Ба иттилои манбаъ дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, занони зиндонии тоҷикистониро то моҳи сентябри имсол аз Русия ба Тоҷикистон меоранд.
Ҳоло сохтмони биноҳои иловагӣ дар маҳбаси занонаи шаҳри Норак идома дорад.
Хабари ба Тоҷикистон интиқол ёфтани беш аз 200 зани зиндониро нахуст шуда, моҳи апрели имсол Татяна Москалкова, Ваколатдори вақти ҳуқуқи инсон дар Русия, расонаӣ карда буд.
Москалкова гуфта буд, барои интиқоли 200 зани маҳбус аз Русия ба Тоҷикистон ба Президент Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат кардааст ва посухи мусбат гирифта будааст.
Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия гуфта буд, занони маҳбуси хориҷӣ дар зиндонҳои Русия ба мушкилоти зиёд рӯбарӯ ҳастанд ва аз ҷумла, наметавонанд саривақт хешовандони худро бинанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь