Дар ноҳияи Зафаробод агрегати нави пойгоҳи обкашии «Мирзочӯл-1» мавриди истифода қарор гирифта, корҳо дар агрегати «Мирзочӯл-2» идома доранд.
Агрегат дорои иқтидори 7 ҳазор киловатт буда, дар як сония то 6 метри мукааб обро интиқол медиҳад. Ба истифода додани ин таҷҳизот имконият фароҳам мегардад, ки таъминоти оби полезии заминҳои кишоварзӣ боз ҳам беҳтар шуда, фаъолияти пойгоҳи обкашӣ самараноктар ба роҳ монда шавад.
Таъкид гардид, ки айни замон дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дошта, 19 агрегати пуриқтидор ва 10 агрегати иқтидорашон хурд насб шудааст. Бо истифода аз ин пойгоҳҳо беш аз 32 ҳазор гектар замини кишоварзии ноҳия бо оби полезӣ таъмин мегардад. Ҳамчунин дар ноҳия 800 адад чоҳи амудӣ мавҷуд буда, дар таъмини оби полезӣ саҳми муҳим доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь