Дар Ӯзбекистон лоиҳаи қонун дар бораи маҳдуд кардани дастрасии кӯдакони то 16-сола ба шабакаҳои иҷтимоӣ баррасӣ мешавад. Мақомот эътироф мекунанд, ки манъи шабакаҳои иҷтимоӣ дар мактабҳо натиҷа намедиҳад, аммо манъи оддӣ ҳам мушкилро ҳал намекунад.
Тибқи назарсанҷии 245 ҳазор мактаббача, 94% аз интернет истифода мебурдаанд, 16% қоидаҳои бехатариро намедонистаанд, 9% чӣ будани таҳқири онлайнро намефаҳмидаанд.
Дар саросари ҷаҳон бархӯрдҳои мухталиф ба ин мушкилот вуҷуд доранд: Австралия – мамнуъияти комил то синни 16-солагӣ, Фаронса – ризоияти волидайн то синни 15-солагӣ, АМА – мамнуъ кардани ҳисоби корбарии то 15-солаҳо. Аврупо ба масъулияти платформа эътимод кардааст.
Ӯзбекистон кадом роҳро пеш мегирад, баъди баррасиву маслаҳат маълум мешавад.



