Президенти Укроин Влодимир Зеленский аз президенти Амрико Доналд Трамп бастаи фаврии 300 системаи мушакии Patriot-ро дархост кардааст.
Бино ба иттилои Axios, бидуни онҳо Укроин наметавонад иншооти энергетикии худро аз ҳамлаҳои Русия муҳофизат кунад ва захираҳои он қариб тамом шудаанд.
Трамп изҳор доштааст, кӯшиш мекунад, ки кӯмак кунад, аммо ин душвор хоҳад буд, зеро худи ИМА барои ҷанг бо Эрон ба системаи Patriot ниёз дорад.
Дар ҳамин ҳол, ИА барои Укроин 3,47 млрд евро ҷудо кардааст. Маблағҳо барои ҳавопаймоҳои бесарнишин, мушакҳо ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ истифода мешавад. Раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен гуфтааст, ки ин транш барои ҳифзи фазои ҳавоии Укроин пешбинӣ шудааст.
Блоки рекламавӣ



