International Education Technology (Beijing) ва Шӯрои директорони ширкати Guangzhou Sande Medical Technology баргузор гардид, ки зимни он маросими расмии имзои меморандуми ҳамкорӣ ва ифтитоҳи виртуалии Академияи “Бан Мо” сурат гирифт.

Академияи “Бан Мо” ҳамчун платформаи муштарак барои ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши тибби амалӣ таъсис ёфта, мақсад дорад заминаи муассире барои омӯзиши шунавандагони ихтисосҳои миёнаи тиббӣ эҷод намояд.

Мавқеи ин Академия ҳамчун маркази татбиқи лоиҳаҳои таълимии Коллеҷи Таишан дар Тоҷикистон арзёбӣ мегардад, ки дар оянда барои сафарбарсозии омӯзгорон ва роҳандозии барномаҳои омодасозии кадрҳои соҳаи тандурустӣ мусоидат хоҳад кард.

Вохӯрии маҷозӣ (онлайнӣ) бо мубодилаи афкор оғоз ёфт. Роҳбарони ду коллеҷ ва дигар ширкаткунандагон дар бораи аҳамияти таҳкими робитаҳои стратегии соҳаи таҳсилоти миёнаи тиббӣ мубодилаи назар карданд. Дар идома, маросими имзои расмии меморандум баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ инчунин роҳбарияти ҳарду ҷониб якдигарро ба боздиди мутақобила даъват намуданд ва омодагии худро барои тавсеаи ҳамкориҳо иброз доштанд.

Ин ташаббуси нав оғози марҳилаи тозаи ҳамкории судманд дар соҳаи

маориф ва омодасозии кадрҳои тиббии сатҳи миёна буда, умед меравад, ки дар оянда ба густариши дониш, таҷриба ва технологияҳои муосир дар соҳаи тандурустӣ такон мебахшад.

Нигора Саидбекова Фараҳ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь