Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз садама, дуздӣ, одамкушӣ ва боздошти гунаҳкорон дар рӯзҳои охир хабар дод.

14-уми июни соли 2026 тахминан соатҳои 08:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “ЗИЛ” ММ3 4502 рақами қайди давлатиаш 891 ХВ 01 Исмоилов Аминҷон Асрорович соли таваллудаш 1995 истиқоматкунандаи ноҳияи Сино, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Н.Қарабоев ба самти кучаи Борбад дар рӯ ба рӯи нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Ориё” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Шафозода Назирмад Хоркаш соли таваллудаш 1984 сокини  кӯчаи 50-солагии Тоҷикистони ноҳияи Фирдавсиро пахш намудааст. Дар натиҷа Шафозода Н.Х.,  ба саломатиаш ҷароҳати ванини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Вобаста ба ҳолати мазкур таҳқиқ идома дорад.

Дар натиҷаи доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Мусоев Ҳ., соли таваллудаш 1993 истиқоматкунандаи ноҳияи К.Мастчоҳ, ки  қаблан соли 2023 барои содир намудани ҷинояти дуздӣ суд шудааст, боз бо ҳамин ҷурм дастгир карда шуд. Номбурда бо роҳи пинҳонӣ дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров  як сар говро, ки ба Тоҷибоева Ш.Ю,, соли таваллудаш 1966 тааллуқ дорад ва арзишаш 12 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздидааст. Нисбати Мусоев Ҳ., парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии  Тоҷикистон оғоз карда шудааст.

Шаҳрванд М.И., соли таваллудаш 2001 истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир гардид. Номбурда бо як нафар омӯзгор муносибатҳои маҳрамона пайдо карда, раванди ин муносибатҳоро тариқи телефони мобилӣ сабт намудааст. Сипас, барои паҳн накардани наворҳои бадномкунанда бо роҳи таъмаҷӯӣ аз ҷабрдида 15 000-сомонӣ талаб карда гирифтааст.

Инчунин, кормандони ШВКД дар ноҳияи А. Ҷомӣ шаҳрванд Қурбонова Х.Ш., соли таваллудаш 1974 сокини ноҳияи Синоро бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир намуданд.  Номбурда соли 2023 баъди фаҳмидани муносибати маҳрамонаи духтараш Х.Ё.,  соли таваллудаш 2001 бо шаҳрванд С.Ҷ., соли таваллудаш 1987 истиқоматкунандаи ноҳияи А.Ҷомӣ ва фарзанддор шудани духтараш, бо роҳи тамаъҷӯӣ аз С.Ҷ., маблағи 143.000-сомонӣ бо таҳдиди ифшои маълумотҳои беобрӯкунанда талаб карда гирифтааст. Боз Қурбонова Х.Ш., бо тариқи телефон занг зада, аз шаҳрванд С.Ҷ., 77.000-сомонии дигар талаб карда таҳдид кардааст, ки агар маблағи талабкардаашро надиҳад обру ва шаъну шарафашро дар назди аъзоёни оилааш паст мезанад. 11-уми июни соли 2026 зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Қурбонова Х.Ш., баъди гирифтани 77 ҳазор сомонӣ дастгир карда шуд ва маблағи болозикр ҳамчун далели шайъи ҳуҷҷатгузори карда гирифта шуд. Оид ба ҳолатҳои ҷойдошта парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар пешбурди тафтишот қарор дорад.

Истеъмоли аз меъёр зиёди нӯшокиҳои спиртӣ ва муносибатҳои носолим дар бисёр маврид боиси сар задани муноқишаҳо гардида, оқибат ба ҳодисаҳои ҷуброннопазир ва содиршавии ҷиноятҳои вазнин меанҷоманд.

Аз ҷониби кормандони оперативии ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ дар гармогармӣ ҷинояти одамкушӣ ошкор карда шуда, ҳамчун гумонбар шаҳрванд Шарофати Ҷамолиддин, соли таваллудаш 1992 дастгир карда шуд.

Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки номбурда бо марҳум Иноятов А., сокини 61-солаи шаҳри Душанбе, муносибатҳои маҳрамона дошта, шаби 13 июни соли ҷорӣ дар манзили иҷоравии худ, воқеъ дар кӯчаи Назрибеков, ба истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ машғул шудаанд.

Дар натиҷа, байни номбурдагон дар ҳолати сархушӣ муноқиша ба амал омада, гумонбаршаванда Шарофати Ҷ. бо истифода аз корди ошхонагӣ ба узвҳои гуногуни бадани марҳум зарба зада, бо як бераҳмии махсус ӯро ба ҳалокат расонидааст.

Айни замон гумонбаршаванда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Фирдавсӣ тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь