Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Маркази зеҳни сунъӣ ба истифода дода шуд. Марказ бо таҷҳизоти муосир таъмин буда, ба донишҷӯён ва омӯзгорон имконият медиҳад, ки донишҳои назариявии худро бо амалия пайваста, дар татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ фаъолона иштирок намоянд.

Маркази зеҳни сунъӣ дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ (16 декабри соли 2025) иброз намуданд, ки «пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд».

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь