Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, ки дар кишвар гирифторӣ ба ҳантавирус сабт нашудааст, вале сокинон бояд эҳтиёткор бошанд. ВТТ рӯзи 13-уми май дар иттилоияе эълон кард, ки ҳантавирусҳо асосан дар ҷойи зисти хояндаҳо, яъне мушҳо паҳн мегардад ва ин намуд вирус ҳам асосан ҳангоми даст расонидан ба пешоб, наҷосат ё оби даҳони мушҳо метавонад сироят кунад.
Барои ҳамин Вазорати тандурустӣ ба сокинон ҳушдор дод, ки хона, таҳхона ва ҷойҳои нигаҳдории маҳсулотро тоза нигоҳ дошта, аз воридшавии мушҳо ба хонаҳояшон пешгирӣ намоянд. Агар баъди даст расонидан ба мушҳо аз табларза, дарди мушакҳо, сустӣ, мушкилоти нафаскашӣ ё дарди шадиди сар шикоят дошта бошанд, ба пизишкон муроҷиат кунанд.
Ҳантавирус бори аввал рӯзи 2 май ва 21 рӯз пас аз марги нахустин мусофир ошкор шуд.

Вазорат: Аз мушҳо эҳтиёт кунед!
Блоки рекламавӣ


