Дар ҷамоати шаҳраки Вахш, кӯчаи Ҳ. Давлатов, сохтмонии коргоҳи истеҳсоли шифери азбестӣ рафта истодааст, ки аз рафти сохтмони он раиси вилояти Хатлон дидан кард.
Тавре иттилоъ дода шуд, коргоҳи мазкур бо мақсади рушди соҳаҳои саноат ва сохтмон, инчунин таъмини бозори дохилӣ ва иншооти сохташавандаи ноҳия бо маҳсулоти сохтмонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Саидов Абдухолиқ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бунёд гардида истодааст. Арзиши умумии лоиҳа 9 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Қайд гардид, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як шабонарӯз то 1000 дона шифери азбестиро дар бар гирифта, пас аз мавриди истифода қарор гирифтан 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Айни ҳол дар иншоот корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизоти зарурӣ идома дошта, масъулон талош доранд, ки онро дар муҳлатҳои муайяншуда ба истифода диҳанд.
Ҳамзамон, дар назди коргоҳ сардхона низ фаъолият дошта, барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ гардидааст. Раиси вилоят зимни боздид аз фаъолияти сардхона ба масъулон ҷиҳати истифодаи самараноки иқтидор, нигоҳдории босифати маҳсулот ва таъмини бозор бо маводи тару тоза маслиҳатҳои муфид дод.

Вахш: Коргоҳи истеҳсолии шифер бунёд мегардад
Блоки рекламавӣ


