Вазорати корҳои дохилӣ аз садамаи вазнин дар роҳи мошингарди Хуҷанд-Душанбе-Чаноқ, ғайриқонунӣ ронда бурдани мошин дар Ашт ва қаллобии як нафар бо гирифтани 6 автомашина дар Душанбе хабар дод.
30-юми июни соли 2026 тахминан соати 05:45-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Электромобил-Велместер» рақами қайди давлатиаш 99-00 UL 02 Раҳимов Шуҳрат Ҳасанович соли таваллудаш 2000 истиқоматкунандаи шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Хуҷанд-Душанбе-Чаноқ, дар километри 112 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Мерсадес-Бенс-Спринтер», ки таҳти идораи Эшманов Ҷамол Манонович соли таваллудаш 1994 истиқоматкунандаи ноҳияи Б.Ғафуров қарор дошт, бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофирони автомашинаи тамғаи «Электромобил-Велместер» Ҳусейнова Аниса Аъзамҷоновна соли таваллудаш 1999 ва Ғуломнабиев Аслиддин Маҳмадович соли таваллудаш 2007 сокинони шаҳри Хуҷанд ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ронандаи автомашаинаи тамғаи «Электромобил-Велместер» ва як мусофири дигари дар дохили автомашинабуда ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯйи ҳодисаи мазкур таҳқиқ идома дорад.
Ҳакимов И.Б., соли таваллудаш 2006 сокини ноҳияи Ашт ба ШВКД дар ноҳияи мазкур бо ариза муроҷиат кард, ки 30-юми июни соли 2026, соати 14:30-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ автомашинаи шахсиаш тамғаи «ВАЗ-2107» рақами қайди давлатиаш 74 47 NN 02-ро, ки дар шаҳраки Шайдон беназорат меистод, ғайриқонунӣ бурдаанд. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯи муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро Ашуров Ҷ.С., соли таваллудаш 1999 истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт содир намудааст.
Вобаста ба холати мазкур тафтишот ба роҳ монда шудааст.
Шаҳрванд Самиев Ю.Х., соли таваллудаш 1993 истиқоматкунандаи ноҳияи Сино бо гумони содир намудани ҷинояти қаллобӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино боздошт гардид. Номбурда бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Қодиров И.С., соли таваллудаш 1984 истиқоматкунандаи ноҳияи мазкур даромада, аз ӯ 6-адад автомашинаи тамғаи “ДОНГФЕН”-ро ба маблағи 783 ҳазор сомонӣ наргузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағашро медиҳад, аммо то ҳол маблағҳои автомашинаҳоро надодааст.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь